Мавзӯъи асосии барномаҳои итилоотии шабакаҳои телевизионӣ тайи ҳафтаи сипаришуда — сафари президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон буд. “Ҷаҳоннамо” танҳо ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, эфирашро пурра ба он бахшид. Дар гузоришҳои “Сафина” бошад, қаҳрамонҳо пайдо шуданд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Шабака барномаи ҷамъбастиашро аз хабари 31 май -баргузор шудани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Муаллифони гузориш танҳо ҷараёни маҷлисро нишон дода, боз ҳам шарҳи иштирокчиёни онро истифода накарданд, то ки моҳияти қонунҳои баррасидашударо ба мардум фаҳмонанд.
Сипас аз ҷараёни сафари расмии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон гузориш пешниҳод гардид. Лаҳзаи пешвозгирии ҳавопаймои президенти мо аз ҷониби 6 ҳавопаймои кувваҳои ҳарбии ҳавоии Покистон ва то фурудгоҳи шаҳри Исломобод ҳамроҳӣ намудани он махсус таъкид гардид ва тӯлонӣ намоиш дода шуд. Ин гузориш аз ҷониби Хадамоти матбуотии президенти кишвар омода шуд ва аз оғоз то анҷом фақат овози пасикадрӣ истифода гардид. Бе мусоҳибону стендапу иштироки журналистон. Суханони гузоришгар пур аз канселяризм ва умумигуӣ буд.
Гузоришҳои дигар аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Ориф Алвӣ, бо Раиси Сенати ин кишвар Содиқ Санҷронӣ ва вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ низ ҳамин аҳволро доштанд. Матни он аз ҷониби як нафар якмаром хонда шуд, ки ҷолибияти гузоришро барои тамошобин кам мекард.
Блоки хабарҳои иқтисодӣ аз шаҳри Панҷакент, аз корхонаи муштараки “Зарафшон” оғоз гардид. Гузоришгарон дар бораи моҳияти ҳадафи чорӯми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат гап зада, ин корхонаро барои намуна оварданд.
Менеҷери корхона Акбар Норов хабар дод, ки дар як шабонарӯз онҳо 10-11 тонна маъдан коркард мекунанд.
Директори корхона Абдуҳаким Ашӯрзода иброз дошт, ки яке аз масъалаҳои асосӣ ҷалби кормандони соҳавӣ мебошад ва онҳо бояд ба таври озмун ба кор қабул шаванд. Бино ба иттилои ӯ, айни замон дар “Зарафшон” 2198 нафар соҳиби кори доимӣ мебошанд ва аз ин теъдод ҳамагӣ 75 нафараш шаҳрвандони хориҷианд.
Яке аз баромадкунандагон, коргари КМ “Зарафшон”, ки номаш зикр нашуд, аз он шукргузорӣ намуд, ки корхонаашон дар ҳамин мавзеъ, дар Панҷакент ҷо гирифтааст ва аз ин сабаб ӯ метавонад соҳиби кор бошад ва зиндагиашро пеш барад. Ба фикри банда, ӯ бояд аз он шукргузор бошад, ки дар кӯҳҳои Панҷакент чунин конҳои коркарди тилло вуҷуд доранд.
Сипас гузориши Гулчеҳраи Саттор аз вилояти Хатлон дар бораи ба гуфтаи баранда, “ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ” пешкаш гардид. Ҳавои имсола хеле гарм омад ва ҳоло мавсими тобистон аст, на аввали баҳор. Ба андешаи ман, дар инҷо истифода бурдани истилоҳи “сабзавоти барвақтӣ” чандон ҷоиз нест, чунки он бе ин ҳам дар фасли тобистон мепазад.
Дар гузориши дигар мушкилоти тармими роҳҳои автомобилгард дар самти Бохтар -Дустӣ -Панҷи поён баррасӣ гардид.
Ба андешаи хабарнигор Худойдоди Раҷаб сабаби зуд вайрон гардидани роҳи автомобилӣ мошинҳои калони боркаш мебошад, ки аз рӯи меъёр набояд бештар аз 40 тонна бор дошта бошанд. Бино бар гуфтаи Саймиддин Исмоилов, муовини сардори ФКВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, дар фасли гармо аз соати 10 саҳар то 20 бегоҳ гузаштани мошинҳои боркаш манъ карда шудааст, чунки роҳи мумфаршшуда дар ин мавсим хеле мулоим аст ва тез аз кор мебарояд. Аммо на ҳама ширкатҳои боркашонӣ ба талаботи мазкур риоя мекунанд.
Дар анҷоми гузориш наворҳои роҳҳои фарсудашудаи автомобилиро нишон доданд, ки дар натиҷаи боришот ва ҳаракати мошинҳои боркаши вазнин корношоям гардидаанд. Ба гуфтаи муаллиф, мо бояд ба мардум маданияти истифодаи роҳҳоро омӯзонем, то дарки зарур будани нигоҳдории онро фаҳманд.
