ДомойНақди РасонаӣГоли Манучеҳр ва муаррифии Мистер Чен. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии...

Голи Манучеҳр ва муаррифии Мистер Чен. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 18 то 24 апрел

Барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои асосии кишвар рӯз аз рӯз пурмуҳтаво ва шавқовар шуда истодаанд. «Тоҷикистон» (ТВ «Тоҷикистон») ғайричашмдошт дар қатори хабарҳои расмӣ аз пирӯзии футболбозони тоҷик дар Эр-Риёз пайғом дод, «Ҷамъбасти ҳафта» (ТВ «Сафина») гузориши кӯҳнаро аз Ҳисор пахш намуд ва «Ҳафт рӯз» (ТВ «Ҷаҳоннамо») бошад, моро бо муаррифии муҳандиси чинӣ ба тааҷуб овард. Тафсилоти бештар — дар шарҳи хабарҳои ҳафта.

«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»

Чун анъана, барнома аз пахши ахбори расмӣ оғоз шуд ва сужети аввалин ба ташрифи сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов бо сафари корӣ ба Хуҷанд ва пазироии ҳайати расмӣ аз ҷониби  Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бахшида шуда буд. Ҷонибҳо дар пешорӯи ташрифи расмии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки моҳи наздик дар назар аст, муносибатҳои иқтисодии байнидавлатиро муҳокима намуданд. Дар доираи сафар ҳайати ӯзбекистонӣ аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан кард.

https://khovar.tj/

Гузориши дуввум ғайричашмдошт бо пешгуфтори барандаи барнома дар бораи он, ки президенти кишвар ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳи хоса дорад ва ба шарофати дастгирии раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ футболбозони тоҷик бо машқу тамрин машғул ҳастанд, оғоз гардид. Хулосаи суханаш он буд, ки ба шарофати ин ғамхориҳо тими “Истиқлол” ин ҳафта тими «Ал-Ҳилол»-и Арабистони Саудиро бо ҳисоби 4 бар 1 мағлуб сохт. Сипас овози занона хабар дод, ки дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё дар гурӯҳи «А» иштирок намуд ва бар тими Арабистони Саудӣ пирӯз шуд. Дар наворҳо беҳтарин лаҳзаҳои бозии онрӯзаро намоиш доданд. Инчунин, баъди ба анҷом расидани матни гузориш, голзании қаҳрамони бозӣ Манучеҳр Сафаров дубора зери синхрони барандаи футбол аз варзишгоҳи Эр-Рияд тули чанд дақиқаи дигар пахш гардид.

http://fc-istiklol.tj/

Гузориши навбатӣ аз студияи телевизион сурат гирифта, журналист Зафари Қаюм бо коршинос Амриддин Шарифзода перомуни омодагиҳои  Тоҷикистон ба иҷлосияи ҷашнии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки имсол 20-солагии таъсиси худро қайд мекунад, сӯҳбат намуд. Мусоҳиб дар бораи соли ҷорӣ аз Федератсияи Русия ба ҷониби Тоҷикистон гузаштани раёсати ин Созмон ва дар ин замина дар Душанбе баргузор намудани чорабиниҳои идона нақл намуд. Асосан сӯҳбат атрофи нақши президенти кишвар дар ин созмон сурат гирифта, коршинос афзуд, ки сарвари давлати мо ягона шахсе аст, ки дар ҳамаи ҷаласаҳои Созмони Ҳамкории Шанхай аз ибтидои фаъолияти он иштирок дошт ва саҳми муассири худро гузоштааст.

Мусоҳиб изҳор дошт, ки пешниҳоди президенти Тоҷикистон дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани Маркази доимамалкунандаи зиддимухаддиротии СҲШ ва Фонди байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо мисолҳои барҷастаи ин иқдом шуда метавонанд.

Мавзӯи гузориши навбатӣ ба сабабҳои гармшавии иқлим бахшида шуда, муаллиф Фахриддини Муҳаммадюсуф бо такя ба гуфтаҳои иқлимшиносони ватанӣ изҳор дошт, ки дар тағйирёбии иқлим инсон гунаҳгор аст. Албатта, ин нукта барои тамошобин бори дигар “кушодани Амрикоро” мемонд, аммо аз ин гузориш мо чунин бардошт гирифтем, ки  омӯзиши сабабҳои тағйирёбии иқлим, махсусан омӯзиши обшавии пиряхҳо, ки мушкилоти глобалӣ аст ва ба шарофати таваҷҷӯҳи сарвари давлат дар арсаи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст, бояд ба роҳ монда шуда, ба ҷои ташаккулёбии пиряхҳо экспедитсияи комплексӣ ташкил карда шавад. Аммо кӣ, кадом ташкилоти давлатӣ ё созмони байналмилалӣ бояд ин вазифаро бар дӯш гирад, дар гузориш номафҳум монд.

