Муҳимтарин хабари рӯз дар ҳафтаи сипаришуда – ифтитоҳи мамнуъгоҳи ҳайвоноту набототи нодир дар Ҳисор буд. Дар хабарҳои дигар набудани шароити хуб дар мактаби мусиқӣ, бинои кохи фарҳанг ва хатари ноқилҳои барқӣ барои мактаббачагон (сипос аз ТВ «Сафина») баррасӣ гардиданд.
«Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон»
Хабарҳои расмии ҳамаи шабакаҳо тули ин ҳафта аз ду руйдод иборат буданд: мулоқоти президенти кишвар бо Мудири кулли Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб Марван Абдуллоҳ ал-Ғоним ва ифтитоҳи мамнуъгоҳи нави Тоҷикистон дар Ҳисор.
Дар хабари аввал қайд гардид, ки кишвари мо ҷонибдори ҳамкории гуногунҷанба бо кишвари дӯсту бародари Кувайт ва манфиатдори рушди ҳамкорӣ бо муассисаи муҳими молиявии он — Бунёди Кувайт оид ба рушди иқтисоди кишварҳои араб мебошад.
Маълум шуд, ки Бунёди Кувайт доир ба рушди иқтисодии кишварҳои араб дар маблағгузории як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла амалӣ намудани 5 лоиҳа дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика тули 20 сол, аз соли 2001 инҷониб кумак намудааст.
Гузориши аз рӯи ҳаҷми вақт калонтарин аз ифтитоҳи мамнуъгоҳи ҳайвоноту паррандаҳо дар шаҳри Ҳисор бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид. Хабар дода шуд, ки ин мамнуъгоҳ аз ҷониби ҷамъияти саҳомии «Қуллаҳои Тоҷик» таъсис дода шудааст.
Ҳадафи асосии таъсис додани чунин мамнуъгоҳ, бино бар гуфтаи муаллифони гузориш, ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла олами набототу ҳайвонот, беҳдошти вазъи экологии минтақа, хусусан пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мебошад ва бо ин баҳона гуйё ҳолати майдони хеле зиёди заминҳои партов ва аз кишт берунмонда (4 000 га) беҳтар карда шуд.
«Дар маҳале, ки мамнуъгоҳ бунёд гардидааст, садҳо гектар замин бекор хобидаву аз ҳосил монда буд. Дар ин ҷо ҷангалзор нобуд шуда, ҳайвоноти нодир ва паррандаҳо тамоман вуҷуд надоштанд», — хабар доданд гузоришгарон. Ҳайвонотро ку намедонам, аммо паррандаҳо дар гумон аст, ки дар ин макон умуман набошанд.
Дар наворҳо, ки дар ҳақиқат хеле рангин буданд, намунаҳои оҳуҳои холдор ва бухороиро намоиш дода, сарвари давлат шахсан қафасҳои пур аз намудҳои гуногуни парранда, аз он ҷумла, мурғи тазаврро кушода, онҳоро ба озодӣ сар дод. Ҳамаи ин ҳайвоноту парранда бино ба гуфтаи мутахассисон нодир буда, ба Китоби сурхи Тоҷикистон ворид карда шудаанд.
Аз хориҷи кишвар бори аввал ба Тоҷикистон оҳуҳои намуди марал ва лан(лань), инчунин бузҳои навъи алпӣ ва муфлон ворид карда шуданд. Дар оянда ба ин мавзеъ овардани бизони амрикоӣ дар назар дошта шудааст. Дар маҷмуъ, дар мамнуъгоҳ қариб 22 000 сар ҳайвоноту паррандаҳои гуногун, аз он ҷумла, шутурмурғ, оҳу ва ғайраҳо нигоҳ дошта шуда, дар 4 ҳавзи моҳипарварӣ зиёда аз 43 000 моҳӣ парвариш меёбад.
Ҳамзамон мутахассисони мамнуъгоҳ дар гузориш ду маротиба бо ифтихор хабар доданд, ки дар ин ҷо зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ шинонида шудааст, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад.
