ДомойМедиалентаРӯзноманигорони афғон дар Тоҷикистон бо чӣ кор машғуланд?

Рӯзноманигорони афғон дар Тоҷикистон бо чӣ кор машғуланд?

Афзоиши таҳдидҳо ва маҳдудиятҳои корӣ, бавижа дар ду соли охир дар Афғонистон сабаб шуд, ки  шумораи зиёди хабарнигорону кормандони расонаӣ, кишвари худро тарк кунанд. Шуморае  аз ин хабарнигорони Афғонистон ба Тоҷикистон низ муҳоҷир шудаанд. Ба баъзе аз онҳо муяссар мегардад, ки бо кумаки наздикону ягон ниҳодҳои ҳимояи хабарнигорӣ ба кишварҳои сеюм бираванд. Аммо чунин кумакро на ҳамаи хабарнигорони афғон, ки айни ҳол дар Тоҷикистонанд, доранд.

“Хабарнигори муосир” бо се тан аз чунин рӯзноманигорони афғон суҳбат орост ва аз ҳолу аҳволи онҳо пурсон шуд.

Фаришта Ғанӣ, собиқ хабарнигори радиои “Озодӣ”-и Афғонистон 6 соли таҷрибаи кори хабарнигорӣ дорад. Самти асосие, ки ӯ пайгирӣ мекарду менавишт, мавзуоти занони  Афғонистон буд. Пас аз оне, ки ҳамкоронаш таҳти таъқибу кушторҳои ҳадафманд қарор гирифтанд, аз тарси ҷону ноамнии ҳолат, охири соли 2019 шаҳри Кобули Афғонистонро тарк карда, ба Тоҷикистон омад.

“Асосан барои хонумони  хабарнигор дар самти фаъолияташон кор кардан хеле душвор буд. Дигар тарафи масъала ин буд, ки қотилону таҳдидкунандагони хабарнигорон ёфтаву ҷазо дода намешуданд. Ин боиси нигаронии мо шуда буд”, — мегӯяд Фаришта.

Пас аз омадан ба Тоҷикистон Фаришта Ғанӣ кӯшиши ба кори хабарнигорӣ идома доданро кардааст. Вале аз сабаби надонистани хатти сирилик, натавонист кори хабарнигориро идома диҳад. Чун дар Тоҷикистон забони форсиро ба хатти сирилик менависанд ва расонаҳои кишвар бештар бо забонҳои тоҷикиву русӣ нашр мешаванд.

“Ба бахши тоҷикии расонаи “Азия Плюс” барои идомаи кор дархост гузоштам. Барои суҳбат ҳам даъват карданд. Вале ҳаққи коре, ки пешниҳод шуд, ба ман мувофиқат намекард. Зеро дар шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунам ва ҳамарӯза рафтуомаду зисту дигар қисмҳои зиндагиро он маблағ руйпӯш намекард”, — мегӯяд Фаришта Ғанӣ.

Вале Фаришта солҳои 2021 ва 2022-и худро дар Тоҷикистон, солҳои комёбиаш медонад. Зеро ӯ ба қиссанависӣ шурӯъ карда, яке аз орзуҳои деринаи худро амалӣ сохт. Чанд қиссаи ӯ, ки дар бораи зиндагии занҳои афғон буд, ба китоби “Қалами ман болҳои як парранда аст” ҷой дода шуд. Ин китоб қиссаҳои ҷолиби нависандагони рӯйи оламро ба ҳам оварда, ба забонҳои англисӣ, ҷопонӣ ва олмонӣ нашр шудааст.

Фаришта ба Тоҷикистон якҷоя бо шавҳараш Латиф Ҳамидӣ омад, ки ӯ ҳам яке аз собиқ хабарнигорони Афғонистон мебошад. Фаришта ва Латиф бо ҳам дар ҷараёни кор дар радиои “Калид”-и Афғонистон ошноӣ пайдо карда буданд. Ҳоло Латиф Ҳамидӣ ҳам кори хабарнигориро қатъ кардааст. Зеро ӯ сарвари хонадон, шавҳари Фаришта ва падари Урёнаи яксола аст. Пас аз ба Тоҷикистон омадан, Латиф ба кори сохтмонӣ рӯ овард ва то ҳол дар ин самт кор мекунад.

“Ҳамарӯза субҳ соати 6 аз хона берун меравам ва вақти шом бармегардам. Ростӣ, ман кӯшиш накардам, ки кори  хабарнигорӣ дар Тоҷикистон бикунам. Зеро кори ҷисмонӣ қувваи зиёд талаб мекунад ва барои кори эҷодӣ дигар вақт намемонад. Вале барои мо зиндагӣ дар Тоҷикистон хеле хуш аст. Чун мо ҳамзабону ҳамфарҳангем. Вале бояд кору даромад ба даст овард. Чун ман сарбони оила ҳастам”,- қайд мекунад Латиф Ҳамидӣ.

