ДомойНақди РасонаӣНавгониҳо дар «Тоҷикистон» ва қаҳрамонони паси парда. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта...

Навгониҳо дар «Тоҷикистон» ва қаҳрамонони паси парда. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 26 сентябр то 3 октябр

Ҳафтаи гузашта шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои  ҷамъбастии худро боз ба гузоришҳои расмӣ бахшида, дар пешкаш ва замони пахши онҳо навигариҳо низ дохил намуданд. Дар «Тоҷикистон» барномаро ду наттоқ бурда бошанд, дар «Сафина» вақти муқаррарӣ ба ҷои «Ҷамъбасти ҳафта» барномаи иттилоотии «Навид» ва дар «Ҷаҳоннамо» бошад, ба ҷои «Ҳафт рӯз» барномаи иттилоотии «Хабар» пахш гардид. Дар баробари тағйирёбии ҷои барномаҳо муҳтавои он беҳтар нашуд.

 «Тоҷикистон», ТВ  «Тоҷикистон»

Ҳафтаи сипаришуда ғайричашмдошт ҷойи Фахриддини Муҳаммадюсуфро ду наттоқ Саидмукаррами Шарифзода ва Наргиси Шарифзода гирифтанд. Нуктаеро ёдрас кардан бамаврид аст, ки пешсухан (подводкаҳои) ин нашри барнома беҳтар ва мубрам пешниҳод гардида,  наттоқон соддаву фаҳмо мавзуъи ҳар як гузоришро муаррифӣ намуданд.

Бояд зикр кунем, ки дар чандин барномаи қаблӣ он чизеро ки дар оғози гузориш мегуфтанд, баранда аксар вақт айнан такрор мекард.

Муҳтавои барнома ин шом тақрибан пурра ба сафари кории президенти кишвар ба ноҳияҳои Ховалингу Балҷувон бахшида шуда буд. Дар гузоришҳо чун ҳарвақта синхронҳо асосан ҳангоми сурудхониву рақсу бозӣ ва суҳбатҳои кутоҳ истифода шуданд.

Аммо ғайричашмдошт оғози гузориши сафари сарвари давлат аз мулоқоти ғайрирасмӣ бо сокинони оддии Ховалинг, махсусан кӯдакон сурат гирифта, маълум буд, ки он бидуни сенария таҳия шудааст. Чунки кӯдакони деҳкадаи Ҷомбахт на либоси идона, балки сару либоси муқараррию оддиро ба бар карда буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Ҳангоми шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардуми Ховалинг сарвари давлат як қатор  иншооти дорои таъйиноти гуногунро аз қабили мактаби рақами 48, коргоҳи коркард ва бандубасти асал, бинои нави маъмурии деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо, чойхонаи “Чилчанор”, корхонаи паррандапарварии ҶДММ «Оби Ховалинг» барои 5 ҳазор сар мурғи марҷон, амфитеатри дорои 2 ҳазор ҷой ва чандин иншооти дигари ҷашниро аз қабили бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Айлодара, бинои тармимшудаи китобхонаи марказӣ,

майдончаи варзишӣ ва ҳаммом дар ҷамоати Шугнов ва дар маркази ноҳия хона-музей ва маркази хизматрасонии ба номи Ҷӯрабек Назриро ифтитоҳ намуда, аз намоиш-фуруши гулу гиёҳҳои шифобахш ва боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дидан карда, оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон ва дар чойхонаи нав бо 30 нафар ятими кулл мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар рӯзи дуюми сафар Пешвои миллат ба деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон рафта, дар Шайдон корхонаи “Асали Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар саҳни он намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатии корхонаҳои вилоятро тамошо кард ва дар ҳамин деҳот  Парчами давлатии Тоҷикистонро парафшон намуд, ки бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фирдавс Муродов сохта ба истифода дода шуд.

Чун ҳарвақта ҳамаи гузоришҳо аз рӯи як тарҳ наворбардорӣ шуда, матнашон якмаром ва тулонӣ буда, ба жанри ахборӣ ҷавобгӯ набуд, гарчанд ин мавзуъҳоро хеле ҷолиб пешниҳод намудан мумкин аст.

