Дар охири моҳи июни соли 2021, Internews дар Алмаато барои бист рӯзноманигор аз минтақаҳои гуногуни Қазоқистон офлайн-тренинги Мактаби журналистикаи таҳқиқотиро баргузор намуд. “Хабарнигори нав” нашри маводҳои бар асоси тренинги мазкур таҳияшударо идома медиҳад. Медиатренери Украина, муҳаққиқ Мария Землянская дар бораи марҳилаҳои муҳими омодасозии таҳқиқоти журналистӣ, марҳилаҳои кор дар дафтари корӣ ва марҳилаи саҳроӣ, инчунин систематизатсия ва таҳлили иттилоот нақл кард.
Марҳилаи таҳқиқот дар дафтари корӣ
Дар кори таҳқиқоти журналистӣ тақрибан 70 фоизи вақт дар марҳилаи дафтари корӣ ва танҳо тақрибан 30 фоизи вақт дар марҳилаи саҳроӣ сарф мешавад.
Рӯзноманигор дар марҳилаи кор дар дафтари корӣ чӣ кор мекунад?
- Фарзияро таҳия мекунад (версияи кории дар як ҷумла таҳияшуда, ки ҷавобҳо ба саволҳоро дар бар мегирад: ман чиро таҳқиқ мекунам? Кӣ айбдор аст? Ин ба вазъият чӣ гуна таъсир мерасонад?).
- Ба дурнамои мавзӯъ баҳо медиҳад (мавзӯъ вақте умедбахш ҳисобида мешавад, ки натиҷа аз захираҳои сарфшуда зиёд бошад, дар ҳоле ки дар таҳқиқот арзиши иҷтимоӣ, миқёс ва инъикоси мушкил вуҷуд дорад).
- Марҳилаи саҳроии корро ба нақша мегирад.
- Иттилоот ва далелҳоро ҷамъоварӣ мекунад (ба ёд доштан муҳим аст, ки иттилоот зиёд хоҳад буд. Ин як чизи муқаррарӣ аст, вақте ки 90% иттилооти ҷамъоваришуда ва коркарднашуда нашр нашуда боқӣ мемонанд, хонанда/тамошобин танҳо нӯки айсбергро мебинад – чизи аз ҳама бештар муҳим ва ҷолиб).
- Иттилоотро таҳлил мекунад, ҳуҷҷатро омода мекунад ва ба мусоҳибаи умумӣ омода мешавад.
- Далелсанҷиро (фактчекро) анҷом медиҳад.
БАНАҚШАГИРИИ ТАҲҚИҚОТ
ФАРЗИЯ:_______________________________________________________________________________
_____________________________________________________________________________________________
ДАЛЕЛ | МАНБАЪИ ЭҲТИМОЛӢ | РӮЗНОМАНИГОРИ МАСЪУЛ | МУҲЛАТИ НИҲОӢ |
Намунаи ҳуҷҷат барои банақшагирии таҳқиқоти журналистӣ
ЧӢ ГУНА ЗАХИРАҲОРО АРЗЁБӢ КАРД?
ВАҚТ – БА ЁД ДОШТАН МУҲИМ АСТ, КИ НА ҲАМА ЧИЗ АЗ МО ВОБАСТА АСТ
ОДАМОН – ФАҲМИДАНИ ОН КИ ДАСТАИ ШУМО КИҲО ҲАСТАНД ВА ШУМО КАДОМ МАНБАЪҲОРО ДОРЕД
ПУЛ – ТАҲИЯИ БУҶЕТИ ТАҲҚИҚОТ
Чӣ гуна хавфҳои эҳтимолиро арзёбӣ кард?
Хавфҳои ҳуқуқӣ вуҷуд доранд: ҷавобгарии ҷиноятӣ, ҷавобгарии маъмурӣ, ҷавобгарии шаҳрвандӣ. Ҳамчунин, хавфҳои ғайриҳуқуқӣ ҳастанд: таҳдид ба амнияти ҷисмонӣ, шантаж, фишори равонӣ, таҳдид ба амнияти рақамӣ (талафи маълумот), таҳдид ба рехтани обрӯ (бадномкунӣ).
Банақшагирии кор чӣ манфиатҳо дорад?