Дар иртибот ба ин мавзӯи гузориши дигар ба истиқлолияти энергетикӣ бахшида шуда буд. Барои расидан ба ин мақсад, гузоришгарон сохтани нерӯгоҳи хурду бузурги обӣ-барқӣ, инчунин, азбаски дар кишварҳои мо рузҳои офтобӣ хеле зиёд аст, ташкил намудани нерӯгоҳҳои хурди офтобиро тавсия доданд.

Хуб аст, ки муаллифон бо истифода аз андешаи коршиносон ин гуфтаҳоро бо арқому далелҳо пурқувват карданӣ шуданд, аммо беҳтар мебуд, барои бештар таваҷҷӯҳ намудани тамошобин ба ин  мавзӯъ, рақамҳоро тариқи телеграфика нишон медоданд. Чунин камбудӣ дар гузориши дигар низ ба назар расид, ки ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар кишвар бахшида шуда буд ва онро журналист Зоҳиршои Тағоймурод пешкаш намуд.  Он ҷо низ рақами зиёде дар  бораи шумораи корхонаҳо дар минтақаҳои озод оварда шуд, инчунин кадом намудҳои маҳсулоти воридотизвазкунандаро истеҳсол мекунанд, маълумот доданд, аммо онро ҷолиб пешниҳод накарданд ва танҳо бо номбар карданаш таваққуф намуданд.

Нуриддини Қурбон дар гузоришаш моро ба сайри шоми Душанбе бурда, бо истифода аз усули расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ бо яке аз раҳгузарони тасодуфӣ, ҷавони донишҷӯ Асад Қаландарзода шинос намуд. Ин нафар шабонгоҳ дар кӯчабоғҳои пойтахт бо рафиқонаш сайругашт мекардааст.

“Ман чун сокини шаҳри Душанбе шукри истиқлолиятро мекунам, ки дар чунин шаҳри зеботарини рӯи дунё шоми худро  мегузаронам ва мебинам, ки сокинони дигар низ истироҳат мекунанд ва ба хонаи худ бо рӯҳи болида бармегарданд”, — иброз дошт ҷавони раҳгузар.

https://www.asiaplustj.info/

Фикри мусоҳибро тақвият бахшида, муаллиф таъкид намуд, ки ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ ҳазорон нафар орзӯи дидани шаҳри моро доранд.

Аз ҷиҳати техникӣ нуктаи ҷолиби гузориш дар он буд, ки  мустақиман аз кӯчабоғи шаҳр пахш шуд. Дар барномаҳои шабакаҳои ватанӣ истифода бурдани усулҳои ҳозиразамони телевизионӣ аз падидаҳои камназир аст.

Яке аз гузоришҳои ҷолиби ҳафта аз ҷониби муаллиф Бобокалон Аминзода пешниҳод гардида, ба барномаи касбомӯзии шаҳрвандон ва бо кор таъмин намудани онҳо бахшида шудааст. Дуруст аст, ки мавзӯи баррасишаванда рузмарра ва ҳалталаб аст ва таваҷҷӯҳ намудани дастандаркорони барнома ба он боиси  дастгирӣ ва аҳсанхонист. Аммо камбудии асосӣ дар интихоби коршиносон аст. Масалан,  Абдураҳмон Ашурализода, корманди вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар бораи беҳтар шудани вазъият дар самти музди меҳнати аҳолӣ сухан карда, афзуд, ки даромади аҳолӣ ва сатҳи зиндагии мардум рӯз аз рӯз беҳтар шуда, аз соли 2000-ум инҷониб, ҳаҷми музди миёна аз 16 сомонӣ то 1337 сомонӣ боло рафта, 86 маротиба зиёд шудааст. Мӯҳтарам намояндаи вазорат оё намедонад, ки дар мавриди овардани ин гуна рақамҳо бояд раванди сатҳи таваррумро низ ба инобат гирифт.

Бо вуҷуди ин, гузориш аз он ҷиҳат ҷолиб буд, ки дар он оиди фаъолияти Маркази омӯзиши калонсолон низ  маълумот дода, на танҳо мутасадиён, балки яке аз гирандагони ниҳоии ин хизматрасониҳо, касбомӯзе бо номи Фараҳноз Мирзоалиева низ ибрози ақида карда,  духтарони хонашини ҳамтоёни худро барои ҳунаромузӣ, ки дар Марказ барои ин тоифа ройгон аст, даъват намуд.