Ба фикри банда, дар гузориши мазкур хабари он, ки соҳибони мамнуъгоҳ барои ободии маҳали атроф чӣ саҳм гузоштаанд, хеле назаррас буд. Гуфта шуд, ки 20 километр роҳҳои маҳаллӣ асфалтпӯш карда шуда, барои бо оби босифати нӯшокӣ таъмин намудани сокинон 3 стансияи обтаъминкунӣ бунёд гардидааст. Ана инро соҳибкории иҷтимоӣ мегӯянд.
Дар баробари ин, гузориш чанд камбудӣ дошт: аввал он ки мусоҳибон зиёд буданд (тақрибан 12 нафар) ва суханронии онҳо тулонӣ буд, ки аз ҷиҳати аҳамият синхронҳоро ба қисмҳо ҷудо намуда, ба воситаи перебивкаҳо кӯтоҳ намудан мумкин буд. Сониян, қисми дуввуми гузориши бе ин ҳам тулонӣ аз зикри маълумоти барои ин мамнуъгоҳ дуввумдараҷа, яъне дар бораи таърихчаи таъсиси муассисаҳои давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринаву Турсунзода ва фаъолияти онҳо иборат буд, ки зиёдатӣ буда, ягон ҷанбаи хабарӣ надошт.
Гузориши навбатии барнома ба 27-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуд, ки дар Қасри фарҳанги ҷамоати Кангурти ноҳияи Темурмалик дар чаҳорчӯбаи конференсияи ҷумҳуриявӣ таҷлил гардид. Гузориш аз кадрҳое, ки дар он духтаракон бо либоси миллӣ меҳмононро пешвоз мегиранд, оғоз гардид ва ин нишонаи он аст, ки тули 27 сол дар ҳаёти ҳизби ҳукмрон чизе тағйир наёфтааст.
Нуралӣ Сафовиддин дар бораи мушкилот ва дурнамои соҳаи саноати ангишт гузориш дод, ки дар он намояндагони мақомоту корхонаҳои коркарди ангишт баромад намуда, доир ба вазъияти имрӯзаи соҳа маълумот доданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо талабот ба ангишт чун сӯзишвории маъмултарин дар байни аҳолӣ рӯз аз рӯз зиёд гардида, тақозои онро дорад, ки ангиштканон аз тарзи кушоди коркард ба коркарди зеризаминӣ гузаранд.
Дар гузориш аз вилояти Суғд бошад, масъалаи бо кор таъмин намудани аҳолӣ баррасӣ гардид. Маҳмуд Аҳмадзода хабар дод, ки дар вилоят 39 ҳазор шаҳрвандон барои кор ба 10 зерсохторҳои Агентии шуғли меҳнат ва муҳоҷират муроҷиат намуда, 26 ҳазори онҳо чун шахсони корҷӯ номнавис шуданд.
Дар баробари он, ки сардори агентӣ дар вилояти Суғд дастовардҳои мақомотро дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва омӯзондани довталабон бо касбу кори гуногун дар Марказҳои калонсолон номбар намуд ва таъкид кард, ки қисме аз бекорон қарзҳои имтиёзнок гирифта, хоҳиши пардохтан ба худфаъолият ва оғоз намудани тиҷорати хешро доранд. Инчунин, дар гузориш бо нармӣ ҳам бошад, проблемаи бинои фарсудаву набудани шароити лозима барои хуб ба роҳ мондани фаъолият дар зерсохтори агентии шуғли меҳнат ва муҳоҷират дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баррасӣ гардид. «Ин ҷо ҳатто Маркази омӯзиши калонсолон вуҷуд надорад», — иброз дошт муаллиф.
Дар баробари ин, аз ҷониби масъулин ваъда шуд, ки бинои сеошёнадор барои ҳам агентӣ ва ҳам маркази калонсолон ба наздикӣ сохта мешавад.
