ДомойНақди РасонаӣВазъи гармхонаҳо ва фарбеҳшавии аҳолӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон...

Вазъи гармхонаҳо ва фарбеҳшавии аҳолӣ. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 7 то 14 март

Агар ҳафтаи сипаришуда мавзӯъи гузоришҳои барномаҳои ҷамъбастии шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» ғолибан ба масъалаҳои иқтисодӣ бахшида шуда бошанд, «Сафина» ба ташкили гармхонаҳо ва «Ҷаҳоннамо» ба рӯзи матбуоти тоҷик аҳамияти бештаре доданд. Ғайричашмдошт, дар ҳар се шабака ахбори расмӣ тамоман пахш нашуд.

 «Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Барнома аз гузориш дар бораи фаъолияти нирӯгоҳи барқӣ-обии  (НБО) “Роғун” оғоз гардид. Ҳарчанд мавзӯъи сохтмони асосии кишвар барои тамошобин зарур аст ва аслан ба итмом расонии сохтмони НБО Роғун яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар ба ҳисоб меравад, сужети он хеле дароз (давоми 8 дақиқа) ва пур аз факту арқом буд, ки дар зеҳни тамошобин гумон аст нишинад. Беҳтар мебуд, ки  муаллифон ба воситаи инфографика додаҳоро ба бинанда пешниҳод мекарданд, аз қабили ҳаҷми майдони қабати чорӯми  сохтмон ё масоҳати дохили нақбҳо. Ин дарки маълумоти пеншниҳодшударо осону ҷолибтар мекард. Танҳо наворҳои зебо аз рафти сохтмон ва динамикаи он (намоиш додани кори сохтмончиён ҳангоми танзимкунии дохили нақб, ҳаракати мошинҳои боркаш ва ғайра аз плани наздик,  миёна ва дур ба воситаи коптер гирифта шудааст) гузоришро таъсирбахш намуданд. Агар гузориш бематн ҳам пахш мешуд, тамошобин мутаваҷҷеҳи муҳтавои он мешуд.

Акс аз бойгонӣ, http://rogunges.tj/

Гузориши дигар аз Саидаҳмади Амин ба ташаббуси чорӯми президенти кишвар дар масъалаи об марбут буда. Дар наворҳо порча аз симпозиумҳои байналмиллалӣ дар масъалаи об ва баромади президенти Тоҷикистон аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид нишон дода шуд. Сипас, ба сифати коршинос Тағоймурод Ғафурзода — сардори раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ  баромад намуда, дар бораи аҳамияти об барои иқтисоди кишвар сухан кард.  Бори дигар таъкид гардид, ки  Тоҷикистон дар ҷаҳон чун давлати  устувор ва ташаббускор шинохта шудааст.

Дар идома журналист Зафари  Қаюм бо сиёсатшинос Сайдулло Қувватзода  дар бораи конфронси “Қалби Осиё — раванди Истанбул” сӯҳбат карда, боз як бори дигар ташаббуси калони Тоҷикистон дар бобати обро, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфтааст, таъкид карданд. Баъд якбора мусоҳиб ба масъалаи мақоми Тоҷикистон дар мубориза бо экстремизм ва терроризм гузашта, таъкид намуд, ки дар сатҳи минтақа ва байналмиллалӣ кишвари мо чорабиниҳои муҳими сиёсиро гузаронида, нақши калидиро мебозад.  Ин таҳлили 7-дақиқагӣ бо ҷамъбасти Зафари Қаюм, ки гуфт, ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бояд рафтори намунавӣ дошта бошад, анҷом ёфт ва дар натиҷа маълум нашуд, ки рафтори намунавӣ чӣ рабте ба масъалаи захираҳои об дорад.

Мавзӯъи сард омадани обу ҳавои охири ҳафта ва тоза намудани кӯчаҳои пойтахт ва роҳи Душанбе-Чаноқ аз тарафи ширкати IRS аз нигоҳи интихоби мавзӯъ хуб бошад ҳам, проблемагузорӣ мушоҳида нашуд. Танҳо масъулин мисли маъмул фаъолияти худро таъриф карда, бори дигар таъкид карданд, ки ронандагони нақлиёт бе зарурат ба роҳ набароянд, чунки дар чанд минтақаи дарраи Варзоб хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад ва ин барои мусофиркашон хатарнок аст.

Гузориши навбатии Таваралии Соҳибназар аз вилояти Хатлон ба парвариши сабзавоти тару тоза дар гармхонаҳои вилоят бахшида шуда, гузориши Оишаи Саттор дар мавриди ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон буд.

Пас аз ин, таҳлили Нуридини Қурбон дар масъалаи амалӣ шудани  Барномаи давлатии рушди технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ барои солҳои 2018-2022  пахш шуд. Дар гузориш Киромуддин Назаров – директори муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ” иброз намуд, ки айни замон онҳо 72 ҳазор компютер харидорӣ намудаанд, ки ба ҳисоби миёна 1 дона компютер ба 15 хонандаи мактаб рост меояд ва ин теъдоди хеле кам аст. Дар умум, танҳо мактабҳои пойтахт сад фоиз бо компютерҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанду халос. Умуман, дар гузориш масъалаи дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо дастрасии кам доштани хонандагони мактабҳо ба технологияҳои муосир гузошта шуд. Дар панҷ соли иҷроиши барнома бояд беш аз 52 ҳазор адад компютер харидорӣ карда шавад, аммо масъулин, яъне мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо онро иҷро накарда истодаанд.

