Пажуҳишҳои гуногуне нишон медиҳанд, ки занон дар маҷмуъ бештарини вақти худро ба корҳои хона мебахшанд. Барои мисол, бино ба иттилои БОР, дар Тоҷикистон занон 7,5 соати рӯзро ба корҳои рӯзгор мебахшанд ва мардон танҳо 40 дақиқаро. Вале ин нукта бояд зикр шавад, ки чунин кори бемузд дар деҳот бештар маъмул аст, дар шаҳрҳо вазъ каме фарқ мекунад. Дар ҳар сурат, ҳатто барои занони шаҳр пойбандӣ ба корҳои рӯзгор – мушкили ҷиддист.
Заноне низ истисно нестанд, ки шартномаи расмии меҳнатӣ доранд. Барои ин гуна занон ҷамъу гири хона «басти дувум»-ро мемонад, ки ҳамаи вақти холиро фурӯ мебарад ва барои рушди шахсӣ фурсат боқӣ намемонад. Дар ҳоле, ки дар ҷаҳони имрӯз бо рушди босуръати технологӣ бидуни таҳсилоти изофӣ амалан идома додани рушди касбӣ номумкин аст. Мутаассифона, нигоҳубини кӯдакон, ҷамъу гири хона, либосшӯӣ ва дигар корҳои рӯзгор ба муваффақтарин касбу кор хатти бутлон мекашанд.
Дар бораи он ки занон аз доираи расонаҳои тоҷикӣ ин мушкилотро чи гуна ҳал мекунанд – «Хабарнигори муосир» нақл мекунад.
Наврӯзмоҳ Вазирбек – хабарнигори тоҷик чанд сол пеш филми кутоҳмуддати ҳаҷвие сабт карда буд. Дар он филм марди тоҷик бо ҳамсараш нақш иваз карданд ва давоми 40 дақиқа бинандагон бо дидани саргузашти қаҳрамони асосӣ аз ханда ашк рехтанд, ки миёни омода кардани ғизо ва талоши хуш омадан ба хусур ба дод омада буд ва болои ин ҳамсараш қонеъ нашуду эълон кард, ки барои худ марди дигар меёбад, зеро ин мард уҳдабаро нест.
Наврӯзмоҳ ин филмро се сол пеш сабт карда буд ва дар ин миён ба шавҳар баромад, писар таваллуд кард ва акнун дар рухсатӣ асту фарзандашро тарбият мекунад.
— Агар ман филмро ҳоло сабт мекардам – баъди онки худам модар шудам, пас қаҳрамони ман барои омода кардани субҳона ва нигоҳубини кӯдак на субҳи барвақт аз хоб мехест – балки вай тамоми шаб намехуспид ва бо чашмони баста тифлро шир медод, — мегӯяд Наврӯзмоҳ.
Вай аз ҳаёти пуробуранги касбии пеш аз таваллуди тифлаш ёд меорад – сафарҳои зиёди корӣ дар саросари кишвар, дидор бо одамони гуногун, наворбардорӣ, мусоҳибаҳо, суҳбат бо ҳамкорон ва ҳоло нақл мекунад, ки ба хотири тифлаш аз ҳамаи ин даст кашидан чи гуна барояш мушкил буд.
— Ман наметавонистам, корамро раҳо кунам ва ҳам наметавонистам тифли деринтизорро сарфи назар кунам. Ман зиндагии пурмашғала доштам, маро ҳама мешинохтанд, интизориҳои зиёде буд, вале дар хона, бо кӯдак – субҳ бедор мешавӣ, кӯдакро бояд ғизо дод, зери пояшро тоза кард, худат бояд субҳона бихӯрӣ, поккории хона, ба сайру гашт рафтан, баъдаш ғизо пухтан. Ҳамарӯза, ҳафт рӯз дар ҳафта ва ҳатто шабҳо ҳамин тартиб такрор мешавад, — нақл мекунад Наврӯзмоҳ.
Бо ин вуҷуд Наврӯзмоҳ мегӯяд, ба фарқ аз занони бисёре дар Тоҷикистон вай дар вазъияти беҳтаре қарор дорад. Нахуст, шавҳар ӯро аз чанд ҷиҳат кумак мерасонад (барои мисол, аз таъсиси идеяи мағозаи онлайнӣ истиқбол кард, то ин ки ҳамсар худро осебпазир ҳис накунад). Сониян, Наврӯзмоҳ то замони барои таваллуди тифл ба рухсатӣ баромадан дар созмони ҷамъиятии Stop TB Partnership – яке аз тарҳҳои USAID кор мекард ва дар асоси қонун рухсатии таваллуди тифл гирифт ва дар фурсати рухсатӣ корашро ҳифз кард. Мутаассифона, бисёрии занони ҳомила дар Тоҷикистон ба далели доштани чунин вазъ дар коргоҳ ба табъйиз рӯ ба рӯ мешаванд.
Мутахассиси гендерӣ Нигора Валихоҷаева мегӯяд, саргузашти Наврӯзмоҳ дар воқеъ барои занони тоҷик ғайри маъмул аст.
