ДомойНақди РасонаӣКохи фарҳанги бемисл, маркази дандон ва мини-консерт. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта...

Кохи фарҳанги бемисл, маркази дандон ва мини-консерт. Шарҳи барномаҳои хабарии ҷамъбастии ҳафта аз 17 то 24 октябр

Дигар барномаҳои ҷамъбастии телевизионӣ чун солҳои пеш навгониҳои  ҳафтаро шарҳу тафсир намекунанд.  Чун чанд моҳи охир ҳафтаи гузашта низ шабакаҳои асосии кишвар барномаҳои  ҷамъбастии худро пурра ба гузоришҳои расмӣ бахшиданд. Аз ин барномаҳо чиро метавонем бардошт намоем, дар шарҳи навбатии мо бихонед.

“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”

Ин ҳафта барномаҳои ҷамъбастии шабакаҳои асосии телевизионии кишвар ҳамаи вақти пурқиммати эфири худро сарфи гузориши муфассали расмӣ аз сафари кории президенти кишвар ба ноҳияҳои Темурмалику Данғара намуданд, ки он аз ҷониби хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аз ҳама шабакаҳо рӯзи 21 октябр гузоришҳои пурраро аз ин сафар тариқи барномаҳои хабарӣ ва берун аз он пахш намуданд ва рӯзи якшанбе бошад, дар барномаҳои итилоотии таҳлиливу ҷамъбастии ҳафта як бори дигар намоиш доданд.

Гузориши аввал аз лаҳзаи фуруди чархболи президенти муҳтарам ба хоки деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик оғоз гардид. Дар ин ҷо сарвари давлатро кӯдакони хандон  бо шеъру суруд ботантана пешвоз гирифтанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Бояд зикр намуд, ки чанде пеш сарвари давлат баҳри шиносоӣ бо зисту зиндагии мардум ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии  Истиқлолияти давлатӣ ба ин ду ноҳия сафар намуда буд, аммо ба ҷамоати деҳоти Кангурт (Темурмалик) ва Исмат Шариф (Данғара)  ташриф набурда буд.

Аз наворҳо дидем, ки чӣ гуна мардуми меҳмоннавози ноҳия Пешвои миллатро  бо як самимият истиқбол гирифтанд.

Дар гузоришҳои қисми аввал Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик бинои коллеҷи тиббӣ,  муассисаи томактабии “Бону”, корхонаи саноатии “Пойафзоли Кангурт”, корхонаи истеҳсоли мебел, бинои истиқоматии 8-ошёна ва маркази табобатии “Мадади Акбар”, маркази табобати дандон, Кохи фарҳангро ифтитоҳ намуда, ҳамчунин ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшид ва бо роҳбарону фаъолони ноҳия низ мулоқоти судманд доир намуд.

Дар гузориш аз кӯдакистон пазироии президент аз ҷониби тарбиятгирандагони боғча ба таври синхрон намоиш дода шуд, ки дар он сарвари давлат бо духтарчаҳо ҳамсуҳбат гашта, ба зиракиву ҳозирҷавобии онҳо қоил мегардад.

Аз суҳбати кӯтоҳ ва самимии берун аз протокол маълум гардид, ки кӯдакон дар боғча он саҳар тухму шир тановул намуда, духтараке бо номи Айнура дар оянда духтур шуданист. Суҳбат бо шеърхонӣ дар васфи Пешвои миллат анҷом ёфт.

Дар ифтитоҳи маркази табобати дандон, ки аз ду утоқи корӣ иборат буд, аз ҷониби журналистон таъкид гардид, ки 5 нафар дар ин ҷо соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд, ки таъкиди ин маълумот чандон муҳим набуд, чунки дар муқоиса бо иншооти бузургтар ин шумора хеле кучак менамояд.

