ДомойМедиалентаИттиҳодияи Аврупо кумак ба ВАО-и мустақилро барои мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар...

Иттиҳодияи Аврупо кумак ба ВАО-и мустақилро барои мубориза бо иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ афзоиш медиҳад

Имрӯз дар шаҳри Астана лоиҳаи «Пойдорӣ ва ҳамкорӣ бо иттилооти гуногуншакл барои муҳити рушдкунанда» (REVIVE) оғоз гардид, ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо (ИА) маблағгузорӣ мешавад.

Лоиҳа ба таҳкими андешаҳои мустақил тавассути пешниҳоди иттилооти босифат равона шуда, ба сокинони Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки қарорҳои асоснок қабул намоянд ва мухотабонеро (аудиторияеро) ба вуҷуд оваранд, ки ба маълумоти бардурӯғ тобовар бошанд. Лоиҳаро созмони байналмилалии ғайритиҷоратии «Интернюс» (Internews) амалӣ мекунад. Барои ноил шудан ба ҳадафи асосии лоиҳа, Интернюс диққати асосиро ба ду нишондиҳандаи асосӣ равона хоҳад кард: 1) Журналистҳо (рӯзноманигорон) ва созандагони муҳтаво тавонмандии худро барои тавлид ва паҳн кардани муҳтавои босифат ва иштирок дар лоиҳаҳои муштараки фаромарзӣ беҳтар мегардонанд; 2) Шаҳрвандон ва ҷавонони фаъол саводи расонаии худро баланд бардошта, аз иттилооти боэътимод истифода мебаранд.

Дар чорабинии Астана шарикони маҳаллӣ ва байналмилалӣ, намояндагони ҳукумат ва коршиносони маъруфи ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд. Ҳамаи онҳо омодаанд ҳамкориҳои фаъолро тавассути ташаббусҳои муштараки миллӣ ва минтақавӣ барои баланд бардоштани иқтидори истеҳсолкунандагони муҳтаво ва пешгирии паҳншавии иттилооти бардурӯғ дар Осиёи Марказӣ оғоз намоянд.

Дар суханронии ифтитоҳии худ Кестутис Янкаускас – сафири Иттиҳоди Аврупо дар Қазоқистон қайд кард, ки «Иттиҳодияи Аврупо ба рушди муносибатҳои дӯстона ва сулҳомез бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар минтақа манфиатдор аст. Муҳим он аст, ки ҳамаи мо имкони гирифтани иттилооти ҳамаҷонибаи боэътимод, шунидани андешаҳои гуногунро дошта бошем, зеро танҳо бо ин роҳ мо метавонем иттилоотро таҳлил кунем ва нуқтаи назари худро ташаккул диҳем. Маълумоти фиристодашуда бояд санҷида шавад, далелҳо ошкоро нишон дода шаванд. Озодии баён ба масъулият барои иттилооти интиқолшуда ва ахлоқи журналистон зич алоқаманд аст. Иттиҳодияи Аврупо аз ин лоиҳа пуштибонӣ мекунад, зеро масъалаҳои фазои солими иттилоотӣ барои ҳамаи мо хеле муҳим аст».

 

Кестутис Янкаускаc, акс — Internews

Марат Бигалиев – директори минтақавии Интернюс дар Қазоқистон, ба Иттиҳодияи Аврупо барои дастгирии ин ташаббус изҳори сипос кард ва таъкид намуд, ки лоиҳаи мазкур “ба фароҳам овардани муҳити солими иттилоотӣ мусоидат менамояд, ки ба шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ имкон медиҳад ба пропаганда, иттилооти беэътимод ва маълумоти бардурӯғ дода нашаванд ва имкон дошта бошанд, ки қарорҳои асосдор қабул намоянд».

Марат Бигалиев, акс — Internews

Кормандони Интернюс дар ду презентатсия ҳангоми чорабинӣ дар бораи лоиҳа маълумоти муфассал пешниҳод намуда, тамоми чорабиниҳои ба нақша гирифташударо тавсиф намуданд. Директори лоиҳа Вадим Садоншоев, ки гурӯҳи иҷрокунандаро роҳбарӣ мекунад, аҳамияти лоиҳаро дар шароити тағйирёбанда таъкид намуда, гуфт, ки Интернюс бо шарикони маҳаллӣ ҳамкории зич дошта, аз равиши ба баҳрагирон равонашуда барои пешрафт ва шарикӣ ҷиҳати муқобила бо иттилооти бардурӯғ истифода хоҳад кард. «Дар доираи лоиҳаи мазкур Интернюс ба дунболи таҳмили тағйир додани миссия ё ҳадафҳои шарикони расонаӣ нест, балки талош менамояд ба иштироккунандагони мавҷуда иттилооти боэътимодро таъмин намояд ва ба онҳо барои фарогирии доираи васеътари мухотабон бо иттилооти дорои эътимоди баландтар кумак расонад», – гуфт Садоншоев.

Вадим Садоншоев, акс — Internews

Лоиҳа дар давоми 18 моҳ дар Осиёи Марказӣ шурӯъ аз 1 августи соли 2022 амалӣ мешавад ва дар навбати аввал бо мутахассисони мустақили расона, созандагони муҳтаво, фаъолони шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ кор хоҳад кард.

Буҷети умумии лоиҳа 3,8 миллион евроро ташкил медиҳад.

Муфассал оид ба лоиҳа дар ин ҷо.

Редакция
Редакция
Редакционный аккаунт сайта "Новый репортер".

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