ДомойОзмунҳо/ГрантҳоДархости иштирок ба сафари корӣ дар Эквадор барои рӯзноманигорон

Дархости иштирок ба сафари корӣ дар Эквадор барои рӯзноманигорон

Журналистон-навоварон, блогнависон, истифодабарандагони бонуфузи ахбори иҷтимоӣ ва мутахассисони соҳаи ВАО,  метавонанд барои иштирок ба сафари кории 12-рӯза дар Эквадор дархост фиристанд.

Лоиҳаи байналмилалии журналистии Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс (Johns Hopkins University’sInternational Reporting Project (IRP)) ташкилкунандаи сафари мазкур барои рӯзноманигорон мебошад. Саёҳат аз 18 то 29 октябри соли ҷорӣ доир хоҳад гашт. Ҳадафи асосии ин сафари корӣ, тарғиби мавзӯи саломатӣ ва рушд дар Эквадор, аз ҷумла мавзӯъҳои таъмини ғизо, кишоварзӣ, инфрасохтор, баробарии гендерӣ, вазъи мардуми таҳҷоӣ ва муҳоҷирон арзёбӣ мегардад.

IRP маблағи парвоз, ҷои зист дар меҳмонхона, ғизо ва хароҷоти истифодаи нақлиёти маҳаллиро пардохт менамояд. Агар гирандагони стипендия хоҳанд, ки боз муддате дар ин кишвар бимонанд, пас маблағи сафарро худашон пардохт менамоянд.

Довталабон бояд аризаашонро пур карда, бо эссеи иборат на камтар аз 800 калима, ки он ба маводи кории сафар алоқамандӣ дорад, ирсол кунанд.

Дархостҳо то санаи 7 августи соли равон қабул карда мешаванд.

Барои гирифтани маълумоти бештар, ин ҷойро пахш кунед.

Сарчашма: ijnet.org.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