ДомойНақди Расонаӣ«Катюша»-ву заводи гӯгирд дар Хатлон ва муҳокимаи вазъи Афғонистон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ...

«Катюша»-ву заводи гӯгирд дар Хатлон ва муҳокимаи вазъи Афғонистон. Шарҳи хабарҳои ҷамъбастӣ дар шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон аз 11 то 18 июл

Ҳафтаи сипаришуда барномаҳои шабакаҳои телевизионии кишвар тақрибан пурра аз гузоришҳои расмӣ иборат буданд. Бо вуҷуди ин, ҳамаи шабакаҳо гузоришҳои худро низ пешниҳод намуданд, ки асосан ба омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар ва рушди иқтисодиёт бахшида шуда буданд.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Барнома аз намоиши иқтидори мудофиавии Тоҷикистон оғоз гардид. Гузориш ба сафари президенти кишвар ва ҳамзамон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон бахшида шуда буд. Аз наворҳо дида шуд, ки чӣ тавр президент тариқи чархбол ба ҷои будубоши хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонии гарнизони Хатлон омада, тайёрии ҷангии қисму воҳидҳои низомии онро аз назар мегузаронад.

Ҳангоми шиносоӣ бо пойгоҳи Отряди сарҳадии ноҳияи Панҷ хабар дода шуд, ки дар он зиёда аз 2 ҳазор нафар ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сарҳадӣ ва захираҳои сафарбарӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Чунин чорабинӣ вобаста ба авзои кунунии ҳарбиву сиёсии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, баргузор гардид.Тавре дар гузориш гуфта шуд, Сарвари давлат дар баромадаш зикр намуд, ки ҳифзи марзҳои Тоҷикистон на танҳо барои амнияти кишварамон, балки барои таъмини бехатарии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва гузашта аз ин, Иттиҳоди Аврупо аҳамият дорад.

Дар наворҳои ба таври синхрон пахшшуда дида шуд, ки чӣ тавр ҷузъу томҳо ва қувваҳои эҳтиётӣ ё худ захираҳои сафарбаршуда аз назди президент гузаштанд. Шумораи умумии он ба гуфтаи гузоришгар – хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон беш аз ду ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар навор бархе аз мардҳои калонсоли сарсафеди тамрини баданнадида ба назар расиданд, ки андому қадамзании бемаромашон аз он далолат мекард.

Дар гузориш инчунин маҳсулоти кишоварзии хоҷагии ёрирасони Отряди сарҳадии Панҷ, ки 4 гектарро ташкил медиҳад, намоиш дода шуд. Дар он тамоми маҳсулоти лозимаи хӯрока муҳайё буд. Аммо саволе пайдо шуданаш мумкин, ки оё ҳамаи ин нозу неъмати назди президент намоишдодашударо худи сарҳадбонон мебинанд?

Сипас наворҳо аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон пешниҳод гардиданд, ки дар он техникаи вазнини зиреҳпӯши ҳарбӣ намоиш дода шуд.

Яке аз лаҳзаҳои ҷолиби гузориш зери мусиқиҳои давраи шуравӣ, аз он ҷумла, “Катюша”-и овозадор қадам задани афсарону сарбозон ва ҳайати захираҳои сафарбарӣ ҳангоми гузашти низомӣ буд. Яке аз камбудиҳое, ки ба назар расид, дар матни пасикадрӣ зиёд  истифода бурдани ибораи забонзадаи “ҳушёриву зиракии сиёсӣ” аз ҷониби гузоришгарон буд.

Сипас наворҳо аз рафти мулоқоти президент бо Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов, ки дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин Созмон иштирок дошт, намоиш дода шуд, ки чун ҳарвақта, аз наворҳои якмароми такроршаванда иборат буда, ними матни пасикадриро барандаи барнома бе пахши навор, аз студия хонда дод, ки бори дигар аз номувофиқ омадани матни расмӣ бо қоидаҳои таҳияи хабарҳои телевизионӣ шаҳодат медиҳад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузоришҳо аз мулоқоти президенти кишвар бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ва бо роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ин Созмон низ чунин камбудӣ дошт.

Гузориши бахши иқтисодӣ (муаллиф Маҳмуд Ализода) аз вилояти Суғд ҷолиб буд ва ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бахшида шуда буд. Қайд гардид, ки дар ин давра молу маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ба миқдори зиёда аз 8 млрд сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.  Муаллиф ин муваффақиятро ба интиқоли саривақтии мол ба воситаи нақлиёт — қатораҳои роҳи оҳан ва мошинҳои боркашон вобаста карда, бо истифода аз баромади масъулини ин корхонаҳо масъалаи мусоидат намудан ба фурӯши маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзии кишвар ба хориҷаро пеш мегузорад.