Яке аз лаҳзаҳои самимӣ ва хотирмон суҳбати президент бо омӯзгори мактаби №48 буд, ки ба таври синхрон пешниҳод гардида, ҷаноби олӣ хонандагонро талқин намуд, ки мисли ҳамин муаллимаашон хонда, соҳибкасб шаванду оилаи обод барпо намоянд ва барои ватан хизмат кунанд.

Дар синхронҳои дигари гузориши мазкур 3 маротиба кӯдакон дар васфи сарвари давлат шеър ва суруди умумӣ хонданд. Нуктаи ҷолиб он буд, ки қариб ҳама баромадкардагон духтарон буданд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар гузорише, ки пайи ифтитоҳи мактаб намоиш доданд, сухан атрофи лоиҳаи боз як бинои нави иловагии мактаб мерафт, аммо аз набудани наворҳои мувофиқ саҳни мактабу майдончаи варзиширо такрор ба такрор намоиш доданд.

Дар бораи забони барнома низ бояд нуктаеро зикр намоем ки аксар вақт тарҷума ё муродифи истилоҳи мавриди шарҳ қарордошта пешниҳод карда намешавад. Масалан, дар гузориш аз коргоҳи асал муаллиф ду-се бор бочкаҳои (маъзарат барои истифодаи калимаи русӣ) асалро, ки аз чӯб сохта мешаванд, зарфҳои чӯбӣ аз шоҳбулут гуфта, таъкид намуд. Мебоист бо олимони  соҳа ҳамсуҳбат шуда, муродифи истилоҳи мазкурро ба тоҷикӣ меёфтанд, то ки тамошобинон низ аз он бархӯрдор бошанд.

Дар аксар гузоришҳо ҳамсӯҳбатон истифода шуда бошанд ҳам, қариб ҳамаашон танҳо шукргузорӣ ва миннатдории хешро ба сарвари давлат баён мекарданд ва чун баромадашон якмаром буд, шумораи онҳоро ба хотири сарфакории вақти эфир, ихтисор кардан мумкин буд. Масалан, дар гузориш аз ифтитоҳи бинои нави ҷамоати Ғаффор Мирзо раиси ҷамоат (зан) гап зада миннатдории худро баён намуд, баъди чанде котиби ҷамоат (мард) низ баромад намуда, тақрибан чунин суханҳоро такрор намуд.

Аз рӯи мушоҳидаҳо 90% ҳамсуҳбатони гузоришҳоро  занону духтарон ташкил карданд. Дар мактабҳо омӯзгорону шеърхонон, дар чойхона пешхизмат, дар мулоқот бо ятимон ду нафар, дар мулоқот бо фаъолони ноҳия табиб Моҳзода Мирзоева, собиқадор Эркамо Каримова,  хонандагон Зуҳро Иброҳимова ва Мунисаи Ҳамзалӣ, ки ҳамаашон бонувон буданд, баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва таваҷҷуҳ миннатдорӣ намуданд.

Албатта, баромад намудани ин тоифа қишри ҷомеа падидаи хуб аст, аммо бояд тавозуни гендерӣ низ хуб риоя шавад. Махсусан, шеърхониро (агар зарурати дигаре набошад) бояд бачаҳо низ анҷом диҳанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар баробари ин, дар бархе аз гузоришҳо титрҳо (зернавис)  ё ба ном муаррифнома гузошта нашуд ва маълум набуд, ки баромадкунандагон аслан киҳоянд. Чунин амал дар гузоришҳо аз Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ҷой дошт ва ҳамаи қаҳрамонон “беунвон” рафтанд.

Агар даст медод, барои ҷолиб намудани муҳтавои гузоришҳои якмаром, дар бораи соҳибкори маҳаллӣ Раҳимзода Фарҳод Рамазон, ки корхонаи паррандапарварии мурғи марҷон ва амфитеатри ноҳияи Ховалингро сохта, ба истифода додаанд, як сужаи хуби портретӣ тарҳрезӣ намудан мумкин буд.