Дар гузоришҳои дигар аз фаъолияти корхонаҳои парвариши моҳӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, тамоюли фарбеҳшавии аҳолӣ ва дар бораи тағийрёбии иқлим ва мушкилоти он гап заданд.
Махсусан, дар гузориши охир овози пасикадрӣ бисёр воҳиманок ва ғулғуладор садо дода, атрофиёнро бори дигар ҳушдор дод, ки дар шароити кунунии тағйирёбии иқлим 1,8 миллиард сокинони сайёра аз беобӣ азият мекашанд ва саҳми ҳукумати Тоҷикистонро дар эълом намудани Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 бори дигар таъкид намуд. Шарҳи телевизионӣ бо наворҳои аз расонаҳои байналмилалӣ гирифташуда, маъмулан, бо истифодаи кадрҳои дур ва миёна оро дода шуд.
«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»
Дар оғози барнома ба ғайр аз мулоқоти президенти кишвар бо Мудири кулли Бунёди Кувайт ва ифтитоҳи мамнуъгоҳи нав дар Тоҷикистон, инчунин аз маъракаи яхобмонӣ дар ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Кӯлоб гузоришҳо пешниҳод гардиданд.
Дар гузориши дигар аз ноҳияи Панҷ мушкилоти муассисаҳои фарҳангии ноҳия баррасӣ шуд. Гуфта шуд, ки аҳли фарҳанги ноҳияи Панҷ тули сӣ соли истиқлоли кишвар то ҳол соҳиби утоқи кории худ нестанд ва ин қадар сол дар идораҳои гуногун иҷоранишин буданд. Оҳанги гузориш танқидӣ буда, аз ҷумла, ноҳияи наздисарҳадӣ будани Панҷ таъкид гардид, яъне мақсад, чунин камбудӣ ба шаъни ин мавзеъ намезебад.
Аз рӯи гуфтаи муаллифи гузориш, асбобҳои мусиқӣ – ягона боигарии кормандони идораи фарҳанги ноҳия ҳасту онҳо дар ҳама чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ширкат меварзанд.
Бо вуҷуди ин, кадом корманди идораи фарҳанг на мавҷуд набудани шароити кор, балки набудани баландгӯякро чанд бор таъкид намуда, дар омади гап, ҷониби роҳбарияти ноҳияро гирифта, мегӯяд, ки «раис аз мушкилот хабар дорад, аммо асбобҳо қиммат меистанд».
Директори қасри фарҳанги ноҳия бошад, зикр намуд, ки ин ҷо то ҳол қасри фарҳанг вуҷуд надорад, гарчи худи у дар гузориш ба ҳайси директори қасри фарҳанг ном гирифта мешавад.
Дар идомаи мавзуъи гузориши боло, сужети навбатӣ низ тамоюли танқидӣ дошта, ба вазъияти мактаби кӯдаконаи санъати ноҳияи Спитамени вилояти Суғд бахшида шуда буд. Директори мактаб Гулнора Ёқубова иброз медорад, ки бинои мактаб 56 сола буда, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад ва айни ҳол дар он 225 нафар хонанда таҳсил мекунанд. «Ман мехоҳам барои таъмири бино ба мо ёрдам диҳанд, якта худам ин корро карда наметонам», — мегӯяд роҳбари мактаб. Духтараки хонанда бо авзои яъсу ноумедӣ мегӯяд, ки мехоҳад дар мактаби нави замонавӣ таҳсил намояд, «чуноне ки аз телевизор дидааст». Яъне аз ҷараёни гузориш ба хулосае омадан мумкин аст, ки вай саҳнасозӣ шуда, махсус барои ҳалли мушкилоти ин мактаб омода шудааст, то ҳукуматдорон ё соҳибкорон ба ин масъала таваҷҷуҳ намоянд.
