ДомойНақди Расонаӣ«Духтаре, ки бо ӯ вомехӯрд»: чӣ гуна рӯзноманигорони Тоҷикистон бисёрзаниро нодида мегиранд

«Духтаре, ки бо ӯ вомехӯрд»: чӣ гуна рӯзноманигорони Тоҷикистон бисёрзаниро нодида мегиранд

Дар охирҳои моҳи октябр дар фазои интернетии Тоҷикистон достони ду зан зоҳир шуд, ки миёни онҳо муноқиша рух дода, якеро ба ҳолати кома расонду дигареро ба зиндон кашид. Фаъолони Душанбе ва наздикони ҷабрдида низоъро чунин шарҳ додаанд: зани якум зани дуюмро латукӯб кардааст. Аммо хабарнигорони маҳаллӣ ҳангоми инъикоси ин қазия аз мавзӯи бисёрзанӣ дар Тоҷикистон, ки бо вуҷуди мамнуъиятҳои қонунӣ, ба як падидаи густарда табдил ёфтааст, чашмпӯшӣ карданд.

«Новый репортер» вазъиятро пайгирӣ кард.

Инак, дар охири моҳи октябр дар як гурӯҳи бузурги бахши тоҷикии Фейсбук достони воқеӣ аз тарафи муаллифи номаълуме пайдо шуд, ки гуфта мешуд зани ҷавоне пас аз латукӯби шадид дар бемористони шаҳр дар ҳолати беҳушӣ қарор дорад ва ҷинояткор бошад дар озодӣ гаштааст (ҳоло пост ҳазф шудааст – муҳаррир). Чанд рӯз пас аз ҷузъиёти ин фоҷеа фаъолони маҳаллӣ дар саҳифаҳои худ хабар доданд. Аз тавсифи онҳо маълум шуд, ки зани аввал зани дуюми шавҳарашро аз шаҳр берун бурда, латукӯб кардааст ва баъди як рӯз духтар дар ҳолати вазнин – ҳолати беҳушӣ дар шуъбаи эҳё (реаниматсия) бистарӣ шудааст. Ҳамаи ин дар моҳи август руй дод, вале гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Пас аз чанде фаъолон бо дархости муҷозоти ҷинояткорон ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиатнома нашр карданд.

«Рӯзи 25 август соати 14 духтарро ба самти номаълум бурданд ва 26 август соати 3 ба модараш занг зада гуфтанд, ки духтараш дар реаниматсия аст. Дар ин муддат ҷабрдида дар куҷо буд? Чаро духтарро бо аломатҳои зӯроварӣ ба беморхона бурданд ва милисаро даъват накарданд? Ҳама ҷои ҷабрдида кабуд буд ва дар гарданаш осори буғӣ кардан боқӣ монда буд. Духтар беҳуш, дар остонаи маргу зиндагӣ буд. Субҳи рӯзи 26-уми август модари ҷабрдида ба ШКД-и Сино 2 ариза навиштааст, вале бо кадом сабабҳо онро танҳо рӯзи 6 сентябр баррасӣ кардаанд. Бисёр саволҳо дар ин ҳолат ба миён меоянд. Ҷиноят ҳаст, ҷабрдида ҳаст, аммо ҷинояткор нест», — навиштааст яке аз фаъолони Душанбе Зуля Раҳматова.

Ин матлаб рӯзи 28 октябр нашр шуд, ки дар он замон аллакай тамоми Душанбе дар бораи фоҷеаи рухдода ҳарф мезад ва дар зимн исми ҳамаи иштирокчиён ва ҷои кори онҳо ном бурда мешуд. Як рӯз пас аз нашри ин матлаб дар вебсайти гурӯҳи расонаҳои хабарии «Азия-Плюс» аввалин матлабе пайдо шуд, ки дар он мардум тақозо доштанд, ки гунаҳкорони қазияи Мадина муҷозот шаванд. Дар он рӯзноманигорон тавзеҳ доданд, ки кӯшиши гирифтани шарҳи ВКД-и кишвар ва хешу табори ҷабрдидаро кардаанд, вале бенатиҷа будааст. Пас аз як рӯз ба «Азия-Плюс» муяссар шуд, ки бо вакили мудофеи хонаводаи ҷабрдида суҳбат кунад ва маълум кунад, ки дар ин маврид ҳатто парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Номи ҷонибҳои даргир дар ду паёми аввали «Азия-Плюс» зикр нашудааст. Ҳамаи дигар расонаҳои мустақил хомӯш монданд. Онҳо дар ин бора танҳо пас аз мулоқоти мири шаҳри Душанбе, писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раҳбарони ниҳодҳои қудратии пойтахт, ки дар он гуфта шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ду гумонбар аз оилаи Давлатовҳо – Парвиз (аз рӯи шиноснома Лутфулло) ва Азиза боздошт шуданд, суҳбат карданд.