Ва гузориши охир, ки муаллифаш Зулфия Раҳимзода аст, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо истифода аз  суханони коршинос ва ҳунармандон дар бораи таърих ва истифодаи гули чакан  дар ороиши ашё ва сару либос маълумот медиҳад. Ба ақидаи ман, мавзӯи интихобшуда барои барномаи алоҳидаи ҳунармандӣ ё бахши ҳунармандии барномаҳои иттилоотӣ-фароғатӣ, аз қабили “Субҳ” мувофиқтар аст.

 «Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Яке аз гузоришҳои барнома ба барқарорсозии иқтидори нерӯгоҳи барқи обии “Норак” бахшида шуда буд. Дар он мутасадиёни зиёде, аз қабили сармуҳандиси НБО “Норак”, муҳандиси ширкати хориҷии Stucky, муовини директори техникии ҶСК “Тоҷикспетсэлектромонтаж”, мутахассиси НБО “Норак”, сардори маркази танзимгарии нерӯгоҳ атрофи лоиҳа ва аҳамияти он қариб як хел нақл карданд. Аз ҳад зиёд истифода бурдани синхрон (порае аз суханронии коршиносон) дар як гузориш муҳтавои онро ба ҷои ҷоннок намудан, баръакс, коҳиш дод.

Гузориши дигар ба даври ҷамъбастии фестивали ҷумҳуриявии “Ҳунар беҳ аз зар” бахшида шуда, аз боғи Ирами пойтахт ирсол гардид. Тибқи гуфтаи муаллифон,  айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 7000 нафар ҳунармандон фаъолият мекунанд.

Дар ин ҳамоиш Ёрдамчии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири меҳнат,  муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзода, вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳо иштирок намуданд. Аммо  муаллифон бо ягон нафари онҳо дар барнома мусоҳиб нашуданд ва ҳадди ақал, аз баромади онҳо дар рафти фестивал ягон порчаеро ба шакли синхрон нишон надоданд.

Баръакси ҳол, ҳунармандон фаровон баромад намуданд. Масалан, дар гузориши мазкур се нафар ҳунарманд паи ҳам баромад намуда, аз сарвари давлат миннатдорӣ ва шукргузорӣ намуданд.

Чанд маводи худро сафиначиён ба рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ бахшида, дар аввал аз шаҳри Ҳисор гузориш пахш карданд, ки ба вазъи  иншоотҳои айни ҳол сохташаванда бахшида шудааст. Бояд гуфт, ки тахминан моҳе қабл чунин гузориш бо истифодаи  баромади сармуҳандиси шаҳр Тоҷиддин Шамсиддинов тариқи ин шабака пахш гардида буд ва онро дубора намоиш додан ноҷо аст.

Ин ва гузориши дигар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба ҳам аз ҷиҳати навишти матн монанд буданд. Он бештар ба ҳисоботи давраи шӯравӣ доир ба музаффарияти навбатӣ монанд буд. Ягона фарқ дар он буд, ки гузориш аз ноҳияи Шоҳин ба  сохтмони роҳҳо бахшида шуда буд.

Мавзӯи гузориши дигар рушди соҳаи паррандапарварӣ буда, аз корхонаи муштараки «Суғд-Самарқанд парранда»-и шаҳри Исфараи вилояти Суғд пешкаш гардид. Гуфта шуд, ки дар ин коргоҳ 30 ҳазор парранда парвариш карда мешавад. Дар наворҳо на танҳо роҳбари фабрикаи паррандапарварӣ, балки худи паррандапарварон  Сурайёхон Идрисова ва Лена Осипова баромад намуда, аз номи 35 нафар коргарони ин ҷо ба Пешвои миллат барои таъмин бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб миннатдорӣ намуданд.

Ҷамбасти фестивали «Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

Гузоришҳои дигар аз Турсунзода ба кишти пунбадона ва аз Тоҷикобод ба парвариши картошка бахшида шуда, чун аксар гузоришҳои соҳаи кишоварзӣ ба ҳисобот монанд буданд.

Ва дар анҷоми барнома гузориши омоданамудаи Хоҷа Назриев аз мавзеи таърихии Нозкул ё Қайнари ноҳияи Восеъ пахш шуд, ки бо истифода аз маъхазҳои таърихӣ ва ақидаи коршиносони бостоншиносу мутасадиёни вазорати фарҳанг ҷолиб буд.

