Ҳарчанд майлонҳои нави журналистикаро бархе ҳамкасбони мо қабул кардан намехоҳанд, аммо ин қолабҳо оҳиста- оҳиста фаъол мегарданд. Сторителлинг (достонсароӣ, қисса) аз қолабҳои наве ҳаст, ки дар чандсолаи охир дар расонаҳои дунё, аз ҷумла Тоҷикистон истифода мешавад. Агарчӣ дар Тоҷикистон ин қолабро на ҳама медонанд, аммо намунаҳое аз худ доранд.
Мунаққиди “Хабарнигори муосир” ба сторителлингҳои чанд расонаи Тоҷикистон назар афканд, то ба чанд саволаш посух ёбад: Ин қолаб чӣ бартариҳо дорад ва дар расонаҳои Тоҷикистон то куҷо дуруст истифода мешавад?
Гуфтани мушкилот ба воситаи як шахс
Сторителлинг ё достонсароӣ қолаби наве аст, ки ба воситаи як шахси воқеӣ ин ё он мушкили ҳаёти ҷамъиятиро ошкор менамояд. Аз ин ҷост, ки мегӯянд он ҳадафи бозгӯӣ кардани мушкил ва таъсиррасонӣ ба афкори оммаро дорад.
Мақсадҳои дигари сторителлинг чеҳракушоӣ дониста мешавад. Журналистоне, ки бо ин жанр кор мекунанд, бештар дар бораи қаҳрамононе менависанд, ки истеъдод ва дигар бартариятҳо доранд, вале дар миёни ҳазорони дигар чашмнорас шудаанд. Сторителлинг ба ин васила ба мушкилоти мубрам назар мекунад.
Дар нашрияву рӯзномаҳои давлатӣ қариб, ки дар ин қолаб матлаб ба нашр намерасад. Дар ҳафтаномаҳои хусусӣ гоҳ — гоҳ чизе ба он монанду наздик чоп мешавад.
Аслан, расонаҳои электронии Your.tj, Halva.tj ва Jom.tj дар қолаби сторителлинг матлаб ба нашр мерасонанд. Бахши русӣ ва тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” ҳам дар сторителлингнависӣ фаъол аст.
Your.tj – пешоҳанги сторителлинг дар Тоҷикистон
Расонаҳои Тоҷикистон ба воситаи ин қолаб аслан перомуни қаҳрамонҳое нақл мекунанд, ки дар ин ё он кор пешсафу фаъоланд. Ин нафарон метавонанд дар дохили кишвар бошанд, ё берун аз он.
Расонаи электронии Your.tj –ро пешоҳанги сторителлинг дар Тоҷикистон медонанд. Дар ин қолаб талош менамоянд на танҳо дар бораи шахсиятҳо бигӯянд, балки тавассути онҳо ба мушкилоте низ дахл менамоянд. Чанд намуна меоварем:
Your.tj таҳти номи “Умре фидои пешаи пурифтихор. Муаллим Афсаҳзод чӣ мушкилиҳоро паси сар кардааст?” дар бораи муаллими деҳаи дурдасте сторителлинг таҳия кардааст. Ба гуфтаи муаллиф, муаллим Қиличхон Афсаҳзод бештар аз 43 сол мешавад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №35, №60 ва №64-и деҳаи Рукнободи шаҳри Панҷакент ба тарбияи насли наврас машғул аст.
Дар ин сторителлинг перомуни кори роҳбарӣ, фаъолияти омӯзгорӣ, омода намудани шогирдоне, ки дар олимпиадаҳои сатҳи баланд ҷойҳои намунавӣ гирифтаанд, рассомӣ, шеърнависӣ ва сурудхонии муаллим Қиличхон Афсаҳзод сухан меравад.
Қаҳрамони сторителлинг шахси ҷолибу муаллими собиқадор аст ва корномаи ӯ масали “ба як мард 40 ҳунар кам аст”-ро ба хотир меоварад. Чеҳраи муаллим дар сторителлинг хуб кушода шудааст ва ҳаёту фаъолияти номбурда барои хонанда ҷолиб ва муфид дониста мешавад. Мушкилоти кори омӯзгорӣ ва тарбияти насли нав низ дар ин сторителлинг дарҷ гардидаанд. Дар баъзе ҷойҳо такрорҳо ҳам ба чашм мерасанд.
