Ниҳоят вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳам дипломи ғолибияти худ дар озмуни ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj –ро аз дасти сармуҳаррири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Шариф Ҳамдампур соҳиб шуд.
Ӯ ҳатто ба онҳое, ки ба ҷонибдориаш дар “Рейтинг-2022” овоз доданд, изҳори сипос намуд ва гуфт “ин эътимоди мардум нисбат ба соҳаи маориф аст, ки раъйи худро доданд”.
Вокунише, ки натиҷаи мусбат дод?
Хотиррасон мешавем, ки сар аз соли нав нашрияи “Тоҷикистон” маълумот дар бораи ғолибони рейтинги ҳафтаномаи мазкур ва сомонаи Pressa.tj –ро нашр карда, онро дар сомонаи худ ҳам мегузорад.
Масъулини ҳафтанома дар шарҳи озмун гуфтанд, ки овоздиҳӣ дар он тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то соати 12.00 –и 30-юми декабри соли 2022 идома ёфт. Пеш аз ин, онҳо гуфта буданд, ки моҳи ноябри соли гузашта ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миёни 800 респондент пурсиш гузаронд, ки дар натиҷа аз ҳар номинатсия даҳнафарӣ ашхоси муваффақ дониста шуданд.
Аммо ҳанӯз дар рӯзҳои аввали ин озмун мавҷи норозигӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Бархеҳо навиштанд, ки саҳифаи озмунро дар интернет мекушоянд, аммо ҳоло амале анҷом надода, барояшон паём меомад: “Шумо аллакай овоз додаед!”.
Масъалаҳои дигар низ радду бадал шуданд. Кор то ҷое расид, ки ҳамин вазири маориф, ки ниҳоят дипломи худро гирифт, вокуниш кард. Аз ҷумла гурӯҳҳои вобаста ба вазорат дар Фейсбук бо изҳори сипоси Саидзода ба масъулини озмун ва онҳое, ки ба ҷонибдориаш овоз додаанд, тазаккур намуданд: — Раҳим Саидзода афзуд, “зарурат ба чунин тарғибот нест. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, аз пешниҳоди чунин навиштаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, минҷумла, маҷаллаи Маорифи Тоҷикистон худдорӣ намоед”.
Ин гуна бархӯрди вазири маориф мавриди истиқболи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт ва бархеҳо навиштанд, ки хеле аз мансабдорон бояд аз ӯ ибрат гиранд.
Аммо ҳоло маълум мешавад, ки ин вокуниши Саидзода барояш нақши мусбат бозида, барои овоздиҳии бештар мусоидат намудааст. Дар акси ҳол, ӯ дипломи ғолибиятро соҳиб намешуд…
Аз пешниҳод ба “Фурӯғ” то “Ректори Рӯзи қиёмат”
Зимнан, танҳо корбарони оддӣ набуданд, ки аз ин шакли рейтингсозӣ изҳори норизоӣ карданд. Хеле аз шахсиятҳо низ ба ин баҳсҳо ҳамроҳ шуданд. Донишманди тоҷик, яке аз доварони машҳури озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” Ҳафиз Раҳмон навишт, ки мантиқи ин гуна озмун ё имиҷсозиро нафаҳмидааст. Зеро, агар яке хубтар аз дигарон бошад, пас, боқимондаҳоро иваз бояд кард!
“Аз ин гуна овоздиҳӣ беҳтар мебуд, ки барои инҳо ҳам як озмуни имтиҳони фаъолият ташкил кунанд, то донишу ҳунари мудирияташон ба ҷомеа маълум шавад… Мисли он ки дар «Фурӯғ» аз адабиёти бадеӣ мардум донишу фаҳму дарки хешро ба намоиш мегузоранд…” пешниҳод кард Ҳафиз Раҳмон.