Азиза Давлатова, Мадина Мамаҷонова, Парвиз Давлатов, Радио Озоди

Рӯзноманигорон дар сархати нашрҳои нахустини худ дар бораи ин матлаб боҷуръатона ибораи «Қазияи Мадина»-ро ҷой додаанд, зеро хуб медонистанд, ки тамоми аудиторияашон аз ҳодисаи рухдода аллакай огоҳ аст. Бо вуҷуди ин, онҳо дар бэкраундҳои худ баъзе шарҳҳоро доданд,ки тақрибан чунин буданд:

«Истифодабарандагони Фейсбук хабар доданд, ки зани ҷавон аз тарафи ҳамсари марде, ки бо ӯ вомехӯрд, рабуда ва сахт латукӯб шудааст. Баъдан маълум шуд, ки Мадинаро Азиза Давлатова, ҳамсари ҳамкораш Лутфулло Давлатов бар асари рашк ба шавҳараш шадидан латукӯб кардааст”, — навиштааст Радиои Озодӣ.

Ё монанди ин:

«Дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешуд, ки ҷабрдидаро Азиза Давлатова, ҳамсари марде, ки бо ӯ мулоқот мекард, рабуда ва сахт латукӯб кардааст», — хабар медиҳад Your.tj.

Ё ингуна:

«Тибқи версияи пешакӣ, зан шадидан латукӯб шудааст. Гумонбаршуда дар ин парванда шаҳрванд А.Д. аст, ки эҳтимолан бо ҳамин роҳ метавонист аз ҷабрдида барои муносибат бо шавҳараш қасос бигирад”, — гуфтааст Sputnik Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса.

Аммо на ҳамаи расонаҳо кӯшиши шарҳи қазияро карданд, масалан, АМИТ «Ховар» танҳо бо хабар додани он маҳдуд шуд, ки «Дар ҷаласа масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда аз рӯи ҳодисаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мадина Мамадҷонова баррасӣ гардид».

Дар бораи ҷузъиёти он, ки чаро қаблан парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, чаро Парвиз (Лутфулло) бо ин ҳама норавшании шахсияташ боздошт шудааст ва чаро раиси шаҳр дар ин қазия дахолат кард – рӯзноманигорон шарҳе надоданд. Ҳамчунин, дар бораи он, ки ҷабрдида ҳамсари дуюми Парвиз (Лутфулло) буд, ҳам ишорае нашудааст.

Рӯзи дигар, 2 ноябр, пас аз нашри аввалин гузоришҳои расмӣ, Радиои Озодӣ он чизеро, ки ҳама медонистанд, гуфт: Парвиз (Лутфулло) писари як мансабдори собиқи баландпоя аст. Падараш — Давлаталӣ Давлатзода — дар гузашта муовини аввали раиси ҳизби ҳоким, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва вакили палатаи поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон буд. Ӯ дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки дар назди қонун на писараш, балки келинаш Азиза Давлатова бояд ҷавоб гӯяд.

«Ҳоло алайҳи Парвиз ҳам айб эълон мекунанд, аммо ӯ дар чӣ гунаҳкор аст, ман намефаҳмам», — гуфт ӯ.

Пас аз як рӯз Радиои Озодӣ бо падари Мадинаи ҷабрдида дар тамос шуд:

«Вақте ки ман ба Душанбе омадам, модари Мадина ба ман гуфт, ки вай тавре ки дар онҷо мегӯянд, дар Тоҷикистон зани дуюм аст, аммо барои ман, ба ақидаи ман, вай маъшуқа буд. Вай маъшуқаи Парвиз Давлатов буд. Гуфт, ки Мадина никоҳ кардааст ва ӯ зани дуюм аст. Ман дар бораи ин тафсилот намедонистам ва дар маҷмуъ ҷузъиёти зиндагии шахсии Мадинаро модараш аз ман пинҳон медошт”, — гуфт ӯ ба хабарнигорон.

Аммо Радиои Озодӣ тафсилоти ин мавзуъро минбаъд густариш надодааст.

Пас аз як ҳафтаи дахолат ба ин қазия аз тарафи раиси шаҳр, сардори ШВКД-2 дар ноҳияи Сино, сипас муовини аввали додситонии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз вазифа барканор шуданд. Сомонаи ин нашрия суҳбате бо вакилони мудофеъ ва ҳомиёни ҳуқуқро нашр кардааст, ки дар ҷараёни он рӯзноманигорон сабаби танҳо пас аз таваҷҷуҳи Рустами Эмомалӣ ба «қазияи Мадина» боз шудани парвандаи ҷиноиро мавриди баҳс қарор доданд.

