Дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои ҷамъбастии худро ба ин руйдоди бузурги таърихӣ бахшиданд. Азбаски ҳафтаи гузашта соли нави таҳсил оғоз гардид, аксарияти гузоришҳо ба иқдомҳои Ҳукумати кишвар дар соҳаи маориф бахшида шуда буданд.
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Ҳамаи гузоришҳо анқариб расмӣ буданд. Масалан, дар блоки хабарҳои муҳими сиёсӣ дар бораи мулоқоти президенти кишвар бо вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас гузориш пешниҳод гардид, ки дар он дар баробари муҳокимаи масоили додугирифт, вазъияти Афғонистон ва мустаҳкамкунии марзҳои байни Тоҷикистону ин кишвар баррасӣ гардид. Агар ними матни гузоришро бо наворҳо пӯшиш дода бошанд, ними дигарашро ровии барнома Фахриддини Муҳаммадюсуф бидуни навори видеоӣ (фақат матн) хонда дод.
Сипас, силсилагузоришҳо бахшида ба омодагиҳо ба ҷашни Истиқлолияти кишвар пешниҳод гардиданд. Дар иртибот бо ин санаи муқаддас дар аввал гузориши расмӣ аз маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби президенти ҷумҳурӣ ба кормандони соҳаи илму фарҳанги мамлакат, тандурустиву мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар хизматчиёни давлативу собиқадорон, сипас, дар бораи баргузор шудани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд. Ҳар ду гузориш, ки аз толорҳо наворбардорӣ шуда буд, қариб якнавохт, бе истифодаи синхронҳо танҳо бо матни пасикадрӣ пешниҳод гардиданд.
Блоки дигари хабарҳо бевосита ба Рӯзи дониш ва дар иртибот бо он ифтитоҳи як қатор муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт бахшида шуда буданд. Аввал дар бораи аз ҷониби президенти мамлакат ва мири шаҳр дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои мактаби № 133 (гузориши Муҳиддини Муҳаммаддовуд), сипас, бинои хобгоҳи мактаб- интернати рақами 1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе, гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат, ду бинои нави Донишгоҳи сайёҳӣ, соҳибкориву хизмат ва дар алоҳидагӣ бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ кушодашавии кӯдакистон ва литсейи “Адолат” (гузориши Маҳмадалии Сафар) хабар дода шуд.
Дар ҳамаи гузоришҳо дар бораи “бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода додани иншоот, муҳайё намудани муосиртарин шароити илму ҳунаромӯзӣ” бо ҳамаи ҷузъиёти ҷойдошта, “то сабзу хуррам гардонии атрофи онҳо ва шинонидани дарахтони сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ” гуфта гузаштанд. Дар ин миён дар бораи ба 500 нафар ятимону бепарасторон супорида шудани туҳфаҳои анъанавии идона, аз қабили сарулибоси мактабӣ, лавозимоти таълимӣ ва шириниҳо, пас аз он, дар толори гимназияи №4 бо иштироки ҳайати омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф ва донишҷӯён гузаронидани Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гузоришҳо пешниҳод гардиданд. Дар ин мулоқот нуктаи муҳим – аз ҷониби президенти мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ҳамасола 1-уми июн ҷамъбаст намудани соли таҳсил пешниҳод гардид.
Аз маводҳои таҳиякардаи худи дастандаркорони барнома доир ба баргузор намудани Иди ангур, каду, харбузаву тарбуз дар боғи Ирами пойтахт гузориш пешниҳод шуд, ки муаллифаш Наврузшоҳи Азизулло буд. Дар наворҳо ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзиро намоиш доданд. Дар он ҳамсуҳбатон – намояндагони шуъбаҳои кишоварзии сатҳи ноҳияву вилоят, олимони Академияи илмҳои кишоварзии мамлакат ва деҳқонон перомуни равобити илму истеҳсолот гап заданд. Дар наворҳо дастовардҳои ҳосили ҷамъовардашудаи соли 2021 – калонтарин кадуи навъи “Великан” (бо вазни 52 кг), тарбуз (48 кг) ва хӯшаи ангур (6,5 кг) намоиш дода шуд.
Бо вуҷуди истифодаи теъдоди зиёди ҳамсуҳбатон ва наворҳои рангин камбудии сужети мазкур дар он буд, ки таассуроти гирандаи асосии ин неъматҳои бешумори табиӣ – мардуми оддӣ дидаву шунида нашуд. Маҳз бо нишон дода тавонистани ҳиссиёти иштирокчиёни маърака таъсири чунин гузоришҳои телевизионӣ ба маротиб меафзояд.
Бояд қайд намоем, ки ин дафъа барномаи ҷамъбастии “Тоҷикистон” нисбат ба барномаҳои дигар шабакаҳо аз рӯи истифодаи вақт кӯтоҳтар (54 дақиқа) пешниҳод гардид, ҳарчанд аз рӯи мӯҳтаво ҳамаи чорабиниҳои расмиро фаро гирифта тавонист.
