ДомойМедиалентаБахшҳои тоҷикии расонаҳо чӣ вазъ доранд? Дар намунаи хабаргузории «Азия Плюс»

Бахшҳои тоҷикии расонаҳо чӣ вазъ доранд? Дар намунаи хабаргузории «Азия Плюс»

Хабаргузории “Азия Плюс” (АП) соли 1996 ташкил шудааст. Ҳарчанд АП расонаи маъруф ва пурхонанда аст, танҳо дар соли 2020 бахшии тоҷикии худро роҳандозӣ кард. То он замон хабаргузорӣ асосан бо забони русӣ мавод таҳия ва бархе аз онҳоро ба тоҷикӣ баргардон ва нашр мекард. Ҳоло бахши тоҷикии  Азия Плюсро сармуҳаррир, се хабарнигор, як мутахассиси шабакаҳои иҷтимоӣ ва як мутарҷим пеш мебаранд. Сарфи назар аз зиёд будани расонаҳои тоҷикзабон, дар муҳити расонаии Тоҷикистон ҳамоно норасоии хабарнигорони тоҷикзабон ва муҳтавои тоҷикӣ мушоҳида мешавад. Ҳоло бахши тоҷикии АП сомона, дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook (як гурӯҳи умумӣ ва саҳифаи расмӣ), Instagram ва Telegram саҳифа дорад, ки дар маҷмуъ ин саҳифаҳоро наздики 200 000 корбар пайгирӣ мекунанд.

“Хабарнигори муосир” бо кормандони бахши тоҷикии “Азия Плюс” гуфтугӯ кард ва аз комёбиву нокомии онҳо пурсид.

Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири бахши тоҷикии АП мегӯяд, дар ҷомеае, ки забони давлатиаш тоҷикӣ аст, расонаҳо наметавонанд, бидуни доштани бахши тоҷикӣ рушд кунанд.

– “Ҳоло солҳои 80-уми асри гузашта нест, ки қишри фаъоли аҳолӣ бо забони русӣ суҳбат кунад. Нуктаи дигар ин аст, ки агар дар даҳаи қаблӣ расонаҳо таваҷҷуҳи асосиашонро ба қишри зиёӣ равона мекарданд, ҳоло ин тавр нест. Расона барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа матлаб таҳия мекунад”, — мегӯяд Ҷасур Абдуллоев.

Ҷасур Абдуллоев, акс аз саҳифаи иҷтимоии Facebook

Абдуллоев меафзояд, ҳарчанд давоми чаҳор сол барои рушди бахши тоҷикии АП талоши зиёде анҷом доданд ва комёбиҳое ҳам доштанд, ҳанӯз дар ин бахш корҳои зиёдтареро мебояд анҷом дод.

– “Айни замон бахши тоҷикии АП се хабарнигор дорад, ки махсус барои сомона хабару гузориш менависанд. Як мутахассис дорад, ки барои саҳифаҳои тоҷикии мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ банд аст ва як каси дигарро дорем, ки тарҷумонӣ мекунад. Ҳамчунин чанд муаллифони мустақилеро дорем, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд ва ҳафтае як ё ду матлаб менависанд. Албатта ин кофӣ нест”, — мегӯяд Абдуллоев.

Дар баробари ин сармуҳаррири бахши тоҷикиии АП ба “Хабарнигори муосир” гуфт, ҳарчанд пешравиҳое дар ҷараёни кор доштаанд, мушкилоти зерро низ дар пешорӯ доранд:

 — муаллифон ва рӯзноманигороне, ки бо забони тоҷикӣ дар сатҳи касбӣ нависанд, ангуштшуморанд: ин мушкил на танҳо хоси расона ё бахши мост, балки фазои расонаии кишвар бо он рӯ ба рӯст. Ёфтани хабарнигори ҷавоне, ки тавонад хабар ё гузоришро бе нуқс бо тоҷикӣ нависад, осон нест. Мо бояд аз баҳри ин бовар бигзарем, ки ҳар шоиру нависанда метавонад, хабарнигор бошад. Ҳар кадом нависанда, адабиётшинос ва ё омӯзгор рӯзноманигор шуда наметавонад. Журналистика хеле рушд кардааст. Дигар ҳар касе, ки танҳо ҳунари навиштан дорад, журналист буда наметавонад. Дар баробари донистани забони тоҷикӣ ва навишта тавонистан бо забони тоҷикӣ аз журналистикаи муосир низ бояд огоҳ буд;