— Дар Тоҷикистон бисёрии заноне, ки коргар ҳастанд, ба далели вазъи иқтисодии хонаводаашон ба кор баромадаанд, онҳо корро ба хотири ҳолу ҳавои худ интихоб намекунанд, балки ба ҷое мераванд, ки маоши бештар дорад. Онҳо кор мекунанд ва дар фикри онанд, ки хонаводаро чи гуна таъмин кунанд; ва дар ду баст кор мекунанд – нахуст дар коре, ки маош дорад, баъдан дар коре, ки маош надорад.
Ба бовари Нигора, бо назардошти ин далел, ки дар Тоҷикистон занон дар ҳолатҳои ниҳоят нодир кореро аз рӯи завқу салиқаи худ интихоб мекунанд, дар кишвар дар бисёре аз бахшҳо аз ҳисоби занон мутахассис намерасад. Ин ба иқтисоди кишвар таъсир мерасонад, зеро бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, танҳо сеяки занони қобили меҳнат кор мекунанд ва саҳми занон дар даромади миллӣ 4,5 баробар камтар аз мардон аст.
— Агар занони тоҷик тасмим бигиранд, ки дар касбу кори худ рушд кунанд, пас бар души онҳо масъулият ва кори изофие бор мешавад. Ба илова, қолабҳои гендерие мавҷуданд, ки монеи боло рафтани занон дар касбу кор мегарданд, — шарҳ медиҳад Нигора.
Наврӯзмоҳ мегӯяд, ғайр аз мушкилоти умумӣ занон дар расонаҳои тоҷикӣ ба чолишҳои хос рӯ ба рӯ мешаванд. Барои мисол, дар телевизион, ки вай шаш моҳ кор кардааст, шоҳиди он буд, ки чи гуна занон ба далели ҳомиладорӣ кори худро аз даст додаанд.
— Барои намуна, агар зан дар пардаи телевизион зуҳур кунад, пас баъд аз таваллуд, ки ба эҳтимоли хеле зиёд вазн хоҳад гирифт, вай дигар ба кор барнамегардад. Зеро дурбинҳо одамро аз будаш калонтар нишон медиҳанд ва барои телевизион бояд ҳамеша хушандом буд. Агар ба хушандомӣ даст наёбӣ, кор ҳам нахоҳӣ ёфт, — илова мекунад Наврӯзмоҳ.
Агар «басти дувум» дорӣ, таҳсилро чи гуна бояд давом дод?
Мушкили хоси дигар, ки занони рӯзноманигори гирифтори кори хона бо он рӯ ба рӯ мешаванд, ин норасоии фурсат барои рушди шахсист. Расона – аз ҷумлаи бахшҳоест, ки босуръат тағйир меёбад ва навгониҳое ба он ворид мешавад ва барои аз худ кардани навгониҳо – вақти холӣ даркор аст.
Маҳпора Киромова, рӯзноманигор ва мустанадсози муваффақи тоҷик бо таҷрибаи кории 12-сола мегӯяд, қариб ҳамаи рӯзҳои истироҳат ва шомҳои рӯзҳои кориро ба он харҷ мекунад, ки аз муҳтавои нави ҳамкасбони хориҷӣ ва маҳаллӣ бархурдор шавад.
— Ман на танҳо барои иттилоъ гирифтан мебинам, ман корҳои онҳоро меомӯзам. Чи гуна мавзуъро боз кардаанд, аз кадом зовияҳо, кадом усулҳоро истифода бурдаанд, мавзуъро чи гуна банду баст кардаанд, ҷолибияти он ба хотири чист – дарк кардани ҳамаи ин муҳим аст, — мегӯяд Маҳпора.
Ба илова, Маҳпора забони англисӣ меомӯзад ва албатта корҳои хонаро анҷом медиҳад. Бо ин вуҷуд вай ба ин назар аст, ки барои худомӯзӣ вақти кам ҷудо мекунад – танҳо ба он миқдоре фурсат дорад, ки барои ҳар кадом аҳли расона ҳатмӣ аст, то ин ки аз касби худ дур нагардад.
— Барои мисол, забони англисӣ – ҳоло барои рӯзноманигорон ниҳоят муҳим аст, шумо агар забони англисиро надонед абзорҳои навро истифода бурда наметавонед ва аз гароишҳо ё трендҳо дур мемонед. Танҳо донистани забони русӣ ҳамчун забони иловагӣ дигар кофӣ нест, — шарҳ медиҳад вай.
Маҳпора се писар дорад, ки хурдиаш 14-сола аст ва дуи дигараш дар донишгоҳҳои хориҷӣ мехонанд. Вай ба ёд меорад, ки ҳафт соли аввали модарӣ худро комилан ба фарзандонаш бахшида ва ба тамом аз касб канор гирифта буд.
