ДомойНақди РасонаӣМоҳӣ, моҳӣ, боз моҳӣ. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони...

Моҳӣ, моҳӣ, боз моҳӣ. Шарҳи хабарҳои муҳими ҳафта дар шабакаҳои асосии телевизиони Тоҷикистон

Ҳафтаи сипаришуда дар барномаҳои хабарии ҷамъбастӣ дастовардҳои соли 2021 ва нақшаҳо барои соли нави меомада пешкаши бинандагон гардид. Инчунин масъалаҳои вобаста ба рушди самтҳои афзалиятноки соҳаҳои хоҷагии халқ баррасӣ шуда, якбора дар чанд шабака чун дар нашрҳои пешин низ масъалаҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва  парвариши моҳӣ дар кишвар пешниҳод гардид, ки боиси нигаронист. Ё гап дар супориши роҳбарияти кумитаи телевизиону радиошунавонӣ аст ё дар кишвар дигар ҳама мавзуъ тамом шуда.

 «Тоҷикистон», ТВ «Тоҷикистон» 

Дар бахши хабарҳои расмӣ дар бораи иштироки сарвари давлат дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Санкт-Петербург ва дар  ҳошияи он бо президенти Русия мулоқот намуданаш хабар дода шуд. Суханронии Владимир Путин бо Эмомалӣ Раҳмон дар гузориш тули чанд дақиқа ба таври синхрон пешкаш гардид. Президенти Русия дар самти бехатарӣ ва мустаҳкамкунии сарҳад дар вазъияти баамаломадаи Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, ваъда дод, ки ҳаматарафа ба кишвари мо кӯмак менамояд. «Тоҷикистон яке аз иттифоқчиёни вафодор, наздик ва муътамади мо мебошад», — самимона изҳор дошт президенти Русия ва аз вазъи робитаҳои дуҷониба, рушди муносибатҳо, алалхусус, дар самти интиқоли қувваи корӣ, омӯхтани забони русӣ ва кӯмаку пуштибонї барои базаи њарбии Русия, инчунин ҳаҷми гардиши моли байни кишварҳо, ки соли  гузашта беш аз 1 миллиард долларро ташкил дод, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гузориши дуввум дар бораи 29 декабр таҳти раёсати президенти кишвар баргузор гардидани маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, дар он дастовардҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуданд, бо нақшаи кори Ҳукумат дар нимсолаи якуми соли 2022 ва дигар барномаҳои давлатӣ муфассал ошно сохтанд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Шарҳи телевизонии Абдуваҳҳоби Абдусаттор ба баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ дар тули 30 соли Истиқлоли кишвар таҳлил гардида, аз ҷумла қайд гардид, ки дар солҳои охир 59 лоиҳа барои сохтмону тармими роҳҳои автомобилгард  амалӣ шудаанд. Чанд факту далелҳо аз Паёми ба наздикӣ ироа намудаи президенти кишвар вобаста ба роҳҳо ва маблағҳои сарфшуда тариқи телеграфика пешниҳод гардиданд.

Гуфта шуд, ки агар солҳои Ҳукумати шӯравӣ дар Тоҷикистон 12 ҳазор километр роҳҳои автомобилгард сохта шуда бошанд, дар замони Истиқлоли кишвар  миқдори он ба беш аз 14 ҳазор километр расонда шуд, яъне беш аз 2 ҳазор км роҳҳои нав  арзи вуҷуд карданд.

Шарҳи телевизонии дигар, ки муаллифаш Зулфия Раҳимзода аст, ба буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли равон бахшида шуд.  Кадом омилҳо дар таҳияи он ба назар гирифта шудаанд,  ба ин савол ду намояндаи вазорати молияи кишвар (яке Зафар Азимӣ ва дигаре Назокат Одиназода) посух дода, асоснокии маблағҳои буҷетро аз нигоҳи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳлил намуданд. Дар омади гап, маводи хубе дар омад.

Дар бахши кишоварзӣ  гузориши Равзалӣ Амон дар бораи парвариши маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони наздиҳавлигии як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд  пешниҳод шуд. Камбудии гузориш таъкид намудани он, ки дар хоҷагиҳои инфиродӣ метавон соли дароз  на танҳо оилаи худро бо озуқаворӣ, балки барои фурӯш ба бозор баровардани он мусоидат намуд, се маротиба (дар суханронии ҳамсуҳбатон ва худи муаллиф) такрор шуд.

Рушди соҳаи парвариши моҳӣ яке аз масъалаҳои ҳафтаҳои охир баррасишавандаи телевизион гардид. Ин ҳафта низ доир ба ин мавзуъ як гузорише аз вилояти Хатлон (муаллиф Таваралии Соњибназар) пешниҳод гардид. Алимуҳаммад Гулов, раиси Ассотсиатсияи моҳипарварони вилояти Хатлон қайд намуд, ки дар ҳудуди вилоят 271 хоҷагии моҳипарварӣ фаъолият доранд ва миқдори умумии майдонҳои он 2264 гектарро ташкил медиҳад. Ҳамасола ҳаҷми майдонҳои хоҷагиҳо афзуда 40-50 гектар зиёд мешаванд. Бино бар гуфтаи ҳамсуҳбат, дар як соли охир шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар ба миқдори 30 адад афзудааст, ки сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ  – ғамхории  роҳбарияти давлат нисбати рушди соҳа ва озод намудан аз чанд намуди андоз  мебошад. Барои тақвияти суханони вай дар гузориш суҳбати намояндаи Сарраёсати андози вилоят низ пешниҳод гардид, ки номбурда аз он ҷумла илова намуд, ки моҳипарварон аз шаш намуди андоз озод гардида, айни ҳол танҳо андоз аз даромад ва андози иҷтимоиро месупоранд, ки бори онҳоро хеле сабук кардааст.

