Ҳафтаи сипаришуда шабакаҳои телевизионии кишвар ҷиҳати пешниҳоди мавзуъ аз ҳамдигар фарқ доштанд. Дар «Тоҷикистон» таҳлил, дар «Ҷаҳоннамо» гуногунрангӣ дида шуд, дар «Сафина» бошад, навгониҳо истифода шуданд.
“Тоҷикистон”, ТВ “Тоҷикистон”
Барнома чун ҳарвақта аз пахши гузоришҳои расмӣ оғоз гардид. Дар аввал перомуни мулоқоти президенти кишвар бо вазири корҳои хориҷии Корея Чон Ий Ён, сипас бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷии ин кишвар Рашид Мередов, ки ҳар ду бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар форуми «Осиёи Марказӣ -Ҷумҳурии Корея» ба Тоҷикистон омада буданд, хабар доданд.
Гузориши сеюм ба маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30 ноябр таҳти раёсати раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, бахшида шуда буд.
Пас аз он, шарҳи телевизионии журналист Зулфия Раҳимзода бахшида ба қонуни нав ба имзорасидаи «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» пахш гардида, дар он инчунин, назари коршиносон ва мутахассисони соҳа роҷеъ ба ин масъала оварда шуд. Яке аз намояндагони вазорати молия баромад намуда, иброз дошт, ки қонуни нав аз пештара бо он фарқ мекунад, ки дар он нишондодҳои макроиқтисодии кишвар ба инобат гирифта шудаанд.
Бино бар гуфтаи муаллиф, имсол маблағи умумии буҷет ба миқдори 33 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин аз буҷети пештара 19,4% зиёдтар аст. Чунин андешаро мутасаддии вазорат низ иброз дошт, аммо нафаре ба ин нукта ишора накард, ки зиёд шудани маблағи буҷет аз инфлятсия (беқурбшавии пули миллӣ) низ вобастагии зиёд дорад.
Намояндаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ гуфт, ки дар буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ бартарӣ дода шуда, ба ин бахшҳо қариб нисфи маблағҳо равона шудааст. Ӯ афзуд, ки ин ҳама ғамхориҳо аз сиёсати пешгирифтаи президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ба ҳифзи ҳамаҷонибаи иҷтимоии халқи кишвар ва беҳдошти зиндагии онҳо нигаронида шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки имсол барои соҳаҳои иҷтимоӣ 14,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 миллиард зиёдтар аст.
Гузориши дигари бахши иқтисодӣ аз Зоҳиршои Тағоймурод ба пешравиҳои соҳаи энергетика бахшида шуда буд.
Эроди мо ба оғози гузориш аст: «Оби дарёҳо манбаи истеҳсоли барқ аст», — мегӯяд муаллиф. Охир инро бе ин ҳам тамошобин медонад, чӣ кӯдак ва чӣ калонсол. Чаро ҳар бор гузоришҳои мавзуъӣ бо чунин чумлаҳои обшуставу маъмулӣ оғоз мешаванд? Дастандаркорони барномаро беҳтар мебуд, сари муҳтавои гузоришҳои телевизионӣ аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ як бор андеша намоянд.
Ягона падидаи хуб дар гузоришҳои моҳҳои охир истифодаи воситаҳои бисёррасонаӣ, аз қабили телеграфика мебошад, ки дар гузориш ду маротиба ба кор бурда шуд. Аз рӯи яктоаш мо фаҳмидем, ки соли 1991 дар кишвар 17 нерӯгоҳ вуҷуд дошт, соли 2021 бошад, шумораи онҳо ба 26 адад расидааст.
Бино бар гуфтаи коршинос Хуршед Назиров, тамоми зеристгоҳҳои барқии кишвар аз рӯи меъёрҳои замонавӣ таъмир ва технологияҳои рақамӣ ворид гардидаанд, ки аз рӯи низоми биллингӣ фаъолият мебаранд.
Корманди «Барқи тоҷик» Аслиддин Назарзода бошад, бар он аст, ки мушкилоти норасоии нерӯи барқро танҳо аҳолӣ метавонад бо масъулиятшиносии худ ҳал намояд.