Ё ин ки дар бораи соҳибкори дигар аз Сари Хосори Балҷувон Фирдавс Муродов, ки мумкин ягона нафаре дар Тоҷикистон аст, ки барои гузоштани Парчами давлатӣ ва бунёди як гулгашти хуштарҳу замонавӣ дар деҳаи худ хизмат намуда, барои тақвияти эҳсоси худшиносиву худогоҳии сокинон саҳм гузоштааст, навор мегирифтанд.

Бо ҳамин гузоришҳои расмӣ аз сафари президент ба ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон анҷом ёфта, навбат ба гузоришгарони худи барнома расид.

Аз Дубай муаллиф Фахриддини Муҳаммадюсуф гузоришеро бахшида ба ифтитоҳи расмии гӯшаи намоишии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО 2020» пешниҳод намуд. Бояд гуфт, ки аз ҷиҳати техникӣ сабти гузориш камбудӣ дошт, сифати садои мусоҳиб, раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссари генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода паст буд ва овозҳои ғайр дошт.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар баробари ин, дар баромади ду бонуи хориҷӣ, ки садояшонро дарҳол ба забони тоҷикӣ аз студия баргардон карда буданд, чунин камбудӣ пайхас нашуд.

Дар матни пасикадрӣ дар бораи “ташаббусҳои глобалии” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду-се маротиба ишора карданд ва худи истилоҳ ба назар дилхарош метобад, мебояд бо забони тоҷикӣ муродифашро ёфт. Хабари муҳим дар гузориши мазкур, муддати 6 моҳ — аз 1 октябри соли 2021 то 1 апрели соли 2022 дар шаҳри  Дубай амал намудани намоишгоҳ аст, ки барои тамошобине, ки сафари Дубайро дорад, имконияти хуб мебошад.

Ду гузориши охир  аз Хатлон (муаллиф Абдурозиқи Азиз) ва аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд (муаллиф Масрур Бобозода) ба оғози маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бахшида шуда, дар он баромади ҳамсуҳбатон (дар гузориш аз Бохтар) он қадар самимӣ набуд, чунки баромадкунандагон махсус таъкид карданд, ки онҳо кистанд (яке худро писари корманди комиссарияти ҳарбӣ муаррифӣ кард ва дигаре хатмкунандаи факултаи ҳуқуқшиносӣ) ва ин “махсусияти таъкид” баръало намоён буд. Яъне гузоришгаронро мебояд, ки эътимоди тамошобинро ба матну навори пешниҳодкардаашон нагардонанд ва барои матраҳ намудани гузоришҳои беҳтар кӯшиш намоянд.

«Навид», ТВ «Сафина»

Ин барномаро дар вақти муқаррарӣ баранда Суҳробшо Давлатзода ифтитоҳ намуда, дар он аксарияти гузоришҳои расмии аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти кишвар омодашуда пешниҳод гардиданд. Хронометражи барнома 1 соату 20 дақиқаро ташкил дод.

«Хабар», ТВ «Ҷаҳоннамо» 

Дар “Ҷаҳоннамо” бошад, дар вақти муайяншуда (соати 21) барномаи “Хабар”, ки ҳамарӯза 6 бор ва зиёда аз он пахш мегардад, оғоз шуда аксарияти гузоришҳои расмии  дар шабакаҳои дигар пешниҳодгардида намоиш дода шуданд.

Фарқаш дар он буд, ки масалан, барнома на аз ифтитоҳи намоиш-фурӯши гулу гиёҳҳои шифобахш ва зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ аз ҷониби президенти кишвар, балки аз ба фаъолият пардохтани бунгоҳи саломатӣ дар яке аз деҳоти Ховалинг ва китобхонаву хона-музейи Ҷӯрабек Назриев оғоз гардида, сипас  дигар иншооту мулоқот намоиш дода шуданд. Барнома 1 соату 10 дақиқа давом кард.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