Ин оилаи хабарнигор умеди идомаи фаъолияти касбии худро доранд. Тавре Латиф Ҳамидӣ мегӯяд, ин касб ба қалбу раги онҳо ҷой дорад ва тарки он кардан, ғайриимкон аст.

“Ягонвақтҳо бо хонуми худ нишаста аз гузоришҳои собиқ ҳамкоронамон дидан мекунем. Қисматҳову мавзуоти ин гузоришро якҷоя таҳлил мекунем ва хеле хушамон меояд, ки ҳамкоронам кори худро идома медиҳанд. Бо пайдо шудани имкони мувофиқ ҳатман, ки кори хабарнигории худро дубора шурӯъ хоҳем кард”, — мегӯяд Латиф Ҳамидӣ.

Абдулҷаббор Азизёр яке аз чеҳраҳои маъруфи радио-телевизиони Миллии Афғонистон мебошад. Азизёр низ пас аз таҳдидҳои зиёд бар худу оилааш, пеш аз суқути Афғонистон ба Тоҷикистон омад. Ӯ наттоқи барномаҳои хабарӣ буд ва таҷрибаи 14-солаи кор дар расонаҳоро дорад. Ӯ ҳам ба мисли дигар ҳамкасбони ҳамватанаш натавонист кори хабарнигориро дар Тоҷикистон идома диҳад. Ҳоло ӯ аз фанни забон ва адабиёти форсӣ ба донишомӯзони мактаби Сомониён дарс мегӯяд. Пас аз омадан ба кишвар хост дар телевизиони фарҳангии “Сафина” кори наттоқиро идома диҳад, вале боз ҳам аз мушкилоти навишторӣ натавонист ба кор шурӯъ кунад.

“Ман албатта мехостам, ки кори дӯстдоштаи худро дар ҳамсоякишварамон Тоҷикистон идома диҳам ва дар хизмати мардуми тоҷик бошам. Лекин бароям мушкилии надонистани хатти сирилик пеш омад. Барои омӯзиш албатта фурсату имконият лозим аст. Ман, ки чунин фурсату имкониятро надорам. Хуб аст, ки ҳоло дар соҳаи худ ҳам набошам, ба кӯдакони ҳамватанам барои омӯзиш кумак кунам”,- мегӯяд Абдулҷаббор Азизёр.

Инчунин ин хабарнигори саршиноси афғон аз ниҳодҳои ҷаҳониии ҳомии хабарнигорон хоҳиш мекунад, ки барои хабарнигорони муҳоҷир дасти кумак дароз кунанд. Абдулҷаббор Тоҷикистонро хеле дӯст медорад ва зиндагӣ дар ин ҷо барояш хеле хуш аст. Аммо боз ҳам зиндагии муҳоҷират аст ва ӯ танҳо аз маоши омӯзгорӣ наметавонад оилаи 6 нафараи худро таъмин кунад.

Зиёде аз хабарнигорони афғоне, ки ҳоло муқими Тоҷикистонанд, бар ин ақидаанд, ки бо доштани мушкилии надонистани хатти сирилик наметавонанд, кори хабарнигориро идома диҳанд. Вале Нуриддин Қаршибоев, Роҳбари Анҷумани миллии васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) мегӯяд, ки ин мушкилии ҳалшаванда аст. Ба гуфтаи ин коршиноси расонаии тоҷик, ҳар як рӯзноманигор танҳо бо донистани забони модарии худ қаноатманд набошад.

“Ҳар як хабарнигор бояд ғайр аз донистани забони модарии худ, 2-3 забони хориҷиро низ дониста бошад. Дигар ин, ки махсусан барои хабарнигорони кишварҳои Эрону Афғонистон, омӯхтани алифбои сирилик хеле зуд суръат мегирад. Чун мо кишварҳои ҳамзабон ҳастем. Бо як забон ҳарф мезанем. Аммо навишторамон фарқ мекунад. Боз ҳам гап сари хоҳишу иродаи ҳар як кас меравад”, — гуфт Нуриддин Қаршибоев.

Ҳамзамон Қаршибоев қайд мекунад, ки барои хабарнигорони хориҷӣ, ки мехоҳанд дар Тоҷикистон фаъолияти касбӣ дошта бошанд, лозим аст ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии худро низ ҳаматарафа ба талабот ҷавобгӯ кунанд. Дар ин ҳолат, кору фаъолият барои эшон дар расонаҳои Тоҷикистон мушкилӣ пеш намеорад.

Пас аз суқути Афғонистон ва ба сари қудрат омадани Ҳукумати толибон ҳолати на танҳо хабарнигорон, балки расонаҳои ҳам милливу ҳам мустақил хеле бад арзёбӣ мешавад. Бисёре аз расонаҳо низ фаъолияти кории худро дар Афғонистон қатъ карданд ва ё дафтарҳои асосии худро ба дигар кишварҳо мекӯчонанд.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