«Ҷамъбасти ҳафта», ТВ «Сафина»

Ин барнома низ нашри худро аз гузоришҳо дар бораи иштироки президенти кишвар дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои ИДМ дар Санкт-Петербург ва ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон оғоз намуд.

Шарҳи телевизионии сафиначиён ба рушди соҳаи энергетика бахшида шуда,  ҳаҷми умумии сужет анқариб 14 дақиқа (зеби як филми мустанад) тул кашид, яъне сермуҳтаво буд. Муаллифони он дар оғоз бобати сохтмону таъмири нерӯгоҳҳо ва зеристгоҳҳои барқӣ, сипас перомуни захираҳои обию «энергияи сабз»  ва дар анҷом ба  масъалаҳои энергетика дар умум баргашта, бо нишон додани телеграфика ва истифодаи мусоҳибон, ки ҳар ду намояндаи вазорати  энергетика ва захираҳои об буданд, онро мукаммалтар намуданд.

Гузориши  Хуршеди Абдуалим ба эълон гардидани панҷсолаи рушди саноат дар кишвар ва дар робита бо он,  дар вилояти Хатлон кушода шудани корхонаҳои нави саноатӣ бахшида шуда буд. Дар он аз ҷумла қайд гардид, ки дар вилоят бояд рушди босамари пилла ба роҳ монда шавад, то ки  маҳсулоти хоми саноатиро низ бароварда тавонем. Яке аз мусоҳибон қайд намуд, ки бо пешниҳоду сабукиҳо ба ин соҳа соҳибкорони маҳаллӣ метавонанд парвариш ва коркарди пилларо хуб ба роҳ монанд.

Гузориши Хосияти Худоёрбек бошад,  дар бораи дар арафаи Соли нав дар деҳаи Держомчи водии Бартанги ноҳияи Рушони Бадахшон ифтитоҳ намудани мактаби нав буд.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Гузориши охири барнома аз ноҳияи Данғара ( муаллиф  Салоҳиддин Неъматов) боз ҳам ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар 15 хоҷагиҳои ин минтақа бахшида шуда буд.

Яку якбора дар барномаҳои охир ба рушди соҳаи парвариши моҳӣ таваҷҷуҳ намудани журналистон  бесабаб нест: мумкин аст ин иқдом супориши роҳбарияти кумитаи телевизион  ё фармоиши сохторҳои аз он ҳам боло бошад, аммо як мавзуъро дар ҳама барномаҳо баррасӣ намудан низ қобили қабул нест, чунки барномаро барои тамошобин дилбазан менамояд. Мебоист аз пайи ҷустуҷӯи мавзуъҳои ҷолибу гуногунҷанба гардид.

«Ҳафт рӯз», ТВ «Ҷаҳоннамо»

Дар ин ҷо низ пас аз ду гузориши расмӣ силсилагузоришҳои ҳисоботӣ  аз рафти тақсими тӯҳфаҳои солинавӣ, аз қабили сару либоси гарму маводи хӯрока ва лавозимоти дигар барои ятимону кӯдакони бесаробонмонда ва оилаҳои камбизоат пешниҳод шуданд, ки аз номи президенти кишвар тақдим гардид. Дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Рушон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Сангвор, Рашт ва Нуробод намояндагони Дастгоҳи президенти кишвар ва дар бархе аз онҳо (Ҳисору Рӯдакӣ) муовини сарвазири кишвар Матлубахон Сатториён ба кӯдакон тӯҳфа тақдим намуданд. Дар гузориш аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии махсуси шаҳри Ҳисор, ки тарбиятгирандагонаш кӯдакони маъюбиятдошта мебошанд, дар яке аз наворҳо чанд лаҳза кӯдаконеро нишон доданд, ки зери пои тарбиятгирандагони дар коляска буда,  рӯи фарш нишаста телевизор тамошо мекунанд, ки умуман қобили қабул нест ва меъёри этикиро низ вайрон мекунад.

Чун дар барномаи «Тоҷикистон», мавзуъи шарҳи телевизонии Марҷонаи Сабзалӣ атрофи роҳсозӣ дар тули солҳои Истиқлолият бахшида шуда, анқариб он чизеро, ки дар барномаи шабакаи «Тоҷикистон» гуфтанд, ин ҷо низ такрор намуданд.

Гузориши охир аз вилояти Суғд буда, дар он Мирзоалӣ Раҳмон  аз ғолиб омадани се нафар мактаббача аз Хуҷанд  дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз забони англисӣ дар Таиланд ва соҳиби гран-при шудану ба маблағи умумии 220 ҳазор доллар бурси таълимӣ буридан ва ба даст овардани онҳо имконияти таҳсил дар дилхоҳ донишгоҳҳои Амрико, хабар дод, ки ҷолиб буд.

Манижа Курбанова
Манижа Курбанова
Журналист, в медиа почти 25 лет, из них 12 лет проработала в медиагруппе «Азия-Плюс». Была редактором в нескольких изданиях, в том числе таджикоязычных.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