IRS, Facebook, 14 март

Дар гузориши Зулфия Раҳимзода аз вазъи китобхона ва клубҳои фарҳангии ҷумҳурӣ, муаллиф ду масъалаи мушкилро бо ҳам оварда, аз забони мутасадиёни вазорати фарҳанг проблемаи дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бархе аз онҳоро пеш гузоштааст. Муаллиф меафзояд, ки озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки сол аз сол ҳаводорони зиёдеро байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба миён овардааст, талаботро ба китобхонӣ ба маротиб зиёд кард. Аммо аксарияти биноҳои ин китобхонаву муассисаҳои фарҳангӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ нест.

Сипас муаллиф яку якбора ба масъалаи вазъи театрҳои кишвар ва сифати пасти намоишномаҳо гузашта, гузоришро дилбазан намуд. Мебоист ин мавзӯъ ҷудогона дар барномаи оянда пешниҳод мешуд.

Гузоришҳои дигар ба ҳолати пойгоҳҳои обкашӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳамияти истеъмоли растаниҳои шифобахш барои организми инсон дар фасли баҳор бахшида шуда буданд. Дар маҷмӯъ, «Тоҷикистон» 10 сужети гуногунмавзӯъро ба бинандагон пешниҳод намуд, ки дар муқоиса бо нашрҳои пешин аз нигоҳи вақт тулонӣ буд (зиёда аз 1 соат давом кард).

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ин шабака низ гузориши аввали худро ба барфи боридаи шаби гузашта бахшид. Хуршед Ҳалимов мавзӯъро аз минтақаи Ҳисор пайгирӣ намуда, аз Шаҳринаву Турсунзода гузориш омода кард. Дар он масъулини муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ баромад намуда, дар бораи шаби дароз  тоза намудани қисмати роҳҳои дар тобеият доштаашон ҳисобот доданд. Сонӣ, чун дар шабакаи «Тоҷикистон» дар бораи вазъи гармхонаҳо, ин маврид, аз ноҳияҳои Қабодиён, Норак, Восеъ ва Исфара гузориш пешниҳод гардид. Умуман, дар бораи вазъи гармхонаҳо зарурати чор гузоришро паи ҳам омода намудани муаллифон боиси тааҷҷуб аст, чунки аз рӯи муҳтаво ҳадафи ҳар чорашон як буд. Аз байни онҳо гузориш аз ш. Норак ҷолибтар ба назар расид, чунки қаҳрамон дошт. Гулпарвар Зуҳро Қарахонова хеле самимӣ дар бораи гулҳои барои оро додани гулгаштҳои шаҳр парваридааш нақл намуда, аз ҷумла иброз дошт: “Вақте дар хиёбонҳои Норак гулҳои парваридаамро вомехӯрам, ҳис мекунам, гул маро мебинаду хурсанд мешавад ва ман гулро бинам хурсанд мешавам, чунки мисли фарзанд онро калон мекунам”. Гузориш аз Исфара низ каҳрамон дошт: ба фаъолияти гулпарвар Парвина Абдуллоева бахшида шуда,  ҳамшабеҳи гузориши Норак буд.

Sbor. Tv, YouTube, 14 март

Аммо гузориши Хоҷа Назриев аз Восеъ такроран пахш шуд (ду ҳафта қабл он дар барнома истифода шуда буд).

Сухане дар бораи зерсатри (титрҳои) гузориш. Аксар вақт дар гузоришҳо маълумот дар бораи қаҳрамон кӯтоҳ навишта мешавад ва барои тамошобин номафҳум мемонад. Масалан, дар гузориши мазкур зери титри шахси масъул – Амиралӣ Носиров, корманди МДНРА дар ш.Турсунзода навишта шуда на ҳар нафар медонад, ки ин шакли кӯтоҳшудаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар маҳали мазкур аст.  Дар мисоли гузориши “Чаҳоннамо” бошад, шакли кӯтоҳшудаи МТС  оварда шудааст, ки номи пуррааш — Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ мебошад.

Мавзӯъи гузоришҳои навбатӣ ба 20-солаи омӯзиши илмҳои дақиқ ва татбиқ шудани барномаҳои давлатӣ дар ин ҷода буд. Қаҳрамонони гузориш аз таълимгоҳҳои Душанбе,  Рашт ва ш. Гулистони вилояти Суғд буда, дар бораи аҳамияти рушди фанҳои дақиқ ва озмуни “Илм фуруғи маърифат” сухан карданд.  Агар дар ду гузориши аввал масъулин бештар дар бораи аҳамияти фанҳои дақиқ гап зада бошанду дар наворҳо ҳамон синфхонаҳои оддӣ (ягона асбоби айёнӣ – скелети парранда аз фанни биология)  нишон дода шуда бошад, дар навори Гулистон синфхонаҳои фаннии физика ва химия бо таҷҳизоти замонавиаш фарқ мекарду нишонрас буд.

