Медиамутахассисон ва созмонҳои ВАО-и тамоми ҷаҳон дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти шадиди саноат мебошанд. Барои ин кор, дар кишварҳои гуногун мунтазам конфронсҳои гуногун, семинарҳо, тренингҳо ва онлайн-курсҳо гузаронида мешаванд.
Чанде қабл, Озмоишгоҳи иттилоотии Google ташаббуси глобалии Hacks/Hackers Connect — як қатор чорабиниҳои якрӯзаи ройгонро барои медиасоҳибкорӣ эълон намуд.
Барнома барои он тарҳрезӣ шудааст, ки журналистон ва коршиносони соҳаи технология имконияти табодули таҷриба, ба ҳамдигар таълим додан, пайдо намудани роҳбар ва шариконро ба даст оранд.
«Мақсади мо – ҷалб намудани насли навбатии медиастартап мебошад», — иброз медорад Берт Херман, муассис-ҳамкори Hacks/Hackers.
Ғояи лоиҳа аз он иборат аст, то ба одамоне, ки ба инноватсия ва ояндаи медиа таваҷҷӯҳ доранд, имконияти ҳамкории сабукро фароҳам оварад. Барнома барои ҳама- аз рӯзноманигороне, ки дар ташкилоти ахбори омма фаъолият мебаранд оғоз намуда, то муҳандисони бо ширкатҳои технологӣ ҳамкорӣ дошта дастрас аст.
Иштироккунандагон бо коршиносон, ки метавонанд барои рушди ғоя ва коркарди лоиҳа кӯмак расонанд, имконияти мулоқот намуданро доранд.
Чорабинии нахустини Hacks/Hackers Connect дар Берлин 27 июни соли 2015 баргузор мегардад, макони дигари баргузории чорабинӣ- Лондон, Ню-Йорк, Сан-Франсиско буда, он дар давоми сол тасдиқ карда хоҳад шуд.
Барнома аввал ба Аврупо ва ИМА равона карда мешавад, вале мумкин аст, ки дар оянда он дигар минтақаҳо аз ҷумла, Амрикои Лотинӣ, Осиё, Африқоро фаро гирад, навиштааст journalism.co.uk.
Мо мунтазам маълумотҳоро марбут ба Hacks/Hackers Connect дастрас хоҳем намуд. Ҳатто агар шумо имконияти дар лоиҳа иштирок карданро надоред, маълумоти дахлдор ва муфидро метавонед дар сомонаи мо пайдо кунед.
Матни аслӣ: http://newreporter.org/