Гузоришҳои расмӣ инак, чанд ҳафта боз давом доранд. Ин дафъа шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои ҷамъбастии худро ба сафари кории президенти кишвар ба водии Рашту ноҳияҳои Балҷувон ва Темурмалик, иштироки маҷозии раиси ҷумҳур дар иҷлосияи СММ ва сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон бахшиданд. Дар таърихи барномаҳои ҷамъбастӣ ТВ «Сафина» ҷиҳати истифодаи вақт ҳамаи рекордҳоро зад: эфир тӯли 190 дақиқа давом кард!
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Барнома ғайриинтизор, на соати 20.30 шом, балки соати 18 оғоз гардида, се соат давом намуд. Дар аввал аз сафари кории президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, ки аз 20 то 23 сентябр бо мақсади иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъйиноти гуногун сурат гирифт, гузоришҳо пешкаш гардиданд.
Гузоришҳои расмии омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар аз ноҳияи Сангвор оғоз гардиданд.
Чун ҳарвақта муҳтавои онҳо аз забони расмии канселярӣ иборат буда, дар аксар маврид наворҳо кам ва матн зиёд ба назар расид. Як камбудии назаррас дар он буд, ки ҳамаи гузоришҳо аз баёни таърихи баргузории сафар оғоз мешуданд, ки дар дигар барномаҳои хабарӣ низ доимо такрор мешавад. Агар баранда дар оғоз дар бораи кай ва ба куҷо сафар намудани сарвари давлат хабар диҳад, барои ҳар дафъа (гузоришҳо беш аз 40-то буданд) таъкид намудани таърихи баргузории он чӣ зарурат бошад?
Он рӯз, яъне 20 сентябр, президент биноҳои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва меҳмонхонаи «Таҳмина»-ро кушода, ба бунёди кӯдакистони «Калидчаи Заррин» оғози расмӣ бахшид ва аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуд. Инчунин бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот анҷом дод.
Дар омади гап, хабари он ки ҳуҷраҳои кории роҳбарияти ноҳия, дастгоҳи раиси ноҳия ва муовинон дар кадом ошёна ҷойгиранд, ба андешаи мо барои гузориши телевизионӣ, расмӣ ҳам бошад, ягон зарурате надорад, чунки қариб дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар чунин биноҳои маъмурӣ аз рӯи як тарҳ сохта шуда, утоқи кории роҳбарият тибқи маъмул дар ошёнаи дуюм қарор мегирад.
Дар ноҳияи Нуробод Пешвои миллат дар расми ба истифода супоридани корхонаи паррандапарварии «Мурғи Нуробод», бинои маъмурии бахши ноҳиявии кумитаи иҷроияи ҲХДТ, бинои шуъбаи таваллуд ва навзодони беморхонаи марказии ноҳия ширкат варзида, ба фаъолияти марҳилаи якуми боғи фарҳангӣ-фароғатии бо ифтитоҳи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, Нишон ва Парчами давлатӣ ҳусни оғоз бахшид.Чунончӣ марҳилаи дуюми роҳи автомобилгарди қисмати марказии шаҳраки Дарбандро мавриди истифода қарор дод ва аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзии ноҳия дидан кард.
Дар гузоришҳои баъдӣ хабар дода шуд, ки президенти кишвар рӯзи дигар ба ноҳияҳои Лахш, Тоҷикобод ва Рашт сафар намуда, дар он ҷо биноҳои шуъбаи кишоварзӣ, шуъбаи бемориҳои сироятиии беморхонаи Лахш, маркази хизматрасонии «Тоҷикобод», маркази саломатӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ (Тоҷикобод), маркази хизматрасонии «Сияриён» ва терминали мусофиркашонии минтақавӣ, бинои нави ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ, мактаби №35, бинои маъмурии ҷамоати шаҳраки Навобод, бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, кӯдакистони «Ахтарак» ва маркази тиҷоратию хизматрасонии “Мираюб”-ро (Рашт) ифтитоҳ бахшида бо вазъи рушди соҳаи боғдорӣ ва ниҳолпарварӣ дар боғи интенсивии “Пайванд-Рашт” шинос шуд.
Дар ҳар се ноҳия намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дар Рашт корхонаву коргоҳҳо баргузор шуда, бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳо мулоқотҳо доир гардиданд. Аз рӯи анъана, сарвари давлат бо 60 нафар ятимони ноҳияҳои минтақаи Рашт вохурӣ намуд ва ба онҳо сару либос ва тӯҳфаҳо супорид.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт бо чорабинии бошукӯҳи консертии ҳунармандон анҷом ёфт.
Бояд гуфт, ки дар гузоришҳои зиёд аз минтақаи Рашт чанд чизи ҷолибро мушоҳида кардан мумкин буд. Аввал, он ки бинои нави дуошёнаи ситоди қисми ҳарбӣ ва хобгоҳ шабона ифтитоҳ карда шуд, ки барои гузоришҳои расмӣ хеле кам даст меояд ва аз пурмуҳтаво будани барномаи сафари кории президент дарак медиҳад.
Дар гузориш аз кӯдакистони «Ахтарак» хабар дода шуд, ки ин аввалин боғчаи шакли нав дар ноҳияи Рашт мебошад, ки дар он бори аввал забонҳои русӣ ва англисиро меомӯзанд. Дар марҳилаи аввал ба ин ҷо мураббиёни касбӣ аз шаҳри Душанбе даъват карда шудаанд.