Пайи ин ду гузориши проблемавӣ, боз як навор аз ноҳияи Варзоб аз ҷониби хабарнигор Манучеҳр Дилёбшоев пешниҳод гардид, ки ба бехатарии сокинони маркази ноҳия бахшида шуда буд. Мушкилоти ин маҳал вобаста ба сипари барқӣ ва ноқилҳои аз симчӯбҳо овезон шуда, ки илова бар ин, ҷо-ҷо луч ҳастанд, мебошад. Ин ҳама дар наздикии мактаб ҷойгир аст, вале шабакаҳои барқии ноҳия ба ин ҳолати хатарнок аҳамият надода, ягон тадбире намеандешанд.
Ва гузориши охир ба баргузор гардидани даври ниҳоии озмуни асоситарини сол – «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» бахшида шуда, дар он ду нафар иштирокчиён таассуроти худро нисбати ин чорабинӣ баён медоранд.
«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»
Ғайр аз ду гузориши расмие, ки дар оғоз перомунаш гуфта гузаштем, дар ин шабака дар бораи баргузор гардидани мизи мудаввар бо иштироки сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва намояндагони қариб 30 ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби маблағгузорӣ ба сохтмони иншооти нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хабар дода шуд.
Таъкид гардид, ки зиёда аз 80% нерӯи барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавассути истифодаи захираҳои карбогидридӣ истеҳсол карда мешавад ва дар натиҷа ҳамасола ба атмосфера садҳо миллион тонна газҳои гулхонаӣ хориҷ мегарданд ва агар Роғун ба кор дарояд, истеҳсоли “энергияи сабз” метавонад ба маротиб ҳаҷми партовҳоро дар умум кам намуда, ба ин восита вазъи экологиро низ дар минтақа беҳтар намояд.
Мақсади чорабинӣ — азбаски ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии лоиҳаи иншооти НБО «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатии Тоҷикистон мушкил аст, тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо шарикони рушд мебошад.
Дар анҷом таъкид гардид, ки шарикон барои саҳм гузоштан дар бунёди иншооти НБО «Роғун» ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Шарҳи телевизионие, ки дар пайи гузориш пешниҳод гардид низ ба мавзуъи тағийрёбии иқлим ва гази гулхонаиву пешгирӣ намудани фалокати глобалӣ бахшида шуда буд ва дар он коршиносон баромад намуданд.
Шарҳи дигари телевизионӣ (муаллиф Ҳофизи Маҳмадалӣ) ба мавзуъи ба терроризми байналмилалӣ гаравидани ҷавонон бахшида шуда, дар он таъкид гардид, ки гарчанде кишвари мо дар масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм ба дастовардҳои назаррас ноил шудааст, хатари он то ҳол аз байн нарафтааст ва мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, махсусан вақте сухан дар бораи истифодаи фаъоли фазои маҷозӣ, яъне шабакаҳои иҷтимоӣ меравад. Барои тақвияти суханонаш муаллиф ба баромади котиби генералии СММ Антониу Гутерриш такя намуда, порчаҳои онро хонда дод ва ҳамаи ин матлаб бо наворҳои умумӣ аз интернет оро дода шуд.
Баромади коршинос дар ин сужет нисбатан суст буд. Ӯ дар оғоз дар бораи дарк намудани суботи сиёсӣ, оромию ваҳдат дар умум гуфт, сониян дар бораи тарзҳои пешгирӣ намудани раванди гироиш ба терроризм сухан ронда, иброз дошт, ки масъала сабабҳои гуногун дорад ва роҳи ҳалли ягона мавҷуд нест. Умуман, баромадаш самти муаяйн надошт.
Ва гузориши охири барнома ба ҷараёни эмгузаронӣ дар вилояти Суғд (муаллиф Мирзоалӣ Раҳмон) бахшида шуда, дар он хабар дода шуд, ки беш аз 50% аҳолии вилоят бо ваксинатсия бар зидди бемории коронавирус фаро гирифта шудааст.
Дар омади гап, шояд ин ягона гузорише буд, ки тули моҳҳои охир ба маъракаи умумидавлатии эмгузаронӣ барои муқовимат бо COVID-19 бахшида шудааст. Ба ҳар ҳол, дастандаркорон дар интихоби мавзуъ хато накарданд, чунки он рӯзмарра аст.