Гузориши навбатии журналист Худойдоди Раҷаб бошад, аз раванди омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлол дар вилояти Хатлон бахшида шуда, бештар характери ҳисоботиро дошт. Дар наворҳо масъулин баромад намуда, аз комёбиҳои ба дастовардаи вилоят дар сохтмону ба кор даровардани корхонаҳои саноатӣ гап заданд ва хабар доданд, ки ба муносибати ҷашн дар умум 2700 иншоот сохта ва 9 ҳазор ҷои кории доимӣ  фароҳам оварда шудааст. Яке аз масъулон дар омади гап иброз дошт, ки дар вилоят корхонаи истеҳсоли гӯгирд, ки дар ҷумҳурӣ ягона ва аввалин мебошад, дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба истифода дода мешавад. Боз ҳам дар матни пасикадрӣ ибораҳои обшуста ва расмӣ зиёд истифода шуданд, ки  ҳусни маводро коҳиш дод.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Гузоришҳои расмии ин шабака низ ба шиносоии президент бо ҳолати омодабошии ҷузъу томҳои сарҳадии  гарнизони Хатлон барои ҳифзи марзҳои Тоҷикистону Афғонистон бахшида шуда,  ба таври пурра намоиш дода шуд. Сипас, мулоқот бо роҳбари Созмони ҳамкории Шанхай ва вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмон нишон дода шуда, дар он дар қатори дигар масъалаҳо, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон ва пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон дида баромада шуд. Масъалаи Афғонистон дар мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И низ муҳокима гардид.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши навбатии барнома ба баргузории иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида шуда буд. Аз наворҳо маълум гардид, ки дар он ғайри вакилон, масъулини гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Аммо камбудии асосии гузоришгарон дар он буд, ки онҳо бе истифода аз ному насаб, як-як руйхати иштирокчиёни ҷаласаро хонда дода, бо ин амалашон вақти зиёди эфирро гирифтанд, ки боиси истифодаи пай дар пайи наворҳои бе ин ҳам камшумори чунин ҷаласаҳо гардид. Аз навори пешниҳодшуда  маълум гардид, ки ҷаласа хеле ҷолиб гузашт, чунки ваҷоҳати раисикунандаи маҷлис дар ҳар гуна ҳолат тағйир меёфт. Мутаассифона, аз ин лаҳзаҳо ягон синхрон пешниҳод нагардид ва танҳо матни дарози пасикадрӣ хонда шуд.

Барнома бо гузориш аз ҷараёни сафарбар намудани корвони мошинҳои кӯмак ба зарардидагони заминларзаи 10 июл дар Тоҷикободу Рашт анҷом ёфт. Хабар дода шуд, ки ин кӯмаки моддӣ бори сеюм аст аз ҷониби Агентии захираҳои моддии назди Президенти ҶТ расонида мешавад ва дар наворҳо корвони мошинҳои боркашро, ки аз лавозимоти сохтмонӣ, аз қабили сементу тахта иборат буд, такрор ба такрор аз ракурсҳои гуногун намоиш доданд. Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди камбудӣ доштани наворҳо садои занонаи гузоришгар, хеле хуб монда шуда буд ва барои омода намудани чунин гузоришҳо мувофиқат мекард, ки дар барномаҳои хабарии ватанӣ мавриди хеле нодир аст.

“Ҳафт рӯз” , ТВ “Ҷаҳоннамо”

Дар барнома ҳамаи гузоришҳои расмии дар дигар шабакаҳо номбаршуда, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар омода шуда буданд, ҳамчунин пахш шуданд, аммо ҷо ба ҷогузориашон аз рӯи таърихи баргузориашон сурат гирифт. Масалан, дар оғоз мулоқот бо роҳбари Созмони Аҳдномаи Шанхай Владимир Норов, баъд бо вазири корҳои хориҷии Чин ва дигар мулоқотҳо, сипас гузоришҳо аз гузашти Қувваҳои Мусаллаҳи гарнизони Хатлон, ки 16 июл сурат гирифт, намоиш дода шуд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Яке аз гузоришҳои ҷолиби расмӣ бо садои барандаи шабакаи Тоҷикистон Фахриддини Муҳаммадюсуф аз баргузории ҷаласаи якуми вазирони саноати давлатҳои узви Созмон тариқи видеоконфронс таҳти раисии  вазири саноат ва технологияҳои нави кишвар Шералӣ Кабир хабар дод. Ҳарчанд наворҳои пешниҳодшуда аз сабаби аз утоқи кории вазир сабт шуданашон якмаром буданд, худи факти дар барнома истифода бурдани наворҳои марбут ба мақомдорон як навгонӣ ҳисоб мешавад.

Гузориши охир низ, ки ба баргузор гардидани Фестивали хӯрокҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар боғи Ирам, ки аз ҷониби Ҳофизи Маҳмадалӣ пешниҳод гардид, то андозае ҷолиб ба назар расид. Чунки дар байни  гузоришҳои расмии пешниҳодгардида дар ин ҷо синхронҳо истифода шуданд ва эҳсосоти ҳамсӯҳбатон ба наворҳои пешниҳодгардида “ҷон дароварданд”. Масалан, намояндаи сафорати Ҳиндустон хӯрокҳои пешниҳодшудаи миллии кишвари худро бо як ҳаяҷон муаррифӣ намуда, қайд намуд, ки аксари онҳо хуроки кучагӣ аст. Дигаре, ки аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон буд ва барои тамошо ба фестивал ташриф овард, иброз дошт, ки хӯрокҳои миллатҳои гуногунро дар ин чорабинӣ дидан мумкин аст ва ин як нишонаи муттаҳид намудани онҳост. Намояндаи Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон  бошад, дар баромадаш зикр кард, ки чунин фестивалҳо барои васеъ намудани имкониятҳои рушди сайёҳӣ, аз он ҷумла саёҳатҳои гастрономӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