 “7 Рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”

Ин шабака низ ба хотири омодагиҳо ба 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, ки имсол Тоҷикистон раисиро дар ин созмон бар ӯҳда гирифтааст, гузоришашро ба ин мавзӯъ бахшид. Муаллифи гузориш Иброҳими Неъмат дар оғоз дар бораи нақши ин созмон дар минтақа ва ҳамзамон, ҳиссаи Тоҷикистон дар он нақл намуд.

Шукрона Раҷабзода, ҳамозангсози маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар ҶТ ва Комрон Файзуллозода, устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  чун коршиносон баромад намуда, аҳамияти ин созмонро бори дигар таъкид намуданд.

Мавзӯъи рӯзмарра интихоб шуд, вале худи гузориш тулонӣ (қариб 6 дақиқа) пахш шуд ва аз ин ҷиҳат дилбазан намуд. Беҳтар мебуд, ки дастандаркорони барнома аксар арқоми номбаршударо, ки дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай тули 20 сол ба амал омадааст, бо телеграфика ё ба ном  таймлайн нишон медоданд, ки ҳам ҷолиб ба назар мерасид ва ҳам вақти эфирро сарфа мекард.

Дигар гузоришҳо чун ҳарвақта аз рӯи усули ҳисоботдиҳӣ омода гардида, яке аз ноҳияи Спитамен ва дигаре аз ноҳияи Рашт дар бораи иншоотҳои ҷашнии сохташуда пешниҳод гардиданд. Порчаеро аз матни  пасикадрии гузоришгарон барои мисол меорем, ки хонанда худ қазоват кунад, оё вақти он нарасидааст, ки матнҳои телевизиониро як андоза таҳрир намоянд:

«Сокинони сарбаланди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бо ифтихору худогоҳӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  омодагӣ  мегиранд», — иброз дошт муаллиф.

Дар гузориши Рашт низ на каҳрамон буд, на мусоҳиби коршинос ва матн пурра паси навор хонда шуд.

Мавзӯи гузориши пешниҳоднамудаи Каримҷон Амроқулзода ба сохтмону барқарорсозии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ  бахшида шуда, дар аввал аз рейтинги ҷаҳонии рақобатпазирии тиҷорат мисол оварда шуда, таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар ин руйхат 20 зина боло шуда, байни кишварҳои дунё дар ҷои 50-ум меистад.   Баъд муаллиф аз рафти корҳои таъмиру тармим дар роҳҳои ҷанбаи умумиҷумҳуриявӣ ва байналхалқидошта мисол оварда, аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин гузориш пешниҳод мекунад, ки як қисми роҳи 32-километраи автомобилгарди Кулоб-Шамсиддини Шоҳинро дарбар мегирад.  Дар наворҳо рафти сохтмони роҳро аз ҷониби роҳсозони тоҷику чинӣ мебинем, ки ҷолиб буда, эътимоднокии гуфтаҳои муаллифро паси кадр тақвият мебахшад.

Аммо аҷиб аст, ки ҳангоми гирифтани мусоҳиба, муаллиф бо яке аз мутасадиёни лоиҳа, муҳандиси сохтмон аз Чин ҳамсӯҳбат шуда, ӯро  дар  зерсатр (титр) ҳамчун «Мистер Чен, муҳандиси сохтмон» муаррифӣ мекунад. Чунин муносибат ба ягон қолаби омодасозии маводи журналистӣ намеғунҷад. Муаллиф аз рӯи эҳтиром ба мутахассиси хориҷӣ мебоист ному насабашро дуруст ишора мекард, дар ҳолати баръакс, онро мебояд чун нақиза ба қаҳрамони машҳури комиксҳо — мистер Бини амрикоӣ қабул кард.

Гузориши дигар ба лоиҳаи низоми биллингии тақсимоти барқ бахшида шуда, онро журналист Илҳом Ализода пешниҳод намуд. Хулосаи асосии маводи пешниҳодшуда баъди шунидани фикри мутасадиёну коршиносону истифодабарандагони барқ ин аст, ки мо бояд   тезтар ба ин раванд шомил шавем, то ин ки пардохт намудани қувваи барқ бо истифода аз технологияҳои муосир сари вақт ва осон сурат гирад. Барои расидан ба ин мақсад ҳисобкунаки нави биллингиро насб намудан зарур меояд. Аммо аз кадом ҳисоб,  аз ҷониби давлат ё аз худи муштарӣ ин иқдом сурат мегирад, дар гузориш номафҳум монд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