ДомойНақди Расонаӣ"Занон - зиннати варзиши Тоҷикистон": чӣ гуна рӯзноманигорон модаронро бо 8 уми...

«Занон — зиннати варзиши Тоҷикистон»: чӣ гуна рӯзноманигорон модаронро бо 8 уми Март табрик гуфтанд

Аз соли 2009 инҷониб, 8 уми март дар Тоҷикистон иди расмӣ эълом шуда, бо  номи Иди Модарон таҷлил мегардад. Албатта, ҳеҷ ишорае ба ҳуқуқи занону таърихи пайдоиши худи 8 уми март дар суханрониҳои расмӣ ва на танҳо, дар ин рӯз вуҷуд надошт. Расонаҳои расмӣ озмунҳое ба монанди “мӯйи бофта ҳусни духтар аст” доир намуданду  расонаҳои ғайридавлатӣ дар бораи занони сарнавишташон душвор қисса карданд.

Мунаққиди расонаии «Новый репортер» Ниссо Расулова муҳтавои идонаро аз назар гузаронд.

Алорағми ин, ки соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон танҳо бо табрикоти расмии занон бо 8 уми март иктифо кард (қаблан чорабиниҳои ботантана баргузор мешуданд), ҳама шабакаҳои телевизионии давлатӣ ба ин ҷашн таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карданд.

Масалан, шабакаи давлатии телевизиони “Сафина” аз соати 7-и субҳ дар рӯзи ид тасвири табиати тоҷикро намоиш медод. Тасвири дарахтони шукуфтаи олуча, кӯҳпораҳо, рӯдчаҳои кӯҳӣ, ки дар пасманзари он симои зани даст бар дуо пайдо буд. Ин зан бар тан либоси миллӣ карда, сарашро бо рӯймоли сафед пӯшидааст. Садои паси кадрӣ таъкид мекунад, ки «Биҳишт зери қудуми модар аст». Дар идомаи рӯз, тибқи маъмул ТВ «Сафина» эфирро бо филмҳои шӯравии киностудияи «Тоҷикфилм» пур кард. Филмҳои «Ман бо духтаре вохӯрдам», » Ниссо. Нахустин субҳи ҷавонӣ*” аз сарнавишту қаҳрамонии тоҷикзанони советӣ нақл мекунанд. Дар танаффуси байни филмҳо, рӯзноманигорон дар мавзӯъи модар шеърҳо қироат карда, порчаҳое аз табрикоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро оварданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Барномаҳои шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» ғанитар ба назар мерасиданд. Ин шабака силсиланавор аз сарнавишти душвори занони тоҷик, ки ба роликҳои иҷтимоӣ шабоҳат доштанд, пахш намуд. Мебинем, ки зане дар назди гаҳвора нишастааст, нимашаб ҳасту дигар аъзоёни оила хуфтаанд. Садои паси кадр мегӯяд: тарбияи фарзанд кори душвор аст, зеро бо вуҷуди шабҳои бехобӣ, модар бояд субҳи барвақт бедор шаваду корҳои хонаро иҷро кунад. Дар навори дигар, модаре барои дидорбинии писараш ба қисми низомӣ меояд. Писар дар назди Ватан қарзи худро адо мекунад. Модар ва писар паҳлӯ ба паҳлӯ нишастаанд, писар дастони модарро мебӯсад ва барои нону самбӯса сипосгузорӣ мекунад. Дар ролики навбатӣ бошад, як духтари донишҷӯ пас аз дарс ба хона бармегардад ва мебинад, ки модараш ҳавлиро мерӯбад. Духтар хоҳиш мекунад, ки модараш ҷорӯбро ба ӯ диҳад. Вале овози паси кадрӣ мегӯяд, ки модар ба духтараш дилсӯзӣ  мекунад, зеро духтараш худаш ба зудӣ соҳиби оила мешаваду ӯро шабҳои бехобӣ ва корҳои вазнини рӯзгор интизор аст.

Давоми рӯзи 8 уми Март рӯзноманигорони шабакаи телевизионӣ ба аудитория мефаҳмонанд, ки зан-модар чӣ ҷойи муҳимеро дар зиндагии ҳар як одам, давлату ҷомеа ишғол мекунад. «Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад». Ровиён шарҳ медиҳанд, ки занон барои тарбияи фарзандон дар оила масъуланд ва ободии давлат дар маҷмӯъ аз ин вобаста аст. Тарзи баён дар ҳама чиз хеле ботантана буд.