Ҳуриниссо Ализода, рӯзноманигор ва раиси Шӯрои ВАО –и Тоҷикистон дар Фейсбук таҳти унвони “Рейтинг- Чаро норизоӣ ба миён овардааст? Фишкаи он дар куҷост?” матлаби калон навишт ва гуфт, албатта омӯзиши афкори омма хуб асту назарпурсиҳо ин донистани мавқеи одамон аст, ки барои як давлати демократӣ ҳеҷ ҷойи таҳайюр ё нигаронӣ надорад. Аммо оё натиҷаи он ба ҷуз обрӯрезӣ ё «обрӯсозӣ» чизе медиҳад?”.
Раиси Шӯрои ВАО дар идомаи матлабаш навишт, ки ҳадафи ин “ҳиллаҳо” манфиат асту бас.
“Вагарна, бибинед, яке аз системаҳои фурӯрафтаи кишвари мо ин маориф аст, ки тайи чанд давраи охир, сарҳисобаш гум гаштаву тибқи даъвоҳои мардум ва ё дидаҳои ҳар нафаре, ки мактабхону донишҷӯ дорад, коррупсия дар он реша дар об дорад. Чанд насли мо бо сусттарин савод соҳиби диплому бо бесаводиҳо номзади илм шудаанд. Ҳоло қариб ҳар дуввумин дипломдор мехоҳад ҳуҷҷати номзади илм бигирад. Зеро мӯд аст, унвони илмӣ доштан (на илм омӯхтан). Ва дар ҳамин ҳол, ки вазири нави маориф ҳанӯз аз як гӯшаи ин мушкилот даромада, аз он набаромадааст, кадом як корманди «хайрхоҳ» ё вазифаталабаш, ӯро ба «вазири беҳтарин» пешниҳод мекунад”,- навишт Ҳуриннисо Ализода.
Ғунчагул Нурализода, корбари фаъоли Фейсбук, наттоқи ТВ “Душанбе” бо ишораи “Аз саҳифаи дӯст” матлаберо таҳти унвони “Ректори Рӯзи қиёмат” нашр кард, ки гӯё гуфтаҳои Ҳуриннисо Ализода дар мавриди тамаъ ва манфиатҷӯии расонаҳо аз роҳандозии ин гуна озмунҳоро ошкор мекард:
“Чанд сол пеш як расона озмуни «Ректори сол» эълон карда буд. Масъулон танҳо барои шомил шудан ба рӯйхати номзадҳо аз ректори як муассисаи олии хеле бонуфуз чанд ҳазор сомонӣ талаб намуданд. Инчунин, барои ба эшон додани ҷойи аввал маблағи иловагӣ… Ректор, ки хеле шахсияти фарҳехта аст, ба онҳо посухи сазовор дода буд: «Ба ҷойи сарфи ин маблағ дар озмуни сохтаву дурӯғини шумо онро ба ягон ятимхона дода, ректори рӯзи қиёмат мешавам!»
“Посух ба 3 суоли баҳсбарангез”
Масъулини озмун аз нашрияи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj чун диданд, ки баҳсҳо ҷиддиву зиёд мешаванд, зарур донистанд ба саволҳои асосии мавриди баррасӣ посух диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки ин гуна озмунҳо барояшон нав нест.
“Соли дуюм аст, ки рейтинги мазкурро сомонаи Pressa.tj мегузаронад, зеро имкониятҳои техникӣ шароит фароҳам оварданд, ки овоздиҳӣ онлайн ва шаффоф баргузор шавад. Аз оғози рейтинг то имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарусадои зиёде пайдо шуд…”, — навишт ин сомона.
Дар идома ба се суоли баҳсбарангез, ки ба гуфтаи онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, зангҳои телефонӣ, паёмҳо ва суҳбатҳои хоса ба онҳо расидааст, посух доданд.