Гузориши навбатӣ аз Исфара аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки дар бораи кушода шудани нуқтаи қабули ҳуҷҷатҳо барои Маркази ҷумҳуриявии тестӣ хабар дод. Маълум шуд, ки то ин дам тӯли солҳои зиёд довталабони исфарагӣ маҷбур буданд барои  номнависӣ ба ш. Конибодом ва маркази вилоят раванд. Аз ин пас онҳо дар шаҳри худ имконияти номнавис шуданро пайдо намуданд.

Дар гузориши мазкур Мунира Алиева ном омузгор баромад намуда,  аз президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ кард ва махсус қайд намуд, ки маҳз бо дастгирии ин шахси бузург дар шаҳри онҳо нуқтаи бақайдгирии довталабон бо тамоми шароиташ кушода шудааст.

Мавзӯъи дигар — омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад ва аз шаҳри Турсунзода омода шуда, дар интиҳои барномаи ҷамъбастӣ ғайричашмдошт дар бораи баргузор намудани ҷашни 100-солагии арбоби шоистаи фарҳанг Неъматулло Тиллоев, ки бо номи “Қорӣ Неъматулло” дар Кулоб машҳур аст, аз театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Саидалӣ Вализода гузориш пахш шуд. Дар наворҳо қаҳрамони гузориш ҳам бо сурнай мусиқӣ навохт ва ҳам сурудеро бо овози зинда замзама намуд, ки хотирмон буд.  Дар шабакаҳои телевизионии солҳои охир ҷашн гирифтани солрӯзи арбобони барҷастаи фарҳангу ҳунар ва илму адабиёт маъмулан манъ шуда, гузориши мазкур нишонаи барҷастаи шикастани чунин қолабҳост.  Мутаассифона, ягон барномаи ахборӣ дар бораи ҷашни 75-солагии оҳангсози маъруф Толибхон Шаҳидӣ, ки ҳамин шабу рӯз таҷлил гардид, хабаре пахш накард.  Дар бораи ҷашнҳои дигар ашхоси барӯманди кишвар хоҷати гап задан ҳам нест.

“Ҳафт руз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”  

Ин навбат дар муқоиса бо ҳафтаи қаблӣ гузоришҳои барнома зиёд набуданд.  Дар оғоз дар бораи ҳадафи чорӯми миллӣ – аз кишвари аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ гузаштани Тоҷикистон ва пайомадҳои он шарҳи телевизионӣ пахш гардид. Муаллифон танҳо мушкилоти асосии расидан ба ин ҳадаф – бо ҷои кор таъмин намудани аҳолиро номбар намуданду ҳатто бо истифода аз андешаҳои коршиносон роҳҳои ҳалли онро нишон дода натавонистанд.

Ҳафизи Маҳмадалӣ дар бораи ҷашни Наврӯз гузориш омода карда, аз таърихи пайдоишаш гап зад. Инчунин муаллиф чанд бор таъкид намуд, ки  ин ҷашни фарҳангӣ ба ягон дину мазҳаб иртиботе надорад ва барои таҳкими дӯстии байни қавму миллатҳои гуногун хизмат мекунад.

“Ҷаҳоннамо” ягона шабакаест, ки ба таҷлили рӯзи матбуоти тоҷик таваҷҷӯҳ зоҳир намуда, аз ҷамъомади тантанавӣ бо ибтикори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  хабар дод.

Сипас, боз ҳамон мавзӯъи доимии ба ном “инқилоби маданӣ”  – аҳамияти озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”  баррасӣ шуда, Зубайдулло Давлатов – сардори раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ дар ин бора андешаронӣ намуд. Бино бар гуфтаи номбурда, мақсади асосии озмун на зиёд китобхон намудани мардум, махсусан насли наврас, балки “мо аз он хондаҳо чӣ хулоса мебарорем, барои инкишофи шахсии худ ва давлату миллат чӣ карда метавонем” аст.

Дар охир боз як мавзӯъи стратегии дигар – фарбеҳӣ ва оқибатҳои нохуби он баррасӣ шуда, муаллиф Марҷонаи Сабзалӣ иброз дошт, ки дар як вақт фарбеҳу солим будан ғайриимкон аст. Бо ӯ ба ҳеч ваҷҳ розӣ шуда наметавонам, чунки одамони табиатан сергӯшт ва аммо сиҳатро дар зиндагӣ борҳо вохӯрдаам. Дар гузориш табибони зиёде паи ҳам дар бораи оқибатҳои нохуби  фарбеҳӣ гап заданду дар наворҳо бошад, кӯчаҳои пойтахт, мошинҳо ва духтаракони лоғарандомро дидем. Аҷаб гузорише! Ба ҳар ҳол, моро ҳушдор дод, ки бояд серҳаракат бошем. Боқӣ, ҳафтаи равон бароятон тансиҳатӣ хоҳонам, то ҳафтаи ҷадидро боз бо  ҳам пешвоз гирем.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