Банақшагирӣ ва протоколи таҳқиқот барои он лозим мебошанд, ки ҳеҷ чиз аз мадди назар дур намонад. Банақшагирӣ имкон медиҳад, ки кори гурӯҳиро дар мавриди мавзӯъ сохторбандӣ кунед, соҳаи масъулияти рӯзноманигори мушаххасро муайян кунед, муҳлати кор дар мавзӯъро муайян кунед ва гунаҳкори вайрон кардани муҳлати ниҳоиро муайян кунед. Банақшагирӣ маънои онро дорад: таҳияи нақшаи корӣ, рӯйхати баромадкунандагон (спикерҳо), рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва протокол.
Қоидаҳои асосии банақшагирӣ аз мавридҳои зерин иборат мебошанд: баргузор намудани муҳокимаҳои доимӣ (ҳарҳафтаина, ҳаррӯза), ҳар аъзои гурӯҳ ба нақшаи таҳқиқот ва ҷузвдони (папкаи) умумӣ дар Google-диск дастрасӣ дорад, ҳама қоидаҳои умумии систематизатсияи иттилоот ва ташкили профайлҳоро риоя мекунанд, ҳама такроркунии иттилоотро анҷом медиҳанд. Банақшагирӣ мумкин аст танҳо дар файли Excel ё дар воситаҳои банақшагирии дигар, ба монанди Todoist ва ғайра гузаронида шавад.
Марҳилаи саҳроӣ таҳқиқот
Вақте ки рӯзноманигор ба саҳро мебарояд, яъне методҳои зерини кор вуҷуд доранд:
- мушоҳида: ошкоро ва пинҳонӣ;
- мушоҳидаи воридкардашуда ва бартарафкардашуда;
- озмоиш (эксперимент);
- мусоҳибаи муноқишавӣ.
Ва боз марҳилаи дафтари корӣ!
Пас аз он, рӯзноманигор дубора ба дафтари корӣ бармегардад, то ки: маълумоти ҷамъоваришударо таҳлил кунад; матнро нависад/таҳрир кунад/сюжетро омода кунад; экспертизаи ҳуқуқиро анҷом диҳад; фактчекро анҷом диҳад; пас аз интишори матн/сюжет барои ҷойгир кардан дар шабакаҳои иҷтимоӣ корҳоро лозимаро иҷро кунад.
Систематизатсияи иттилоот аз рӯи нақшаи зерин гузаронида мешавад: арзёбии миқёси мушкил, мувофиқати фарзия ба воқеият, огоҳӣ аз далелҳои вуҷуднадошта. Систематизатсияи иттилоот таҷдиди рӯйдодҳо, харитаи рӯйдодҳо (ҷойҳо), тартиби хронологӣ (вақт), иштироккунандагони ҳодиса ва робитаҳои одамон/ширкатҳоро дар бар мегирад.
ҲАНГОМИ СИСТЕМАТИЗАТСИЯИ ИТТИЛООТ ТАҲИЯ НАМУДАНИ ПАПКА (ДОСЬЕ) ВА ҲАМЧУНИН ҲИФЗ НАМУДАНИ БОЙГОНӢ МУҲИМ АСТ, КИ МУМКИН АСТ ПАС АЗ ЧАНД СОЛ БА КОР ОЯД – БИСЁРИ ШАХСОНИ ДАР ТАҲҚИҚОТ ИШТИРОККУНАНДА МЕТАВОНАНД АЗ ТАРИҚИ НАРДБОНИ ПЕШРАФТИ ШУҒЛӢ БОЛО РАВАНД.
Папка (досье) мавридҳои зеринро дар бар мегирад: қаҳрамонҳо, манбаъҳо, коршиносон, ҳуҷҷатҳои рақамӣ, рамзкушоиҳо (расшифровка), видео/аудио/аксҳо, объектҳои таҳқиқот. Қоидаҳои кор бо папка: ҳимояи рақамӣ, дастрасӣ, стандартизатсия (ном, сохтор), эътимоднокӣ.
Қоидаҳои асосии кор бо бойгонӣ: эътимоднокӣ; ҳифзи маълумот аз гум шудан; стандартизатсия; шакли сохторбандишуда (муаллиф, вақт, далел, манбаъ). Бойгонӣ барои ҳифзи иттилоот хидмат мекунад, дастрасӣ ба он бояд аз ҳар нуқта имконпазир бошад.
Тавсияҳои мазкур бар асоси суханронии Мария Землянская дар офлайн-тренинги Мактаби журналистикаи таҳқиқотӣ таҳия карда шудаанд, ки дар чорчӯби Барномаи Осиёи Марказӣ MediaCAMP баргузор гардид.