ДомойОзмунҳо/ГрантҳоИдрорпулиҳо барои иштирок дар конфронси TED

Идрорпулиҳо барои иштирок дар конфронси TED

Соҳибкорони соҳаи ВАО, ҳомиёни ҳуқуқи инсон ва аксбардорон метавонанд барои сафар дар нишасти TED дар Ванкувери Канада, соҳиби грантҳо шаванд.

Барномаи идрорпулиҳои TED навоварони ҷавон, мутахассисоне, ки натиҷаҳои фавқулоддаро ба даст овардаанд ва далериву шуҷоатро дар соҳаҳои гуногун нишон додаанд, ба ҳам якҷо меорад.

Барои иштирок дар конфронс, ки аз 15 то 19 феврали соли 2016 ҷараён мегирад, 20 нафар талабгорони идрорпулӣ интихоб хоҳанд шуд. Иштирокчиён инчунин метавонанд ба тренингҳои пеш аз конфронс баргузоршаванда, ташриф оваранд, ки онҳоро баромадкунандагони конфронс хоҳанд бурд.

Ин барнома барои номзадҳои синну солашон аз 21 то 40 аз манотиқи Осиё/Уқёнуси Ором, Африқо, мамлакатҳои ҳавзаи Кариб, Амрикои Лотинӣ ва Шарқи Наздик нигаронида шудааст, дар ҳоле ки иштирокчиён аз тамоми олам, аз синни 18 сола боло ҳамчунин метавонанд ба ин идрорпулиҳо талабгор шаванд. Хоҳишмандон бояд донандаи хуби забони англисӣ бошанд.  TED ба иштирокчиёни интихобшуда, арзиши сафар, маводи озуқа ва иқоматро пардохт хоҳад кард.

Аризаҳо то 20 сентябр қабул мегарданд.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед.

Манбаъ: ijnet.org.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