Ва гузориши охирон аз фестивали адрасу атлас буд, ки дар пойтахт баргузор гардид. Муаллиф Манучеҳри Сулаймон дар бораи маданияти имрӯзаи либоспӯшии занону духтарон бори дигар таъкид намуда, бо истифода аз дастовардҳои тароҳҳони ватанӣ чӣ гуна аз ин матоъҳои қадима дӯхтани либоси шинаму зеборо тавсия намуд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Ин барнома низ ахбори расмиашро ба ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон ва сафари президенти кишвар ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшид.
Ин ҷо низ дар бораи ҳадафи чорӯми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сухан ронда, аз корхонаҳои шаҳри Гулистони вилояти Суғд гузориш омода намуда, дар бораи дар се моҳ ба маблағи умумии 1,5 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардани корхонаҳои шаҳр хабар доданд.
Баъди аз он, гузориш аз корхонаи дӯзандагии шаҳри Бӯстон намоиш дода шуд. Дар наворҳо мо занону духтарони дар сари мошинҳои дарздӯзӣ нишастаро дидем. Беш аз ҳама дар гузориши мазкур суханони Миршакар Ҷалолзода, раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон ба назар аҷиб намуд. Бино бар гуфтаи вай, айни ҳол дар ин корхона 10 нафар занон бо кори доимӣ машғуланд. “Ҳар шашмоҳа 10 нафар духтарони бешӯ ва занони хонашинро дузандагӣ меомузонем” – иброз дошт мусоҳиб. “Бешӯ” гуфтани духтарон аллакай вайрон намудани ахлоқи гендерӣ маҳсуб мешавад ва ба гӯш дағалу нофорам мерасад. Охир, ба шавҳардор ё муҷаррад будани духтарон мусоҳиб чӣ кор дорад? Муаллифро лозим буд, ки мусоҳиби худро ислоҳ намояд, то чунин нофаҳмиҳо ба миён наоянд.
Гузориши навбатии Ширинҷон Сафарзода аз минтақаи Кӯлоб ба соҳаи занбӯрпарварӣ бахшида шуда буд.
Қаҳрамон — сокини шаҳри Кулоб, занбӯрпарвар Талбак Шарифов буд, ки дар бораи нозукиҳои пешаи интихобнамудааш нақл кард. Аз гузориш маълум гардид, ки номбурда танҳо занбури зоти қафқозиро барои парвариш гирифтааст, чунки он ба иқлими мо тобовар мебошад. Амаки Талбак занбӯронро аз 7 то ба 30 оила оварда расондааст ва дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин замин гирифта, он ҷо ғалладонаҳо низ мекорад. Муаллиф бо нишон додани симои қаҳрамони худ масъалаи рушди соҳаро хуб нишон додааст.
Гузориши аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешкашгардида низ ба маводи болоӣ монандӣ дошт ва асосан мушкилоти соҳаро тариқи кушодани симои каҳрамон — марди деҳқон пеш мегузорад.
Каҳрамони гузориш сардори хоҷагии кооперативӣ Сафарек Наҷмиддинов мебошад, ки дар масоҳати 10 гектар маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ кошта, бо 10 нафар саҳмдорон кору фаъолияташро ба роҳ мондааст.
Дар ин ду гузориш қаҳрамон ба плани аввал баромада, тавассути нақли вай дар бораи дастоварду мушкилоти соҳа иттилоъ дода мешавад, ки ин падидаи хуб дар гузоришҳои телевизионӣ аст.
Дар анҷоми барнома аз боғи ба номи Фирдавсии пойтахт гузориш пешниҳод шуда, доир ба баргузории даври шаҳрии фестивали “Атласу адрас” дар доираи сесолаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ хабар дода шуд. Дар он ҷо низ ҳунармандон ва тарроҳон сухан ронда, бар аҳамияти нигоҳ доштани фарҳанги волои миллӣ таъкид карданд.
“Ҳафт рӯз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”
Ин шабака пурра 40 дақиқаи эфири худро ба гузоришҳои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон аз сафари расмии сарвари давлат ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бахшид. Боз ҳамон овози пасикадрӣ дар бораи мулоқотҳои сарвари давлат якмаром хабар дод. Умуман, ин ҳамон гузориши тариқи шабакаҳои “Тоҷикистон” ва “Сафина” пешкашшуда буд. Танҳо фарқ дар он буд, ки суханронии сарони ду давлат пешниҳод гардид ва аз ин лиҳоз тамошобин фазои самимиро дар ин мулоқот дида метавонист.
Дар чунин маврид хуб мебуд ба ин сафарҳо журналистони шабакаҳои давлатӣ ҷалб шаванд, то ин ки барои бинандаҳо аз макони сафарҳо гузоришҳои зиндаву ҷолиб пахш кунанд. Ҳамзамон дар бораи ин давлатҳо, тарзи ҳаёту фарҳанг ва таърихи миллатҳои гуногун, ба тамошобинон хабар диҳанд. Ин аз гузоришҳои шаблониву забонзада садҳо бор беҳтар аст.