Се гузориши дигари барнома ба соҳаи кишоварзӣ бахшида шуда, яке ба маъракаи кишти барвақтии замин дар вилояти Суғд (гузориши Равзали Амон), дигаре ба парвариши тухмии пахтаи хушсифат (Гулчеҳраи Саттор) ва гузориши сеюм ба семинари машваратӣ оид ба парвариши дарахтони мевадиҳанда дар вилояти Хатлон бахшида шуда буданд. Камбудии гузориши аввал дар зиёд истифода намудани суҳбатҳо буд. Шумораи умумии ҳамсуҳбатон ба 8 нафар расид, ки 3 нафарашон аз Конибодом буданд ва суханони якдигарро такрору тақвият доданд. Дар гузориши дуввум низ бадеҳатан боз кишоварзони ш. Конибодом истифода шуда, мавзуъ гуйё такрор ёфт. Бо вуҷуди ин, дар анҷоми гузориши Гулчеҳра мушкилоти коркарди ашёи хоми ватанӣ бардошта шуд, ки падидаи хуб аст.
Гузориши навбатӣ ба иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2020, ки дар Дубай ифтитоҳ шудааст, бахшида шуда буд.
Муаллифи гузориш хабар дод, ки давоми як моҳи охир аз павилёни кишвари мо зиёда аз 200 ҳазор нафар дидан намуда, рӯзҳои корӣ то 2-3 ҳазор нафар ва истироҳат бошад, то 10 ҳазор нафар меоянд.
Дар гузориш 3 нафар хориҷиён баромад намуда, маҳсулот ва обҳои Тоҷикистонро таърифу тавсиф намуданд ва дигаронро низ даъват намуданд, ки омада павилёни кишвари моро тамошо намоянд. Мавзуъи асосии намоишгоҳи мо «Об барои рушди устувор» буда, он то 1 апрели соли 2022 давом мекунад.
Бино бар гуфтаи яке аз соҳибкорон, директори ҶДММ «Зардолу компания» Пулод Ашуров ин чорабинӣ ба онҳо имкон дод, ки дар Дубай шарикони навро дарёфт намуда, молу маҳсулоти худро дар оянда ба ин ин кишвар содир намоянд. Гуфта шуд, ки дар намоишгоҳ намунаи маҳсулот, имкониятҳои 40 корхона дар соҳаҳои гидроэнергетика, захираҳои обӣ, саноати сабук, саноати хўрокворӣ, кўҳкорӣ, роҳсозӣ, шаҳрсозӣ, ҳайвонҳои нодир, фарҳанг, маориф, таърих, гиёҳҳои коркардашудаи шифобахш, ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ғ. муаррифӣ шуданд. Таъкид гардид, ки аз ҳайвонҳои нодир дар мо бузи кӯҳии Марко Поло, бузи морхур ва бабри барфӣ дучор мешаванд ва ба Тоҷикистон омада онҳоро дидан мумкин аст.
Гузориши ба соҳаи иҷтимоӣ бахшидашударо журналист Аҳлиддини Нурулло пешниҳод намуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон, ки ҳамасола 3 декабр қайд карда мешавад, ӯ ба хона-интернати ноҳияи Чаббор Расулов омада, бо шароити бошандагони он шинос гардид. Маълум шуд, ки тарбиятгирандагони хона-интернат ҷамъулҷамъ 314 нафарро ташкил медиҳанд ва аз шахсони маъюбиятдошта ва имконияташон маҳдуд, инчунин пирони барҷомондаву танҳо иборат аст. Роҳбари интернат дар бораи шароити омоданамудааш барои зимистонгузаронӣ гуфта гузашта, дар наворҳо анборҳои пур аз ғизову маводи сӯхтро намоиш доданд.
“Ҷамъбасти ҳафта”, ТВ “Сафина”
Се гузориши аввали расмӣ ба гузоришҳои ТВ «Тоҷикистон» ҳамрадиф буданд. Дар гузориши сеюм сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба як қатор ноҳияҳои Хатлон пешкаш гардид. Дар наворҳо нишон доданд, ки чӣ гуна сарвазир бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як қатор иншооти таъйиноти гуногунро дар ноҳияҳои Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мавриди истифода қарор медиҳанд.