Эҳсос дар сторителлинг мавқеи муҳимро мебозад. Your.tj ҳам дар ин қолаб бештар мехоҳад ҳиссиёти аудиторияашро бедор кунад. Қаҳрамони дигари Your.tj духтари ҷавони муваффақ ва “донандаи ҳафт забон ва ғолиби чандин озмунҳои сатҳи байналмилалӣ” аст. Аслигул Тиллохонова 27 сола мебошад. Зикр мешавад, ки ӯ забонҳои русӣ, англисӣ, франсузӣ, арабӣ ва олмониро медонад. Аммо ду забони дигари медонистаи ӯ маълум нест кадомҳоянд…
Ба назар мерасад, ки ин сторителлинг бисёр бо эҳсос навишта шуда, ҷаҳони ботинии қаҳрамон хуб тасвир гардидааст. Аз он ҷумла, Аслигул дар бораи ширкаташ дар озмуни Flex дар Конференсияи забондонони дунё, ки соли 2017 дар шаҳри Вашингтони ИМА баргузор гардида буд, чунин нақл мекунад: “Вақте бори аввал дар озмуни сатҳи баланд ширкат доштам, ҳисси аҷибе вуҷудамро фаро гирифта буд. Ҳисси тарс. Аз ноумед гаштан, иштибоҳ кардан метарсидам. Довталабон аз дигар давлатҳоро дидам, ки кишварашонро бо як шукӯҳу шаҳомат муаррифӣ карда истодаанд. Тарс маро тарк кард ва ҷояшро ҳисси ғурур гирифт. Бо худ гуфтам, ки ман ҳам метавонам зебоиҳои кишварамро ба онҳо тасвир кунам. Вақте дар бораи қалъаи Ҳисор, Ҳулбук, кӯҳи Чилдухтарон, кӯҳҳои Помир, мавзеъҳои зебои Бадахшон ва ҷойҳои таърихии Тоҷикистони азиз бо якчанд забон ҳарф задам, онҳо шигифтзада шуданд”.
Муаллиф ҳаёти Аслигул Тиллохоноваро ҳамвора дар талош тасвир карда, инчунин дар бораи имкониятҳои кор дар хориҷа ва сарҳади илму дониш андешаҳои қаҳрамонро пурсидааст.
Ҳаёту фаъолияти тоҷикони берун аз Тоҷикистонбуда низ барои сторителлингнависони мо мавзӯи калидист. Мушкили таъмини ҷойи кор ва ҳақмузд низ дар сторителлингҳои ин расона хуб зикр гардидаанд. Your.tj зери номи “Кор дар Британияи Кабир. Чӣ тавр зани тоҷик тасмим гирифт, ба кори мавсимӣ равад” дар бораи Фарангиз Усмонова сторителлинг таҳия кардааст. Ин зан менеҷер аст ва маълумоти олӣ дорад, аммо ба хулосае омада, ки на дар Тоҷикистон ва на дар Маскав наметавонад маблағи барои рӯзгор заруриашро ба даст орад ва “барои пул кор кардану хона харидан” ба Британияи Кабир рафтааст. Ӯ он ҷо дар хоҷагиҳои қулфинайпарварӣ кор мекунад.
Фарангиз Усмонова ин ҷо дар бораи чӣ тарз ба Британияи Кабир сафар кардан, раванди гузариш ва роҳҳои онро нақл кардааст. Ҳамзамон, ӯ дар бораи меҳнати ҷисмонӣ дар хориҷа, ҳақмузди он ва соати корӣ маълумоти муфассал додааст. Барои бархе хонандаи матлаб тасаввуроте ҳосил мешавад, ки ҳадафи таҳияи он таблиғи муҳоҷират ба Британияи Кабир аст.
Аммо як нуктаи нозук дар ин сторителлинг тобишҳои манфиро ба миён меоварад: муаллиф дар дастикам 3 ҷо таъкид кардааст, ки “Фарангиз Усмонова барои пул кор кардан ба Британияи Кабир рафт”. Шояд беҳтар буд, ки ба ин нукта таваҷҷуҳ камтар мешуд…
Halva.tj ва масъалагузориҳои он
Вебгоҳи Halva.tj низ аслан перомуни ҳунарвароне, ки дар гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он машғули кору фаъолият ҳастанд, сторителлинг таҳия мекунад.
Муаллифи Halva.tj таҳти унвони “Вебсоз, барноманавис ва устоди IT. Тоҷикдухтари қолабшикан кист?” дар бораи Олия Раҳматова, донишҷӯе, ки ҳоло устоди IT ва вебсоз (сомонасоз) низ ҳаст ва дар Алиф Академия ба 38 тан духтар вебсозиро меомӯзонад, стрителлинг навиштааст.
