ДомойОзмунҳо/ГрантҳоСтипендия дар самти таҳқиқоти журналистӣ ба номи Ҳадия Исмоилова

Стипендия дар самти таҳқиқоти журналистӣ ба номи Ҳадия Исмоилова

Стипендия дар самти таҳқиқоти журналистӣ ба номи Ҳадия Исмоилова ба хотири ёдбуди ин рӯзноманигори озарбойҷонӣ, ки 5-уми декабри соли 2014 аз ҷониби мақомоти давлатӣ боздошт шуда, ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуда буд, бахшида мешавад.

Стипендия таҳти сарпарастии Radio Free Europe/Radio Liberty  («Радиои Озодӣ») дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқот оид ба коррупсия ва ҷинояткории муташаккил (OCCRP) ба роҳ монда мешавад.

Шарҳи барнома

Стипендия таҳқиқоти журналистиро таъмин намуда, барои 6 моҳ пешбинӣ шудааст, ки дар давоми он гирандаи стипендия ба бюрои дахлдори маҳаллии RFE/RL  дастрасӣ пайдо намуда, барои гузаронидани тренинг ва гирифтани унвони мураббӣ дар соҳаи техникаи журналистикаи муосири ғарб, ҳамчунин таҳти роҳбарии худ гузаронидани таҳқиқот, ба қароргоҳи  RFE/RL  ташриф меорад.

OCCRP ва дигар шарикон, дар тренингҳои махсус оид ба техникаҳои таҳқиқотӣ саҳми худро гузошта,  дастгирии иловагии касбиро таъмин хоҳанд кард.

Гирандагони стипендия дар раводиди зарурӣ дастгирӣ ёфта, инчунин пардохти сафар ба Прага ва баргашт, ҷои зист, суғурта ва пардохт намудани стипендияи моҳона барои  давомнокии барномаи мазкур таъмин мегардад. Захираҳои иловагӣ, метавонад барои мақсадҳои таҳқиқотӣ дастрас бошад.

Интихоб

Стипендия дар асоси озмун ба номзад, ки шаҳрванди кишвари мақсадноки  RFE / RL таъин карда мешавад ва ба эҷод намудани гузориши вобаста ба кишвари мақсадноки RFE/RL: Афғонистон, Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Босния, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Косово, Қирғизистон, Македония, Молдова, Монтенегро, Покистон, