ДомойНақди РасонаӣҲафтаи президент. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 28...

Ҳафтаи президент. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизиони Тоҷикистон аз 28 феврал то 7 март

Ҳафтаи сипаришударо, аз лиҳози муҳтавои телевизионӣ, метавон ҳафтаи президент номгузорӣ кард, чунки шабакаи “Тоҷикистон” пурра эфири худро ба ахбори расмӣ бахшида, «Сафина» ва «Ҷаҳоннамо» дар арафаи Иди модарон тавонистанд танҳо 30% вақташонро ба бонувону дигар мавзӯъ  бахшанд.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Қисми расмӣ аз Паёми шодбошии президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар оғоз шуд. Имсол баромади роҳбари давлат ғайримунтазир на дар маҷлиси тантанавии анъанавӣ бо иштироки бонувони Тоҷикистон, бо тақдими туҳфаву гулдастаҳо, балки тариқи эфири телевизионии барномаи хабарӣ сурат гирифт. Президент ҳамаи модарон, бонувон ва хоҳаронро бо ин рӯзи саид, ки дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб ҳамчун Иди модар таҷлил мегардад, табрик намуд. Аз баромади  роҳбари давлат маълум шуд, ки дар Паёми имсолаи худ бо мақсади дастгирии минбаъдаи занону бонувон дар кишвар «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи амалисозии он барои солҳои 2021-2025 роҳандозӣ шуд.

Баъди баромади президент, хадамоти матбуотии ӯ як қатор сужетҳои расмиро паи ҳам пахш намуд ва ҳамин тариқ нашри мазкур ба гузоришҳо аз фаъолияти ҳафтаинаи сарвари давлат бахшида шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Аз ҷумла, навори расмӣ аз иштироки ӯ дар мулоқоти якӯми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки ба таври видеоконференсия баргузор гардид.

Баранда матни омоданамудаи хадамоти матбуотии президентро аз ин мулоқот каме фишурда ва сипас муаллифони гузориши расмӣ боз ҳамон гуфтаҳоро такрор намуданд. Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гашта, санаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян шавад ва Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис гардад.

Инчунин аз иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити 14-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) дар шакли видеоконфронс хабар доданд. Аз маводҳои омоданамудаи хадамоти матбуотӣ хабари ҷолиб ин аст, ки моҳи майи соли равон дар Душанбе Фестивали байналмилалии “Душанбе — пойтахти сайёҳии ЭКО” ва Форуми байналмилалии рушди агротуризм баргузор мегарданд. Боқимонда — беш аз 3,5 дақиқа дар навор фақат нишастани сарвари давлатро аз ҳар гуна ракурс (дид) ва инчунин иштирокчиёни дигарро дар монитор нишон доданду халос. Яъне сужети телевизионӣ дар ин маврид аз матни рӯзнома ягон фарқияте надошт ва қолабӣ буд, чунки сухан аз навор зиёдтар буд.

Боз як сужети қолабӣ аз рафти мулоқоти президенти Тоҷикистон бо Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов омода шудааст.  Аз наворҳо маълум гардид, ки лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон маҳз тавассути  ин бонк бо иқдоми Ҳукумати Федератсияи Россия амалӣ мегардад. Умуман дар бораи  ин мактабҳо соли дувум аст бисёр  хабар медиҳанд, аммо аз он натиҷагирӣ карда намешавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бо пахши хабарҳои расмӣ тӯли 30 дақиқа шабакаи асосии Тоҷикистон барномаи иттилоотӣ-таҳлилии худро ҷамъбаст намуд. Дар бобати чорабиниҳои дигари сатҳи минтақавӣ ё  маҳаллӣ ягон чиз гуфта нашуд.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Баранда Зубайдуллои Убайдулло барномаро аз паёми шодбошии президент ба муносибати Иди модарон оғоз намуда, сипас аз вохӯриҳои расмии ӯ аз рӯи тақвим, яъне аз 1 то 5 март иттилоъ дод. Дар аввал аз баргузор шудани  вохӯрии президент бо Раиси Вулуси ҷиргаи Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ гузориш пешниҳод гардид. Наворҳо аз вохӯрӣ чун анъана қолабӣ пешниҳод гардида, тамошобин маҷбур буд баъди кутоҳ нишон додани худи вохурӣ, инчунин  давоми беш аз як дақиқа матни омоданамудаи хадамоти матбуотии президентро, ки бо забони расмӣ дар “Ховар” интишор шудааст, аз забони барандаи барнома гӯш намояд.

Блоки дигари барнома ба таҷлили Рӯзи модарон дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бахшида шуда, дар наворҳои аввал аз Бадахшону Суғд занон ба сарвари кишвар барои эълом доштани Рӯзи модар миннатдорӣ карданду яке аз онҳо бо ҳаяҷон ёдрас кард, ки президенти кишвар занони тоҷикро ба «нигини пурҷилои тоҷи миллат» ташбеҳ намудааст. Дар сужетҳои  шаклан қолабӣ дар бораи чорабиниҳои сатҳи вилоятӣ хабар пахш шуда,  2-3 нафар иштирокчӣ фикри худро нисбати ҷашн баён карда, чанд мисраъ шеър ҳам хонданд.  Гузориш аз чорабинии идонаи вилояти Хатлон на аз маркази вилоят, балки аз ноҳияи Данғара пешкаш гардид.  Ягона чизе, ки ин наворро ҷолиб месохт танҳо рангорангии либоси занон буд.

Ҳафт руз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ин шабака низ 40% эфирашро ба ахбори расмӣ бахшид. Аммо дар муқоиса бо дигар шабакаҳо мулоқоти президентро аз рӯи муҳимият тақсимбандӣ ва  пешниҳод намуд. Ҳамин тавр, пеш аз ҳама мулоқоти якӯми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим баррасӣ шуда, вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Вулуси ҷиргаи Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмонӣ ба плани охир гузашта, дар идомаи мавзӯъ мусоҳибаи тахассусӣ бо  коршиноси масоили сиёсӣ Маҳмадулло Наимов  доир гардид, ки ба вазъияти муносибатҳои ду кишвар,  инчунин дар моҳи май дар Душанбе баргузор намудани  конфронси нӯҳуми ниҳоди  «Қалби Осиё — раванди Истамбул»  бахшида шуд.   Қайд гардид, ки ин ниҳод барои аз байн бурдани ҷанги байниафғонӣ  ва сулҳофарӣ дар Афғонистон таъсис дода шуда, давлатҳои минтақа дар он фаъолона иштирок доранд. Куллан мусоҳиба барои тамошобин муфид буд,  чунки мавзӯъро ҳарҷиҳата тафсир намуд, аммо саволҳои зиёди  муаллиф барномаро дилбазан кард. Вақти мусоҳиба дар умум 9 дақиқаро ташкил намуд, ки барои барномаи иттилоотӣ  ба маротиб зиёд аст.

Инчунин дар бахши ахбори расмӣ оид ба иштироки Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар бастани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати ҷумҳурӣ, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни кишвар барои солҳои 2021-2023 иттилоъ дода шуд.

Баъд яку якбора анқариб 3-4 дақиқа реклама нишон дода шуда, сипас боз аз нав гузориш идома ёфт. Дар барномаи таҳлилӣ ҷо кардани реклама ғайриодӣ ба назар расид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар баробари ин, муаллифони барнома кӯшиш намуданд, маводи муфид ва худиро дар он ҷо кунанд. Масалан, ба дунболи хабари мулоқоти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки ба таври видеоконференсия сурат гирифт, дар масъалаи обшавии пиряхҳо  журналист Сафархуҷа Ризозода гузоришеро омода намуда, фикри коршиносонро роҷеъ ба ин мавзӯъ гирд овард. Муаллиф дар бораи норасоии об дар сайёра ҳарф зад ва дар наворҳо занони давлатҳои африкоӣ пайдо гардиданд. Чунин тасвирнигории мавзӯъ яке аз кӯҳнатарин усулҳои назарқолабӣ (шаблонизм) ҳаст, ки телевизиони тоҷик аз он истифода намуда аст. Чаро вақте дар бораи норасоии об мегӯем, аз он ҷумла дар кишвари худ, аз навбатпоии мардуми маҳал назди лӯлаҳои об ва ё заминҳои биёбоншудаи кишвар навор нишон надиҳем? Шарт аст, чун сухан атрофи биёбоншавию беобӣ дар сайёра рафт, африкоиҳоро ҳар дафъа мисол оварем?  Худи  тоҷикистониён низ метавонанд “қаҳрамони” чунин наворҳо бошанд.

Муаллиф дар гузоришаш дар бораи нақши Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои паст намудани  таъсиррасонии тағийрёбии иқлим сухан карда,  бо забони коршинос Нарзиалло Сарабеков мегӯяд,  ки «Тоҷикистон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро аз проблемаи асосӣ, ки тули сад соли охир ҷомеаи ҷаҳониро дунбол мекунад, ҳушдор бидиҳад, то ин ҷомеа ҳушдор бошад». Аз ин гуфтаҳо саволи мантиқӣ бармеояд, ки агар Ҷумҳурии Тоҷикистон намебуд, пас аҳолии сайёра аз тағйирёбии иқлиму норасоии об чӣ гуна бохабар мешуданд?

Умуман, ин ҳафта «Ҷаҳоннамо» бо гузоришҳояш моро ба ҳайрат гузошт. Масалан, мавзӯи дигари баррасидашуда — ҷашн гирифтани иди Навруз аст, ҳарчанд то ид ҳоло 2 ҳафта зиёд вақт ҳаст. “Сокинони деҳаи Самҷони ноҳияи Зафаробод яке аз аввалинҳо шуда ин идро таҷлил намуданд”, хабар дод ровии барнома.  Хабар ғайриоддӣ аст, чунки саволе бармеояд, чаро маҳз дар ин минтақа онро пеш аз ҳама таҷлил мекунанд? Мутааасифона, журналист Мирзоалӣ Раҳмон натавонист ин муамморо шавқовар  пешниҳод намояд. Вай ба шаблонҳои мавҷудбуда такя намуда, аз омода намудани расму оинҳои наврузӣ, ки анқариб ба ҳар сокини кишвар маълуманд,  хабар медиҳад. Дар гузориш аз мавзӯъ дур рафтани муаллиф низ ба мушоҳида мерасад. Масалан, чакандӯз Мамлакат Сафарова дар бораи омода намудани ҷиҳози арусӣ, ки ба Наврӯз ягон иртибот надорад, тули чанд дақиқа нақл мекунад. Ва ё каҳрамонони  гузориш ба Маркази рӯҳшиносии ноҳия рафта, ба шахсони бемор чун яке аз рукнҳои наврузӣ садақа тақсим мекунанд.  Дар навор этикаи журналистиро вайрон намуда, чанд сония ҳам бошад, симои шахсони бемории руҳӣ дошта нишон дода мешавад. Директори марказ бошад, дар бораи дорои чанд кату чанд бемору духтур доштанаш ҳисобот медиҳад, ки дар асл баромади вай ба Наврӯз ягон иртибот надорад.

Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки ҳарчанд мавзӯъ ҷолиб буд, гузоришҳои дуру дарози таҳияи хуб надидаро барои он пахш мекунанд, ки холигиҳои эфирро пур кунад.  Охир як гузориш қариб 7 дақиқа давом кард!

Чанд сухан дар бораи сатри равон.  Хабарҳои он хеле ҳангомаҷӯёнаанд. Масалан, навиштаҳои «Гугл ҳам дунболи  Фейсбук яке аз андозсупорандагони дигар дар Тоҷикистон гардид» ё «Давлати Исроил баъди Тоҷикистон пирӯзӣ бар коронавирусро эълон кард» ташреҳи худро мехоҳанд, чунки баҳсталаб ҳастанду то охир аслӣ будани  онҳо собит нашудаст.

“Меваи тар ва хушкмеваи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ харидорони зиёд пайдо кардаанд», навишта шуд дар сатри дигар. Магар ин паём ҷиҳати иттилоотӣ дорад?

Ба ин камбудиҳо нигоҳ накарда, ҳафтаи сипаришуда маводи пешниҳоднамудаи ТВ “Ҷаҳоннамо” нисбат ба шабакаҳои дигар як зина болотар буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