Шабака намоиши ҷашнвораи чаканро низ фаромӯш накард, ки ба ифтихори занон дар 8 Март омода шуда буд. Дар ин бора як гузориши хурд дар барномаи хабарӣ оварда шуд. Дар ин ҷашнвора беш аз 400 зан даъват шуда буданд. Моделон бо либосҳои миллӣ аз минтақаҳои гуногун баромад карданд ва озмуни зебоӣ низ баргузор шуд. Дар худи ҳамин озмун, занон бо дарозтарин ва зеботарин мӯй қадрдонӣ шуданд. «Инҳо модарони оянда ҳастанд», — гуфт ровӣ иштирокчиёни ҷавони ҷашнвораро. Дар маҷмӯъ, 47 духтар мӯйи сари дарози худро нишон доданд. Онҳо ба минбар баромаданд, муйи бофтаи худро ба китф партофтанд, то ба ҳама намоён бошанд. Ҳакамон беҳтаринҳоро интихоб карданд. Беҳтарин он духтароне шуданд, ки то ду метр мӯйи сар доштанд.

«Мӯй — зебоӣ ва ифтихори духтарони тоҷиканд, ки рамзи занона, меҳрубонӣ ва ҷавонии ӯро ифода мекунад», — шарҳ доданд ровиён.

Тв «Варзиш» низ идро фаромӯш накард: 8 уми Март дар ин ҷо ба таври варзишӣ таҷлил карда шуд. Хабарҳои мусобиқаи тенниси рӯйи миз дар Хуҷанд ва духтарони варзишкори ин намудро нишон доданд. Варзишгарони ҷавон байни худ рақобат карданд ва ҷоизаҳои худро аз мардон гирифтанд. Дар мусоҳибаҳо қаҳрамонони сужа мегуфтанд, ки аз оне ки варзишро занони тоҷик оро медиҳанд, ифтихор доранд. Худи ҳамон рӯз шабака инчунин дар бораи варзишгарони номвари Тоҷикистон, ки дар солҳои гуногун ба ҷумҳурӣ мукофотҳои барҷаста оварданд, қисса кард. Рӯзноманигорони шабака ба заноне, ки модари оянда нестанду зинати варзиши тоҷик нестанд, аҳамият надоданд.

Расонаҳои мустақил — хомӯшӣ ва оромӣ

Таҷлили рӯзи 8 уми Март дар фазои расонаҳои интернетии Тоҷикистон нисбатан ором гузашт. Дар ин рӯз, яке аз калонтарин нашрияҳои мустақил — «Азия-Плюс» танҳо як матни хурдеро дар бораи «автобуси занона», ки дар кӯчаҳои пойтахт ҳаракат карда, занҳоро муборакбод мегӯяд, нашр кард. Ин автобус як амали тиҷории худи “Азия Плюс” аст, ки дар якҷоягӣ бо сарпарастон ташкил мекунанд: логотипҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ дар автобуси орододашуда нашр шудаанд, дар дохили он занон — мусофирон аз шарикон тӯҳфаҳо мегиранд. Ҳамин тавр, ба ғайр аз қисса дар бораи он, ки аксия имсол чӣ гуна сурат гирифт, рӯзноманигорони нашрия дигар чизеро ёдрас нашуданд.

Аммо наздиктарин рақиби “Азия Плюс” — бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар мавҷи худ буданд. Дар ин рӯз, бар сомонаҳои русиву тоҷикиашон мусоҳибаи нависандаи муосир Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), ки дар Самарқанд таваллуд шудаасту солҳои зиёд дар Амстердам зиндагӣ мекунад, нашр карданд.