Ба саволи аввал дар бораи он ки чаро корбарон овоз дода наметавонанд, масъулини ҳафтанома навиштанд, “овоздиҳӣ дар барномае, ки мо бо он кор мекунем шаффоф аст. Ин барнома ба як IP адрес имкони ҳамагӣ як маротиба овоз доданро ба як номина медиҳад. Яъне агар дар офисе, ки шумо фаъолият мекунед 50 компютер ҳам ба як IP адрес пайваст бошад, имкони ҳамагӣ як маротиба овоз додан ҳасту халос….”
Ба саволи дуввум дар бораи он ки онҳо тариқи рейтинг маблағ кор мекунанд ё не, посух дода шуд, ки “ин рейтинг то ба имрӯз ба хазинаи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” 1 сомонӣ ҳам фоида наовардааст. Баръакс, дарди сар меораду халос… Мо бархе аз “Шахсиятҳои сол”-ро ҳатто намешиносем. Бархеи онҳо ҳатто “Диплом”-ашонро то ҳол нагирифтаанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин мо рейтингро баргузор мекунем! Зеро хонандаи мо ҳаққи баёни андешаву афкорро дорад”.
Ба саволи сеюм дар бораи он ки чаро ин рейтингро баргузор мекунанд, посух чунин буд, ки ин ҳаққи мардум аст.
“Яке аз вазифаҳои асосии ВАО муайян кардани афкори умум аст. Мардум ҳаққи интихоб дорад, ҳақ дорад ба ҷонибдории як раис ё як вазир ё як шоир ё як ҳунарманд овоз диҳад. Ӯро аз дигаре бартару болотар донад… Албатта, натиҷаи тамоми рейтингҳову сабқатҳо нисбӣ аст, вале он натиҷаи интихоби як гурӯҳи одамон аст. Мо ҳаққи онҳоро ҳуқуқи поймол кардан надорем. “Ноҳақ” гуфтани натиҷаи рейтинг поймол кардани ҳаққи интихоби ҳазорон нафар аст…”, — гуфта мешавад дар посухи масъулини сомонаи Pressa.tj ва ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.
Бӯҳрони беэътимодӣ бӯҳрони иқтисодиро намеафзояд?
Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи коршиносон, аслан рейтинги мансабдорон аз рӯи меъёрҳои илми ҷомеашиносӣ баргузор намешавад. Роҳандозии аввалини ин гуна озмунҳо дар матбуоти фаъол аз ибтидои солҳои 2000 – ум оғоз мегирад. Нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” саҳифаи махсусеро боз намуд, ки “Рейтинг” ном дошт. Он моҳе як маротиба баргузор шуда, дар он “Журналисти беҳтарин”, “Нашрияи беҳтарин”, “Шоири беҳтарин”, “Овозхони беҳтарин” ва мисли ин натиҷагирӣ гардидааст.
Масъули ин саҳифа Раҷаб Мирзо мегӯяд, идеяи ташкили ин саҳифа аз Давлат Назрӣ, сармуҳаррири вақти ин нашрия буд ва масъули саҳифа ба донишгоҳҳо мерафт ва аз донишҷӯён тақозо мекард, ки номгӯи ашхоси ба назарашон машҳурро дар қоғазҳо нависанд:
“Албатта ин назарсанҷиҳоро ҳоло касбӣ номидан имкон надорад. Мо баъд, дар замони фаъолият дар Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб” махсусиятҳои касбии сотсиологиро дуруст дарк намудем. Аммо он замон ин гуна назарсанҷиҳо анҷом намешуданд ва ин як навъ ибтидо буд. Баъд онро дар чанд шумораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” бо номи “Мизони шӯҳрат” ҳам роҳандозӣ кардем”, — мегӯяд ӯ.
Солҳо боз нашрияи “СССР” гӯшаҳое чун “Раиси мардумӣ”, “Вазири халқӣ” ва мисли инро анҷом медиҳад.