Муаллифон бар онанд, ки бонувони маҳаллиро минбаъд ба ҳайси мураббӣ бояд омӯзонанд. Охир, коллеҷи омӯзгорӣ ва донишкадаи омӯзгории ноҳияи Рашт, ки тули чандин сол фаъолият мекунанд, оё тавони тайёр намудани чунин кадрҳоро надорад? Ва чаро? Агар дар ин хусус гузориш омода мешуд, масъаларо ҳамаҷониба баррасӣ кардан мумкин буд.
Дар гузориш аз мулоқот бо ятимон муаллиф онҳоро “кӯдакони хуштолеи даврони соҳибистиқлол” ном бурд, ки чандон мантиқӣ нест. Агар онҳо хуштолеъ мебуданд, аз падару модар маҳрум намешуданд. Чунки аз азал маълум аст, ки ягон парваришгоҳ ва хонаи кӯдакон ҷои оиларо гирифта наметавонад.
Бо ҳамин силсилагузоришҳо аз ноҳияҳои водии Рашт ба анҷом расиданд ва навбат ба вилояти Хатлон расид.
Гузоришҳои навбатӣ ба ифтитоҳи бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои нави филиали “Амонатбонк”, осорхонаи таърихию кишваршиносӣ, варзишгоҳи марказӣ, тарабхонаи «Сайди Хосор» дар Балҷувон ва дар ноҳияи Темурмалик бошад, майдонҳои Нишони давлатӣ ва Парчами давлатӣ, бинои мактаби №1 бахшида шуда, ҳамзамон, дар бораи ба корҳои сохтмони ду бинои истиқоматии панҷошёна оғоз бахшидану мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғи фарҳангию фароғатии ба номи Бобоюнус Худойдодзода хабар дода шуд.
Дар бораи осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Балҷувон ҷудогона бояд гуфт, ки сохтани бинои наву замонавӣ беҳтарин иқдом аст ва он барои ба ин гӯшаи сайёҳии кишвар ҷалб намудани сайёҳон мусоидат мекунад. Агар перомуни аҳамияти осорхона ва нигораҳои он ягон олими бостоншинос чанд сухан мегуфт ва андешаи ягон сайёҳи хориҷиро роҷеъ ба ин мавзеъ мефаҳмидем, гузориш беҳтар мешуд.
Дар мавриди номбар намудани навъи дарахтон дар майдони Парчам, ки ҳамаашро муаллифон бо забони русӣ номбар карданд, аз қабили кипарис, можжевелник, сирени ҳиндӣ, магнолия, клен ва каштан бояд иброз дошт, ки аввалаш номбар намудани онҳо зарурат надошт ва агар дошт, мебоист муродифи тоҷикиашро меёфтанд.
Пас аз чунин сисилагузоришҳо суханронии президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 76-уми Созмони Милали Муттаҳид, ки 24 сентябр ба таври маҷозӣ доир гардид, пурра намоиш дода шуд. Дар он масъалаҳои вазъи Афғонистон ва таҳдиди он ба амнияту суботи минтақа, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018 – 2028” ва соли 2025-ро ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудан, бори дигар таъкид шуданд.
Дар анҷом бошад, аз сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон гузориши муфассал пешниҳод гардид. Зимни сафар барои сохтмони бинои сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта шуда, ба яке аз кӯчаҳои пойтахти Қазоқистон номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва нимпайкараи шоир гузошта шуд.
“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”
Барнома гузориши муфассалро чун “Тоҷикистон” пурра намоиш дода, илова бар он баромади синхроние, ки дастандаркорони хадамоти матбуотии президент пахши онро ҷоиз донистанд, нишон доданд. Инчунин фикру андешаи чанд нафареро аз иштирокчиёни мулоқоту ифтитоҳи иншоот низ истифода карданд.
Агар дар гузоришҳои “Тоҷикистон” ва “Ҷаҳоннамо” яке аз лаҳзаҳои хотирмон — суҳбати синхронии президент бо духтарак Муҳима аз Лахш, ки ӯро сарвари давлат барои идомаи хондан ба литсеи президентии шаҳри Душанбе ҳидоят намуд ва духтарак аз ҳаяҷон Пешвои миллатро оғӯш гирифта, шодӣ ва рақс кард, намоиш дода шуда бошад, дар гузоришҳои “Сафина” баромадҳои корманди мақомот, соҳибкори маҳаллӣ, намояндаи ширкат, яке аз иштирокчиёни маросим ва омӯзгор ва ба ин монанд баромад намуданд, ки ҳамаи онҳо як маром миннатдории хешро ба сарвари давлат баён намуданд. Бояд зикр кард, ки истифода намудани чунин мусоҳибон, ки хабари наверо барои тамошобин намедиҳанд, дар барномаи бе ин ҳам тулонӣ зарурат надошт.
Камбуди дигар дар он буд, ки дар гузоришҳо матн на ҳамеша бо наворҳо мувофиқат мекард. Агар сухан дар бораи асал мерафт, дар навор тамоман чизи дигарро намоиш медоданд.
Умуман, барнома рекорд нишон дода, тули 3 соату 10 дақиқа пахш шуд.
“Ҳафт рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Барномаи мазкур низ на дар вақти муқаррариаш (соати 21), балки як соат дертар оғоз шуда, гузоришҳои аз ҷониби хадамоти матбуотии президент омода гардидаро пурра нишон дод.
Бар замми ин, дар барнома гузориш аз сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Файзобод ва иштироки вай дар расми ба истифода супоридани иншооти таъйиноти гуногун бо истифодаи мусоҳибаҳо бо сокинони ноҳия намоиш дода шуд.
Бо вуҷуди ин, нашри мазкур нисбат ба барномаҳои шабакаҳои “Тоҷикистон” ва “Сафина” кӯтоҳтар — 2 соату 47 дақиқа буд. Баронома соати 1-и шаби рӯзи 27 сентябр ба итмом расид.