Нависанда дар адабиёти шарқ роҳи ғайри консервативӣ интихоб кардааст. Ӯ китоби «Бозгашт ба Бухоро» -ро навиштааст, ки дар он бидуни мамнуъият ошкоро дар бораи бадани зан сухан мегӯяд. Шаҳзода дар давоми мусоҳиба мегӯяд, вақти он расидааст, ки ба адабиёти шарқ насими тозае вазад, ки дар он зан на танҳо мисли гул ё модар ситоиш шавад. Инчунин ӯ дар бораи муносибати манфии худ ба ғуломие, ки духтарон пас аз издивоҷ ба он дучор мегарданд сӯҳбат карда, ба мавзӯъи хушунати хонаводагӣ, набудани озодии интихоб дар духтарон мепардозад. Ва аз ҳама муҳим ин, ки Шаҳзода мӯътақид аст, ки Рӯзи модарон ва 8 уми Март бояд идҳои мухталиф бошанд.

Ғайр аз ин, рӯзи 8 уми Март рӯзноманигорони “Радиои Озодӣ” қаҳрамони филми мустанади худ “Бибиҷон”-ро, ки соли гузашта ба навор гирифта шуда буд, табрик гуфтанд ва як гузориши хурд омода карданд. Қаҳрамон як зане аст, ки дар ДЭУ — и Душанбе кор мекунад ва ҳар саҳар кӯчаҳои шаҳрро мерӯбад. Дар як мусоҳибаи кӯтоҳ вай ба хабарнигорон дар бораи зиндагӣ ва мушкилоти худ нақл мекунад.

Дар рӯзи дигар “Радиои Озодӣ” мавзуъи занонро идома дода, дар бораи мушкилоти печидаи иҷтимоии занони имрӯзаи Тоҷикистон қисса кард. Масалан, онҳо як зани муҷаррадро дар ҷануби Тоҷикистон пайдо карданд, ки дар як кулбаи хурди оҳанине зиндагӣ мекунад. Он кулба замоне як сартарошхона будаасту ҳоло на об ва на қувваи барқ дорад. Қаҳрамони гузориш дорои як қатор мушкилотест, ки занони ҷумҳурӣ дучор меоянд: волидонаш ҷудо шуда, ӯро – духтарчаи якунимсоларо бо падараш мондаанд, сипас дар 16-солагӣ ба шавҳар додаанд, шавҳараш аз сабаби оне ки ӯ натавонистааст фарзанд таваллуд кунад, ҷудо шудааст, вай маълумот надорад, хешовандон кӯмак намекунанд.

Нашрияи ҷавони Your.tj ба ифтихори 8 уми Март як қиссаи ҷолиберо дар бораи он нақл кард, ки чӣ гуна як омӯзгори беларусӣ 50 сол қабл ба як минтақаи дурдасти Тоҷикистон омадаасту то ҳол дар он ҷо зиндагӣ ва аз рӯйи ихтисос фаъолият мекунад. Ғайр аз он, дар сомона, суратгузориш дар бораи чӣ гуна кормандони яке аз бонкҳо занонро бо 8 уми Март табрик мекарданд, нашр гардидааст.

Нашрияи дигари мустақили Тоҷикистон «Оила», ки аудиторияи зиёди занона дорад, рӯзи 8 уми Март номаҳои хонандагони худро дар ҳолатҳои душвори зиндагӣ нашр кард. Мактубҳо бо имло ва услуби муаллифон нашр карда мешаванд, ки дар бораи мушкилоти оилавии худ ҳарф мезананд. Масалан, як зан нақл кард, ки чӣ гуна шавҳараш зани дуюм ёфта, ӯро бо се фарзанд гузошта рафтааст. Албатта, ин ҳикояҳо ба истилоҳи мулоим, хеле содда, бе сохтору далелҳо ва тавзеҳоти зарурӣ, ки барои матни баландсифати журналистӣ заруранд, нашр шудааст. Аммо ҳамаи мавзуъҳое, ки дар онҳо матраҳ мешаванд, мушкилоти аслии занони Тоҷикистони муосир мебошанд. Зӯроварии хонаводагӣ, ғуломии хонаводагӣ, надоштани дастрасӣ ба таҳсил, дузанагӣ — ин мушкилотест, ки бисёр занони Тоҷикистонро ба ташвиш меорад. Тааҷҷубовар аст, ки дар ин мавзӯъҳо, рӯзи 8 уми Март (ба истиснои Радиои Озодӣ), ба қадри имкон, рӯзномаи “Оила”, ки дар ҷомеаи ВАО-и Тоҷикистон салоҳияти расонаи фароғатиро дорост, менависад.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