ДомойХудомӯзFold: замина барои сохтани маводҳои «модулии» мултимедиавӣ

Fold: замина барои сохтани маводҳои «модулии» мултимедиавӣ

Барои сохтани маводҳое, ки дар онҳо будани матн хеле муҳим аст, метавон онлайн-заминаи Fold-ро истифода бурд.

Ин восита имкон медиҳад, ки ҳикоя бо «харитаи  матнӣ »  пурра карда шавад. Матни асосӣ қатъ нагардида, хонанда метавонад модулҳо, расмҳо, видеоҳо, харитаҳо, твит, гиф-аниматсияҳоро бубинад.

Дар натиҷа,  хати  хабарии  асосӣ  «дорои»  тафсилоти  мултимедиявӣ хоҳад буд, ки  ҳар яке метавонад маводи алоҳида бошад.

Замина ройгон буда, он бо забони русӣ дастрас аст. Барои истифодаи он лозим аст, ки  худро ба қайд гузошт ва ё ин ки ба воситаи  твиттер-аккаунт ворид шуд.

Тарҳи он  хеле содда аст — Шумо метавонед  симои асосии маводи худро тағйир диҳед. Пас, ба лоиҳа  сарлавҳа   гузошта,  ба  «тарҳсозӣ» шурӯъ кунед.

Тавре мебинед, интихоби форматҳои мултимедиявии иловагӣ дар ҳақиқат хеле васеъ аст. Ғайр аз ин, шумо метавонед  на танҳо  захираҳои худро истифода баред, балки видео, аксҳо ва ғайраҳоро  аз рӯи калидвожаҳо пайдо кунед.

«Харитаи матнӣ»  бо кӯмаки пахшкунии аломати «+»  аз тарафи рост ва сипас бо калимаи зарурӣ / истилоҳ дар матни асосӣ алоқаманд мегардад. Ё  ки  пас аз ҷудошавии калимаи зарурӣ / истилоҳ дар маводи асосӣ офарида мешаванд.

Лоиҳаи тайёрро  метавон дар  Tweet ё Facebook  паҳн намуд. Норасоӣ асосии замина ин имконияти паҳн намудани маводҳои тайёр танҳо бо воситаи истинод мебошад, хизматгузорӣ наметавонад рамзеро, ки  он барои ворид кардани мавод дар сомона зарур аст, пешниҳод созад.

Вале, асбоб ба ВАО ба сифати масалан формати дигари барои лоиҳаҳои махсуси модулҳои хурд пешбинишуда, хеле муфид хоҳад буд.

Тафсилоти бештар дар ин ҷо: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