“Фараж” ва “Самак” – нашрияҳои Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳам чандин сол аст, ки озмунҳои гуногун ташкил мекунанд: “Беморхонаи беҳтарин”, “Мактаби беҳтарин”, “ШКД –и беҳтарин”, “Овозхони беҳтарин” ва мисли ин. Ҳамин тавр, тавассути анкетаҳои хос бояд ҳар яке аз муассисаҳои ёдшуда миқдори зиёди нашрияҳоро харидорӣ намоянд ва ба ин тартиб теъдоди муайяне аз ин ҳафтаномаҳо ба фурӯш мераванд. Ба ин васила то ҷое теъдоди нашри худро ҳифз мекунанд.
Барои ҳамин натиҷаи онҳо ҷиддӣ гирифта нашуданд. Ҳадди ақал, барои он ки афзалият дар ин гуна озмунҳо маҳз ба онҳое дода мешуд, ки анкетаи бештарро, ки нашрияҳо ташкил кардаанд, харидорӣ менамуданд. Сару садое буд, ки мансабдорон ба зердастонашон супориш медоданд: фалон нашрияро харид карда, анкетаашро пур карда, ба ман “овоз” диҳед!
Нашрияҳои Тоҷикистон идеяҳои нисбатан креативӣ ҳам доштанд. Масалан, “СССР” солҳои аввали пайдоишаш иқдомҳои ҷолибе анҷом медод. Фарзи мисол, вақте бозори фурӯши лампаҳои каммасраф “гардон” шуд, ин нашрия дар чанд бозори Душанбе фурӯши арзону босифати онро ташкил кард. Фурӯши чанд навъи ғизо тариқи анкетаҳои “СССР” низ мисле, ки таъсирнок буданд. Аммо ҳоло ин нашрия “Раиси мардумӣ” ва “Вазири мардумӣ” онҳоеро номидаву диплом медиҳад, ки аз ҳама зиёд анкетаи нашрияро “пур кардааст”…
Озмунҳои нашрияи “Тоҷикистон” низ дар гузашта каме фарқ мекарданд. Масалан, озмуне доштанд дар мавриди шеъри беҳтарин бахшида ба Истиқлолияти Тоҷикистон. Хонандагон ба нашрия ашъори худро мефиристанд, нашрия онро чоп намуда, баъдан ғолибонро муайян мекард. Воқеан, дар озмуни шеъри беҳтарин вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода иштирок намуда, соҳиби ҷои сеюм шуда буд…
Зимнан, баргузории чунин иқдом дар ҷомеаҳои демократӣ як амри маъмулист. Ҳатто дар рӯзҳои муқаррарии зиндагӣ. Дар кишварҳои ҳамсояи мо, назири Қирғизистону Қазоқистон ҳам расонаҳои хабарӣ ва низ созмонҳои вижаи омӯзиши афкор ҳар мансабдорро аз рӯзи аввали ба курсӣ нишастанаш, зери дурбини худ қарор медиҳанд, ҳар қадами ӯро пайгирӣ ва таҳлил менамоянд. “100 рӯзи фаъолияти вазир”, “3 моҳу 10 рӯз бо…”, “Шаш моҳи шаҳрдори нав” ва мисли ин гӯшаҳои доимии нашрия, шабакаҳои радиоиву телевизионист. Рейтинги манасабдорон аз рӯи таъиноташон ҳам доим баргузор мешаванд.
Ин гуна иқдомҳо, ки бар асоси далелҳои мушаххас баҳогузорӣ мешаванд, барои ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва таҳрик намудани мансабдорон хеле муҳим мебошанд. Хоса дар рӯзҳои бӯҳронӣ…
Аммо шояд нашрияҳои Тоҷикистон чунин озмунҳоро ба он хотир анҷом медиҳанд, ки худ ба бӯҳрон, хоса бӯҳрони молиявӣ гирифторанду ба ин васила мехоҳанд аз он берун шаванд?
Агар чунин аст, оё бӯҳрони беэътимодӣ бӯҳрони иқтисодиро бештар намекунад?
Ин аст саволи муҳим…