— Замоне ки кӯдакон калон мешуданд, ман фурсати зиёдеро аз даст додам ва гирифтори хронофобия шудам — ин ҳолати тақвият ёфтани тарси аз даст додани вақт аст. Ҳамин ки ман имкони кор баромаданро пайдо кардам – дар зарфи як сол ба андозаи ду сол зиндагӣ кардам. Талош мекардам, филмҳоро зудтар сабт кунам, давоми ҳамагӣ ду-се сол тавонистам, ки ду мустанади кутоҳмуддат, як мустанади дарозмуддат, чаҳор фотофилм сабт кунам. Фикр мекунам, барои як муаллиф, ки ба илова кори асосӣ дорад, ин нишондоди хеле зиёд аст.
Маҳпора бовар дорад, ки ҳатто агар барои зани кӯдакдор шароит фароҳам бошад, то тавонад ба кор барояд (барои мисол, кӯдакбон дошта бошад, хонавода кумак кунад), ҷудо кардани вақт барои худомӯзӣ ниҳоят мушкил аст, зеро дар ҳар сурат масъулияти асосии тарбияи фарзандон ва нигоҳубини хона рӯи шонаҳои занон аст. Агар дар хонавода чанд кӯдак бошад, пас боло рафтан дар зинаҳои тахассус рушд кардан амалан номумкин аст.
— Бо он баландпарвозиҳо ва одати бозбинии масири касбии худ дар ҳар се сол, ки ман дорам, бовар дорам, ки агар ман ҳафт сол аз касбам дур намешудам, ҳоло натиҷаҳои кории бештаре медоштам. Ҳадди ақал теъдоди филмҳоям бештар мебуд, — мегӯяд Маҳпора.
Наврӯзмоҳ бо ин ақида розӣ аст, ки аҳли расонаҳо ба худ иҷозаи давом додани таҳсилотро намедиҳанд ва аз ҳамин хотир бисёрии занон маҷбуранд ба далели камбуди вақт аз баҳри рушди касбӣ даст мекашанд.
— Барои мисол, рӯзноманигор ҳоло набояд танҳо хуб навишта тавонад ва ё, барои намуна, дар рӯ ба рӯи дурбин гуфтугӯ карда тавонад, забон бояд донист, барои банду баст барномаҳоро бояд донист, истифодаи абзорҳои рақамиро аз худ кард, акс бардошта тавонист. Ҳамарӯза барномаҳои нав пайдо мешаванд ва аз онҳо набояд бехабар монд ва барои ҳамаи ин фурсат даркор аст, — мегӯяд Наврӯзмоҳ.
Дар коргоҳ нисбат ба хона кор осонтар аст?
Фикрронии Маҳпора ва Наврӯзмоҳ бо консепсияи таҳсилоти пайваста (lifelong learning) ҳамоҳангӣ дорад, ки онро UNESCO ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта эълон карда буд ва ин консепсия имрӯз низ аҳамият дорад. Бар асоси ин консепсия дар ҷаҳони муосир бо рушди технология ва равнақи мудовим мутахассисони бахшҳои гуногун таҳсилоти худро тамоми тӯли умр бояд идома диҳанд ва маҳорату донишҳои худро пайваста нав созанд.
Расонаҳо яке аз бахшҳои ба ҳисоб мераванд, ки суръати тағйирёбии баланде доранд ва таҳсилоти мудовим – барои намояндагони ин бахш ҳатмист. Мутаассифона, на ҳамаи занон метавонанд, ба худ иҷоза диҳанд, ки аз талаботи ин консепсия пайравӣ кунанд.
— Сарфи назар аз ҷиддӣ будани мушкилот, онро дар Тоҷикистон танҳо заноне баррасӣ мекунанд, ки ҳаққи худро медонанд ва барои ҳифзи ин ҳақ талош меварзанд. Аммо, бо вуҷуди таҳсилот, кори расмӣ ва донистани ҳаққу ҳуқуқи худ, шарикони зиндагии занон ба далели қолабҳои гендерӣ ё ҷинсӣ на ҳамеша омода ҳастанд, дар кори хона ёрӣ расонанд, — шарҳ медиҳад Нигора.
Дар сурате, ки агар ҳам мардон омодаи саҳм гирифтан дар кори хона бошанд, ин танҳо ҳамчун кумак расонидан аст, на ба таври комил машғул шудан.
— Кор дар коргоҳ нисбати кори хона осонтар аст. Содиқона мегӯям, ки сад дарсад чунин аст. Шавҳарам аз кор меояд, ба ман кумак мерасонад, баъди ғизои шом кӯдакро нигаҳдорӣ мекунад, то ин ки ман тавонам зарфҳоро бишӯям ё кори дигаре кунам. Аммо, гоҳо вай ёдрас мешавад, ки пеш аз рӯзи корӣ бояд хобашро гирад ва дар чунин ҳолатҳо ман дар бораи он меандешам, ки дар хона бо кӯдак машғул будан – ин истироҳат нест, балки меҳнати комил ва дар бархе ҳолат меҳнати сангинтар аст. Агар ман имконияти ба кор баромаданро медоштам ва медонистам, ки фарзандамро каси боэътимоде нигоҳубин мекунад (ман танҳо ба шавҳарам эътимод дорам), ман ба коргоҳ бармегаштам, онҷо ҳадди ақал имкони оромона нӯшидани чойи гарм фароҳам аст.