Дар он аз талош барои худсозӣ то чанд мушкили соҳаи IT дар Тоҷикистон дахл намуда, бештар раванди кори қаҳрамонро бозгӯӣ кардааст.
Ё дар сторителлинги дигари ин расона — “Расмкашӣ дар пӯсти гов. Ин равияи нави ҳунарро кӣ кашф кард?” – нақл дар бораи оилае меравад, ки дар шаҳри Хуҷанд бо расмкашӣ дар рӯи пӯсти гов машғул аст ва бо ин ҳунар соҳиби ном ва нон гаштааст.
Муаллиф бо Меҳринисо Шарипова, келини ин хонавода, ки гуфта мешавад, аз 13-солагӣ ба рассомӣ машғул аст, сӯҳбат карда, таъкид мекунад, ки рӯзгори ин хонавода аз ҳисоби рассомӣ мегузарад.
Қаҳрамони сторителлинг дар бораи бартарии расмкашӣ дар пӯсти гов маълумот дода мегӯяд, ки “ранги асар то дер гум намешавад ва мисли тасвири нав аз нобудӣ эмин мемонад”.
Инчунин, ӯ дар бораи расмҳои тасвиркардааш, ширкаташ дар озмунҳои дохиливу хориҷӣ ва арзиши асарҳояш нақл кардааст.
Як раванди аҷибе, ки дар аксар сторителлингҳои расонаҳои Тоҷикистон ба назар мерасад, ин аст, ки қаҳрамонон аз раисону вазирон хонаву сарпаноҳ ва ҷойи кор талаб менамоянд. То куҷо мушкили онҳо ба гӯши масъулин мерасад ва талабашон бароварда мешавад, ба мо маълум нест.
Қаҳрамони сторителлинги ишорашуда- Меҳринисо Шарипова ҳам аз надоштани ҷойи мувофиқ барои кор, фурӯши асарҳо ва омода кардани шогирдон шикоят намуда, аз Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд коргоҳ талаб кардааст…
Jom.tj аз камбудиҳо нагуфтанро беҳтар медонад
Вебгоҳи ҶОМ — Ҷавонон ояндаи миллат (Jom.tj) бошад, самти фаъолияташро ба бурду дастовардҳои ҷавонони тоҷик равона мекунад ва аз ҳаёту фаъолияти комёбтаринҳо сторителлинг ба нашр мерасонад. Тафовути ин вебгоҳ дар он аст, ки мехоҳад ҳамвора ҷавонони тоҷикро чун чеҳраҳои муваффақ дар илму фарҳангу иҷтимоъ нишон диҳад ва ба дигарон ангеза (мотиватсия) бахшад.
Барои мисол, дар сторителлинги “Чеҳраофарӣ бо меху ришта” перомуни “ягона ҷавоне, ки бо меху риштаи сиёҳ чеҳраи одамонро тасвир мекунад”, қисса шудааст. Ин ҷо дар хусуси кор ва чӣ тавр ба ба ин ришта даст задани Самандар Мирзоев нақл мешавад. Тафовути дигари ҶОМ ин аст, ки аз рӯзгору раванди фаъолияти қаҳрамонаш навор ҳам таҳия мекунад.
Ё ин расона таҳти номи “Вайс Асоев: кашидани портретро бад мебинам” сторителлинги дигаре нашр кардааст, ки қаҳрамонаш чандин ҳунарҳо дорад, аз ҷумла рассомӣ, тарроҳи курта, лоиҳакаш ва дизайнер-интерйер мебошад.
Лоиҳаи дигаре зери рубрикаи “Бол”, ки ҶОМ рӯи даст гирифтааст, дар бораи ҷавонони муваффақе нақл мекунад, ки дар хориҷа таҳсил ва кор мекунанд. Дар ин рубрика аз сторителлинги “Қанноди тоҷик дар Олмон. Барои унвони «chef» талош дорад” мисол овардан мумкин аст, ки дар робита ба фаъолияти Малика Боймирзоева дар як ширкати маъруфи қаннодии Олмон кор мекунад, ҳикоят мекунад ва аз дастовардҳои ин духтари тоҷик дар кишвари аврупоӣ васф мешавад.
Қаҳрамонҳои ношинос ва шинохтаи Азия+
Аммо ҷойгоҳи сторителлинг дар бахшҳои русиву тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” тафовутпазир аст. Дар ин хабаргузорӣ аз ҳаёту фаъолияти нафарони ҳунарманде, ки дар гӯшаву канори кишвар аз чашмҳо пинҳон мондаанд ва дар бораи онҳо кам нафароне маълумот дорад, сторителлинг таҳия мешавад.