Чуноне дар маводҳои пештара гуфта будем, дар оғози ҳар гузориш таъкид намудани таърихи рӯз (гузоришҳо ҳама дар як рӯз, 21 октябр ба навор гирифта шуданд) ва номи пурраи президенти кишвар онро шаблонӣ мегардонад ва зарур аст, ки муаллифони гузориш сари рангорангии ҳар сужет андеша намоянд, то он дилбазан нашавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Инчунин наворҳо аз мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия, ки дар он танҳо иштирокчиён, сарвари давлат ва толорро бо сақфу фаршаш намоиш доданду дар матни пасикадрӣ аз таърихи пайдоиши мавзеъ ва худи вожаи Кангурт бисёр гап заданд, ҷавобгӯи жанри гузориши телевизионӣ набуд.

Худи ҳамон рӯз сарвари давлат ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварда, дар он ҷо 7 иншооти тайиноти гуногундоштаро ба истифода супорида, майдони варзиш ва боғи Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод ва аз намоиши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуд.

Дар ин ҷо низ аксар маврид ба ҷузъиёте аз қабили бо системаи гармидиҳӣ таъмин будани бинои агентии суғуртаи иҷтимоиву нафақа ва тавассути ангишт гарм кардани он, қариб дар атрофи  ҳар як иншооот шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби чандин сутунпояи чароғ хабар медиҳанду дар гузориш аз оғози сохтмони роҳи мошингарди “Данғара-Левакант-Бохтар”, ки “дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад”, худи шарикони рушдро дар симои як намояндаи хориҷӣ дар навор нишон медиҳанд. Аммо кӣ будани “шарики рушд”  (кадом сафорат ё ташкилоти байналмиллалӣ), ки дар лоиҳаи сохтмони роҳ кӯмак мекунад (ва кӯмаки хурд не, албатта), тамоман ном гирифта намешавад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Дар наворҳои боғи Парчам бошад, чун анъанаи нашрҳои гузаштаи барнома наворҳои саҳнасозишуда истифода гардид, ки дар он гурӯҳи духтаракон сохтакорона дар сардии моҳи октябр тани як курта вақти шомгоҳон аз фаввораи нав обпошӣ мекарданд. То ба кай дар барномаи иттилотии ҷиддӣ чунин сохтакориҳо роҳ дода мешуда бошанд, маълум нест.

Дар омади гап, барнома тули 1 соату 40 дақиқа пахш гардид.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Бояд гуфт, ки ин барнома низ гузоришҳои расмиро айнан чун “Тоҷикистон” пешкаш намуд.

 “Ҳафт рӯз”, ТВ Ҷаҳоннамо”

Ин барнома низ гузоришҳои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистонро, аммо ҷо-ҷо версияи пурраи онро бо истифодаи синхронҳо пешниҳод намуд. Масалан, ҳангоми пешвозгирии сарвари давлат дар Кангурт аввал кӯдакон шеър хонданду сипас суруди миллии “Эй дӯст, биё” бо рақсаш тули 6 дақиқа намоиш дода шуд.

Ҳангоми пахш намудани гузориш аз ифтитоҳи коллеҷи тиббӣ бошад, синхрони ду нафар мутасаддиён бе зернавис (титр) пешниҳод гардид ва метавон тахмин зад, ки аввалин намояндаи ширкати сохтмоние буд, ки бинои коллеҷро сохт ва дуввумӣ аз коллективи омӯзгорон ё директори коллеҷ буд, ки дар баромадаш дар бораи шумораи хонандагон ва усули таълим гап заданд.

Инчунин ҳангоми ифтитоҳи кӯдакистони “Бону” суруди дар саҳни боғча хондаи кӯдакон ва инчунин шеърхонии онҳоро дар гурӯҳҳои алоҳида пурра намоиш доданд.

Ҳангоми кушодани бинои Кохи фарҳанги Кангурт, ки хеле бинои муҳташам буд, сурудҳои миллӣ ва шеърхонии ҳунармандони маҳаллиро пурра пешкаш намуданд.

Дар натиҷа барномаи иттилоотӣ – сиёсӣ ба барномаи иттилоотӣ – тафреҳӣ мубаддал гашт, ки мақоми аввалияи онро коҳиш медиҳад.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