“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”
Шабакаи мазкур низ руйдодҳои расмии ин ҳафта рухдодаро баррасӣ карда, дар баробари ин, гузоришҳояшро каме фарохтар пешниҳод намуд. Масалан, дар гузориш аз ифтитоҳи мактаби № 133 синхронҳои суҳбати президенти кишвар бо хонандагон истифода шуданд, ки таъсири маводи пешниҳоднамударо бештар гардонид. Лаҳзаи шеърхонии мактаббачагон Иброҳим ва Робия каме дурудароз бошад ҳам, суҳбати баъдии онҳо бо президент дар бораи касби интихобнамудаи оянда самимӣ буданд. Дар гузориш аз ҳамин мактаб ва интернати бачагони ятим ду маротиба дар биноҳои мазкур мавҷуд будани лифти замонавӣ махсус таъкид гардид, гуйё лифт доштани таълимгоҳ ягон чизи ғайримуқаррарӣ бошад.
Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки матни гузориш аз мактаб-интернат нисбат ба дигар гузоришҳо беҳтар буд, чунки муаллифон кӯшиш карданд аз канселяризму ибораҳои обшуставу пургуйӣ камтар истифода намоянд. Лаҳни овози пасикадрӣ (бо задамонии дуруст — интонация) ҷавобгӯи барномаи итилоотӣ буд. Дар гузориш аз маҷлиси Ҳукумат бошад, баръакс, муаллиф то нисфи гузориш матнро бешитоб хонда, пас аз он суръати (темпи) хониш тезтар шуд.
Дар гузориш аз ифтитоҳи кӯдакистон ва литсеи “Адолат”, ки бо иштироки хосаи мири пойтахт Рустами Эмомалӣ сурат гирифт, дар синхронҳо кӯдакон бо забони русӣ баромад намуда, аз ҷумла, бо як овоз шеър низ хонданд, ки лаҳзаи ҷолибаш чунин оғоз шуд: “Спасибо за труд и науку, таджики на верном пути”. Аз чӣ бошад, чунин тарзи шеърхонӣ давраҳои шуравӣ, бахусус, давраҳои идоракунии Брежневро ба хотир оварданд.
Камбудии гузоришҳои пешниҳоднамудаи “Сафина” дар он буд, ки ҳарчанд онҳо аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар омода шуда бошанд ҳам, онҳоро каме таҳрир намудан мумкин буд. Чунки дар сужетҳои пешниҳодшуда, ҷумлаи 6 муассисаи мактабиро ба истифода супоридани президент ду маротиба айнан такрор шуд.
“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
“Ҳафт рӯз” низ гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президентро истифода карданд. Дар ин ҷо низ, ҷо-ҷо аз баромадҳои президент дар маросими ифтитоҳи мактабҳо ва мулоқотҳояш бо хонандагон порчаҳо пешкаш шуданд. Аз гимназияи № 4 суруди хонандагон ва аз маросими ифтитоҳи кӯдакистону литсеи “Адолат” рақси кӯдаконро пурра намоиш доданд, ки қиммати гузоришҳоро коҳиш дод, чунки вазифаи барномаи иттилоотӣ хабарро мухтасар ва возеҳу фаҳмо расондан аст, на пешниҳоди гузоришҳои якмароми тӯлонӣ. Баъд боз суруди хонандагонро шунавонданд ва бо ҳамин гузориш хеле тӯл кашид. Овози бачагон хуб буд, аммо муаллифон фаромӯш карданд, ки ин барномаи консертӣ не, балки таҳлилӣ-иттилоотӣ аст.
Ва дар анҷом гузориши худи дастандаркорони барнома дар бораи сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» пешниҳод гардид. Дар наворҳо ҷараёни корҳои сохтмониро дар иншоот нишон дода, бори дигар аз “васлу насби анкерҳои АЖГ ва ПНА” гуфта гузаштанд, ки чандин маротиб аз ҷониби мо мавриди танқид қарор гирифт ва на барои истифодаи зиёди истилоҳоти соҳавӣ, балки барои маънидод накардани он барои тамошобини ноогоҳ. Дар гузориш наворҳои умумӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ бисёр истифода шуданд ва дар анҷом аз маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба кормандони нерӯгоҳи «Роғун» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон лаҳзаҳои ҷолибро намоиш доданд.
Бояд зикр намуд, ки гузоришҳои ду шабакаи охир бештар аз як соат тӯл кашиданд. Сабаби чунин “дарозкунии” эфир дар истифодаи зиёди баромадҳои кӯдакон буд, ки бе ин ҳам дар гузоришҳои муфассали 1 сентябр пахшшуда, тариқи ҳамаи шабакаҳо намоиш дода шуда буданд.