Яке аз сторителлингҳои охире, ки дар бахши тоҷикии хабаргузории “Азия-Плюс” ба нашр расидааст, аз тақдири талхи чор зани иҷоранишин дар Турсунзода ҳикоят мекунад, вале таъкид мешавад, ки “зиндагонии сахт беҳтар аз гадоӣ аст”.
Ба ин монанд, хабаргузории “Азия-Плюс” сторителлинги дигаре ба чоп расонидааст, ки аз фаъолияти “як нафар савобҷӯ” қисса мекунад. Дар ин ҷо сухан перомуни фаъолияти Нӯъмон Ҳасанов — сокини шаҳри Хуҷанд меравад, ки Маркази хайру эҳсон таъсис дода, 7 сол ба ин сӯ ба ниёзмандон либосу пойафзоли ройгон медиҳад. Достони мазкур аз мушкилоти рӯзгору камбағалии мардуми шаҳру деҳоти кишвар бозгӯӣ мекунад.
Хабаргузории “Азия-Плюс” ба фарқ аз дигар расонаҳое, ки сторителлинг омода мекунанд, перомуни чеҳраҳои шинохтаи соҳоти гуногун ҳам сторителлинг таҳия мекунад. Аз ин ҷумла, муаллифи ин хабаргузорӣ дар бораи Ҷонибек Асозода, рассоми шинохта ва узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Академияи мусавирии Тоҷикистон сторителлинг омода кардааст. Дар ин матлаб ҳаёту фаъолияти рассоми шинохта ба таври бояду шояд ба хонанда равшан нашудааст, вале мушкилӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба шахсиятҳои маъруф дар Тоҷикистон дар матлаби мазкур маҳаки асосӣ гардидааст.
Теъдоди сторителлингҳо дар бахши русии хабаргузории “Азия-Плюс” нисбатан бештар аст. Қаҳрамони онҳо ва мавзуъҳояшон низ гуногунанд: аз зиндагиву касбу кори нафарони оддӣ то ҳунармандон, лухтаксозон, рассомон, ҳайкалтарошон, сиркбозон ва дигар қаҳрамонҳо.
Агар дар умум натиҷагирӣ бикунем, интихоби қаҳрамон, тарзи пешниҳод, мазмуну муҳтаво, номгузорӣ ва мухотабони (аудиторияи) ҳама расонаҳо аз ҳам тафовут доранд ва мехоҳанд роҳ ва самти фаъолияти худро дошта бошанд…
То вақте эҳсосоту ангезаи мухотабон бедор нест…
Ин чанд намуна аз сторителлинги расонаҳои Тоҷикистон буд. Пас корбурди онро то куҷо муваффақона гуфтан мумкин?
Дар ин бора аз муассиси агентии иттилоотии Your.tj Зебо Тоҷибоева, ки гуфта мешавад расонаи зери таҳрири ӯ ба сторителлинг дар Тоҷикистон нақши пешоҳангӣ додааст, пурсидем. Ӯ мегӯяд то ба ҳол ин қолаби журналистӣ дар расонаҳои мо мавқеъ наёфтааст, ҳарчанд василаи хуби таъсиррасонӣ ба афкори омма аст ва метавонад хонандаро ба ангеза овараду роҳҳои пешрафтро нишон бидиҳад:
-Вақте мо агентии иттилоотии Your.tj-ро таъсис додем, ба ҳама майлонҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардем. Он замон воқеан фазои иттилоотии расонаҳои кишвар аз сторителлинг холӣ буд. Хостем он ҷойи холиро пур кунем. Оре, таҳияи сторителлинг осон нест, аз оғоз то раванд ва анҷом, тарзи гуфтану навиштан, тасвир карда тавонистани эҳсосот ва дар ниҳоят ба фикри хонанда таъсир расонидан ва ба ӯ ангеза додан, ин аст сторителлинги муваффақ! То вақте сторителинг эҳсосоту ангезаи мухотабони Тоҷикистонро бедор карда натавонад ва ба ин ё он амал водораш насозад, сторителлинг маъно надорад.
Аммо ба назар мерасад, ки муаллифони сторителлинг дар Тоҷикистон ба эҳсоси мухотабон аксаран тавассути нишон додани зиндагии тоқатфарсои баъзе ё хонаву сарпаноҳ надоштани бархе расидан мехоҳанд. Яъне ангезаи дигаре дар рӯзгори мо нест, ё ҳасту мо онҳоро дида наметавонем?
Сари ин ҳам бояд фикр кард….