— хабарнигорони ҷавон нодуруст тарбият мешаванд. Мо бо ҳамкорам аз бахши русии АП Баҳманёр Надиров борҳо талош кардем, ки муаллифони ҷавонро барои ҳамкорӣ ҷалб кунем. Ба тарбияи онҳо машғул шавем ва ҳамзамон онҳоро бо кор таъмин кунем. Аммо ҳама кӯшишҳои мо нобарор анҷом ёфтанд. На танҳо дониши забонӣ, балки донишҳои усулии хабарнигорони оянда номукаммал буд;

— мавзуҳои муҳиму мубрам дар бахши тоҷикии АП назар ба бахши русӣ камтар пайгирӣ мешаванд. Зеро мо камбуди неруи корӣ ва мушкили дастрасӣ ба иттилоъ дорем. Тарҷума кардан на ҳамеша қобили қабул аст. Аз сабаби набуди коргар мо аз на ҳамаи мавзуҳои мубрам парра ё то ба охир пайгирӣ мекунем.

Барои пешбурди муҳтавои тоҷикӣ танҳо навиштан ва нашр кардани он дар расона кофӣ нест. Асри фановариҳои рақамӣ аст ва мухотабони зиёд иттилоъро бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ меҷӯянд ва мехонанду мебинанд. Аз ин хотир, АП дар ҳамкорӣ бо мутахассиси шабакаҳои иҷтимоии худ стратегияи пешбурди шабакаҳоро омода кардааст. Алимшоҳ Меҳрзода, мутахассиси шабакаҳои иҷтимоии бахши тоҷикии АП мегӯяд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар “мемҳо”маъруф ҳастанд. Вале аз сабаби он ки таркиби забони тоҷикӣ ва тарҷумаи калимаҳо барои Алимшоҳ мушкилӣ эҷод мекунад, вай наметавонад, ин форматро дар саҳифаҳои бахши тоҷикии АП истифода кунад.

Бо ин вуҷуд, хусусиятҳои пешбурди муҳтаво бо забонҳои миллӣ низ мавҷуданд, ки дар ин матлаби сомонаи “Хабарнигори муосир” метавонед, бо онҳо ошно шавед.

Интернюс дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи наверо таҳти унвони “Дастгирии иттилооти мутавозин ва қобили эътимод (CAIIA)” шуруъ кард, ки ба таҳкими якпорчагии фазои иттилоотӣ дар Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, баланд бардоштани устувории ҷомеаҳои онҳо ба иттилооти бардурӯғ равона карда шудааст.

Кушодашавии расмии лоиҳаи CAIIA, акс аз InternewsTAJ

Ҳамзамон яке аз қисматҳои муҳими ин лоиҳа рушди истеҳсоли муҳтаво бо забонҳои миллӣ аст. Ҳангоми оғози расмии лоиҳа яке аз ҷаласаҳо ба мавзуи забони тоҷикӣ бахшида шуда буд, ки баҳси коршиноси расонаӣ ва рӯзноманигоронро ба бор овард. Дар ин вохӯрӣ Ҷасур Абдуллоев бо ҳамкори худ аз бахши тоҷикии АП Алимшоҳ Меҳрзода ширкат ва бо ҳамкасабон аз расонаҳои дигар баҳс карданд.

Алимшоҳ Меҳрзода он замон гуфт, дар ибтидои кор барояшон муҳим буд, забон ва ё сабки худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гунае муаррифӣ созанд, ки барои корбарон осонфаҳм бошад.

Алимшоҳ Меҳрзода, акс аз саҳифаи иҷтимоии Facebook

Аз ин рӯ, сари як сарлавҳа ва ё чанд калима дар идораи корӣ соатҳо баҳс мекарданд, аз забоншиносон кӯмак мехостанд.

– “Дар аввал вақте мо саҳифаҳои худро таъсис ва рушд додем, забони моро бисёрии корбарон намефаҳмиданд. Шарҳ менавиштанд, ки барояшон душворфаҳм аст. Барои соддатар кардани он мо дар паҳлӯи калимаҳои муракаббтар дар қавсайн маънои дигари он калимаро менавиштем. Ба ҳамин тартиб, барои ҷалби аудиторияи бештар мо талош мекардем, ки корбарон бо мо бимонанд ва роҳҳои гуногуни ҷалби онҳоро пеш мегирифтем. Бо мурури замон ин мушкилӣ ҳал шуд. Ҳоло нофаҳмиҳо камтар шудаанд. Хеле кам мушоҳида мекунам, ки ягон шарҳе дар мавриди забони тоҷикӣ навишта шавад”, — афзуд Алимшоҳ.