Боқимондаи нашрияҳои маъруфи мустақил, бо вуҷуди дар ҳолати вазнин будани Мадина ва номаълум боқӣ мондани ҷузъиёти қазия пайгирии ин хабарро комилан қатъ карданд. Ҳамзамон худи аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ ба баррасии ин қиссаи ҳайратангез шурӯъ карданд — одамон ба ду гурӯҳ тақсим шуданд: онҳое, ки Азизаро сафед мекарданд, ки «шарафи оиларо ҳимоя мекард» ва онҳое, ки барои Мадина афсӯс мехӯрданд. Дар ин суҳбатҳо бисёрзанӣ низ хеле гарм баррасӣ шуд, зеро ин мавзуъ барои Тоҷикистон ба яке аз дардноктарин мавзуъҳои солҳои охир табдил шудааст. Албатта, дар ҷумҳурӣ оморе дар бораи бисёрзанӣ вуҷуд надорад, аммо дар соли 2018 гуфта шудааст, ки ҳудуди 10%-и мардон дар кишвар зиёда аз як зан доранд. Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигорони маҳаллӣ тарҷеҳ медиҳанд, ки дар мавриди ин мавзуъ ё шӯхӣ кунанд, ё аз он сарфи назар кунанд.

Дар ҳоле, ки ҳамкорони онҳо аз кишварҳои дигар таваҷҷуҳро ба вазъияти Мадина ҷалб карда, бо истифода аз як фурсати иттилоотӣ, дарҳол аз мушкилоти мавҷуда ёдовар шуданд. Масалан, “Медиазона» дар ин бора аллакай матлабҳои аввалини худро зери чунин унвон нашр кардааст: «Зану шавҳар аз Душанбе ба сӯиқасд ба куштору шиканҷаи зани дувум гумонбар мешаванд». Дар матни ин паём рӯзноманигорон зикр кардаанд: «Маълумот дар бораи маъшуқа будани Мамадҷонова ислоҳ шудааст. Вай зани дуюми Давлатов буд.» Ба дунболи ин матн, “Медиазона” як лонгридро аз саргузаштҳои занони тоҷик, ки тасмим гирифтаанд зани дуюм шаванд, шарҳи коршиносон дар ин мавзуъ ва тавсифи ҳама гуна  мушкилоти ба вуҷуд овардаи бисёрзаниро мунташир кардааст.

Дар матлабе, ки дар торнамои (сайти) «Радио Аззатык» нашр шуд, Мадина ҳарчанд дар нохунак «зани дуюм» номида шуда бошад ҳам, зикр шудааст, ки ин ҷиноят аст, вале дар Тоҷикистон густарда аст.

Маълум нест, ки чӣ чиз ба хабарнигорони маҳаллӣ монеа шуд, ки ҳадди ақал нуктаеро мисли ҳамкорони хориҷиашон бо номи хоси худаш биноманд,. Ҳар як сокини Тоҷикистон на танҳо дар бораи бисёрзанӣ шунидааст, балки дар миёни дӯстону ҳамсояҳо ва ҳамкорон ба чунин ҳолатҳо дучор шудааст. Ва аксаран ин саргузаштҳои фоҷеабор ҳастанд, ки ба осонӣ метавонанд ба ҳамон тарзе хотима ёбанд, ки “қазияи Мадина” анҷом ёфт.

Ва як чизи дигар: на дар постҳои фаъолон ва на дар матнҳои журналистӣ ба Парвиз (Лутфулло) Давлатов, ки воқеан ҳама муноқиша ба айби ӯ рух додааст, таваҷҷуҳи кофӣ дода намешавад. Расонаҳо бо ин ё он шакл ҳам ба Азиза («зани қонунӣ», «дар ҳолати рашк») ва ҳам ба Мадина («духтаре, ки бо ӯ мулоқот мекард») баҳо доданд, вале кӯшиш накарданд, ки таваҷҷуҳи аудиторияро ба касе ҷалб кунанд, ки дар пушти ин ҳама ҳодисаҳост. Аслан, дур аз интизор ҳам набуд — дар Тоҷикистон занро ҳатто ба он коре, ки накардааст, муттаҳам мекунанд, пас, дар бораи чунин як қиссаи фоҷиаборе чун «қазияи Мадина» чӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Ва падари Парвиз (Лутфулло) — як нафари муътабар ва бофаросат мебошад инчунин намефаҳмад, ки писараш чӣ кор кардааст.

Лилия Гайсина
Лилия Гайсина
Медиакритик, медиаэксперт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