Инчунин, дар наворҳо нишон доданд, ки чӣ гуна Қоҳир Расулзода аз рафти кишти тирамоҳӣ дар мавзеи Олимтой дидан намуда, масъулонро ҷиҳати вусъат додани кишти тирамоҳии ғалладонагӣ вазифадор менамояд.
Агар ҳафтаи гузашта мо таъкид намудем, ки дар бораи вазъияти Бадахшон шабакаҳои телевизиони давлатӣ хомуш буданд, ин маротиба аз Хоруғ гузориши хабарнигори вилоятӣ Хосияти Худоёрбек дар бораи баргузор шудани ярмаркаи ҷойҳои корӣ пешниҳод гардид. Муаллиф афзуд, ки айни замон дар вилоят барои бекорон 1200 ҷойи нави кори таъсис шудааст. Ғайри мутасаддиён аз вазорати меҳнат ва муҳоҷирати кишвар дар гузориш, инчунин ҷӯяндагони кор, масалан, ҷавондухтаре баромад намуда, таъсиси чунин чорабиниро саривақтӣ ва лозимӣ номид.
Дар бораи фестивал-намоиши дигар аз ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон журналист Салоҳиддин Неъматов хабар дод, аммо ин дафъа он ба чорвои зотӣ бахшида шуда буд.
Гузоришгар афзуд, ки дар ин намоиш беш аз 1000 сар чорвои калони шохдори зотӣ ва моли майда муаррифӣ карда шуд, ки намояндагони мақомоти гуногуни марбути соҳа аз он дидан карда, бо дастовардҳои чорводорон шинос шуданд.
Гузориши навбати мушкилоти мактаби мусиқии ноҳияи Варзобро дар шароити зимистон баррасӣ намуд. Дар наворҳо нишон дода шуд, ки бинои мактаб барои омӯзонидани хонандагон ягон шароит надорад, боми бино мечакаду шишаҳои тирезаҳо шикаста, намнокӣ зиёд асту утоқҳо бо маводи сӯхт гарм карда намешаванд. Аз ин сабаб талабагон барои омӯзиш кам меоянд. Хуб мебуд дар оянда чунин гузоришҳои ҳалталабро аққалан дар миёнаи барнома ҷо мекарданд, то масъулин ба онҳо таваҷҷуҳ намоянд.
Ва гузориши охир ба ҷараёни даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда, дар он чанд иштирокчии озмун баромад намуда, таассуроти худро нисбати ин чорабинии муҳим баён намуданд.
“7 рӯз”, ТВ “Ҷаҳоннамо”
Блоки ахбори расмӣ чун дар шабакаҳои дигар аз гузоришҳои омоданамудаи хадамоти матбуотии президенти кишвар иборат буд.
Сипас чун дар шабакаи «Тоҷикистон» аз ЭКСПО-2020 дар Дубай гузориш пешниҳод шуд.
Дар омади гап, сифати сабти овоз дар баъзе ҳолат он қадар хуб набуд.
Дар гузориши навбатии худ журналист Мирзоалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти корхонаи ресандагии «Органик Ян» дар ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов хабар дод.
Таъсиси корхона самараи ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркия буда, бо арзиши лоиҳавии 70 миллион сомонӣ бунёд гардида аст. Он чун тадбири муҳим дар самти татбиқи амалии дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон ва амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ баҳри коркарди ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ, таҳкими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Гузориши бад набуд, аммо симои коргарони корхона аз чӣ бошад дар наворҳо нонамоён буд, дар баробари ин, ягон суҳбати синхронӣ низ истифода нагардид.
Дар гузориши Нилуфари Маҳмуд таъмири зеристгоҳҳои барқӣ дар минтақаи Рашт нишон дода шуда, таъкид гардид, ки иншоотро корхонаи барқи ш. Душанбе таъмир менамояд.
Ва дар анҷом гузориши Манучеҳри Ҷумъахон, ки мавзуъаш обёрии заминҳои корам дар вилояти Хатлон буд пешкаш гардид. Дар он доир ба иҷроиши нақша-чорабиниҳои мавсими тирамоҳу зимистон хабар дода шуд.