Меҳрзода рӯзҳои аввали кориашро аз соли 2019 ба хотир меорад, ки он замон Азия Плюс дар Фейсбуку Инстаграм саҳифаи тоҷикӣ надошт. Танҳо дар Телеграм гуруҳе мавҷуд буд, ки дувуним то се ҳазор пайгир дошт. Ин гуруҳи телеграмӣ ба ин тартиб кор мекард: матлабҳое, ки дар сомона нашр мешуданд, ин ҷо бознашр мешуданд. Маводи алоҳида ё махсус барои пешбурди муҳтаво дар саҳифаҳои шабакҳои иҷтимоии бахши тоҷикии АП сохта намешуд. Аммо ҳоло кор ба куллӣ тағйир ёфтааст ва бархе аз матлабҳои тоҷикии АП дар як рӯз бештар аз 100 000 фарогирӣ (охват) ба бор меоранд.

Дар мавриди беҳтарсозии забони тоҷикии расонаҳои кишвар коршиносон ва рӯзноманигорон назарҳои гуногун доранд: бархе хоҳони онанд, ки имлои забони тоҷикӣ тағйир ва содатар карда шавад. Аммо гуруҳи дигар ин назарро қабул надоранд ва мегӯянд, мухотабон бояд сатҳи дониши забонии худро баландтар бардоранд.

Суҳроби Зиё, хабарнигори телевизиони форсии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон дар чорабинии Интернюс дар Тоҷикистон дар робита ба забони расонаҳои Тоҷикистон изҳори назар кард. Вай гуфт, забони расонаҳои Тоҷикистон — нашрияҳо, радио ва телевизионҳо нисбат ба солҳои пеш бамаротиб беҳтар шудааст. Ба назари ин рӯзноманигор, густариши истифода аз расонаҳои ҳамзабонони бурунмарзӣ аз сӯи мухотабони тоҷик, афзоиши таваҷҷуҳи тоҷикистониҳо ба шабакаҳои телевизионии форсизабон, мисли GEMTV, дарки беҳтари аҳамияти забон аз сӯи соҳибон ва дастандаркорони расонаҳо боис шудааст, забони матлабҳо ва навиштаҳои хабарнигорон аз қолабҳои сарфу наҳви забони русӣ каме фосила гирад ва ба забони асили тоҷикӣ наздиктар шавад.

Суҳроби Зиё, акс аз саҳифаи иҷтимоии Facebook

– “Нахуст сатҳи таълиму тарбия аз мактаб то омӯзишгоҳу донишгоҳҳо бояд боло бурда шавад. Ҷойи нигаронӣ аст, ки масалан аксари донишҷӯёни факултети рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон оддитарин қоидаҳои хабарнависӣ ва ё истилоҳҳои расонаиро намедонанд. Бояд дар назар дошта бошем, ки забони расонаҳои навишторӣ, яъне рӯзномаю маҷаллаю ҳафтаномаҳо нисбат ба расонаҳои савтӣ (садоӣ) ва тасвирӣ фарқ кунанд. Мо нагузорем, ки забони расонаҳои мо ба сатҳи забони блогерҳо ва овозхонҳои тоҷик пойин равад. Забон бояд пӯё бошад, яъне қолабӣ ва шахшуда набошад. Дар забонҳои пешрафта ва муҳими дунё, мисли англисӣ тақрибан рӯзе нест, ки калимаю истилоҳҳо ва вожаҳои нав ворид нашаванд. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти забони расона, ҳамаи рӯзномаю ҳафтаномаю маҷаллаҳо ва родиёю телевизионҳо бояд як масъули забон дошта бошанд. Вазифаи ҷонии ин фард, ки мумкин аст муҳаррир ё вероишгар номаш гузорем, бодиққат хондани ҳамаи хабару гузоришу мақолаҳо ва ислоҳи нуқсу камбудиҳои забони навиштаҳои хабарнигорону рӯзноманигорон бошад,” – афзуд Суҳроби Зиё.

Ҷасур Абдуллоев, сармуҳаррири бахши тоҷикии АП мегӯяд, тасмим доранд, дар ояндаи наздик муаллифони дигарро барои бахши тоҷикӣ ба кори доимӣ қабул кунанд. Абдуллоев илова кард, ки бахши тоҷикии АП аз сабки расонаҳои дигари тоҷикзабон тақлид намекунад ва ба сабки шаклгирифтаи худ содиқ боқӣ мемонад.

“Ин бренди расона аст, ки бо сабку усули худ бинависад”, — гуфт Абдуллоев.

Нурангез Рустамзода
Нурангез Рустамзода
Журналист. Наттоқ. Вебнавис. Мутахассиси SMM дар Интернюс дар Тоҷикистон.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