Моҳи март расонаҳои Осиёи Марказӣ тибқи анъана даст ба масъалаҳои марбут ба занон зада, маводҳои мухталиф нашр мекунанд. Мунаққидони расонаии мо он маводҳоро таҳлил карда, ин нуктаро мушоҳида карданд, ки дар онҳо нишонаҳои (ва ин ҳам тибқи анъана) сексизм, стереотипҳо ва тавсифи таҳқиромези занон вуҷуд доранд. Маводе дар бораи феминизм чунон шӯру ғавғо ба вуҷуд меоранд, ки ҳатто кор то таҳдид ба гӯяндагон мерасад. Чаро чунин иттифоқ меафтад? Барои тағйир додани чеҳраи занон дар расонаҳои мо ва зери по накардани ахлоқ чӣ бояд кард? Чӣ тавр метавон аз онҳое, ки ҷуръати ибрози ақида дар бораи мавзӯъоти ҳассоси ҷинсиро доранд муҳофизат кард? Чаро ин ҳама муҳим аст ва чаро ин моро ба ташвиш меорад? – перомуни ҳамаи ин, мо дар шабнишинии занонаи расонаӣ дар якҷоягӣ бо коршиносону рӯзноманигорон сӯҳбат мекунем. Интернюс ҳамаи алоқамандонро ба ин гуфтугӯйи душвор, вале зарурӣ даъват мекунад.
Чӣ тавр дар вохӯрӣ ширкат кардан мумкин аст?
Лутфан, худро дар ин линк сабти ном кунед, то ки мо тавонем ба шумо даъватномаи Zoom – ро ирсол намоем.
Бо худ чӣ гирифта метавонед?
Чой / афшура / об, вақти хушу нигариши созанда.
Шабнишинии занонаи расонаӣ чист?
Тавсифи шабнишинии занонаи расонаии Интернюс чист ва чӣ гуна баргузор мешаванд, аз ин линк бихонед.
Вохӯрӣ кай баргузор мешавад?
Рӯзи чоршанбеи 31 уми марти соли 2021, соати 15:00 ба вақти Душанбе
Чӣ гуна ба вохӯрӣ пайваст шудан мумкин аст?
Худро дар ин ҷо сабти ном кунед, то ба шумо линки вохӯрӣ, ки дар платформаи ZOOM баргузор мегардад, равон кунем.
Ва ё метавонед вохӯриро аз саҳифаи Facebook — ии «Новый репортер» мустақиман пайгирӣ кунед.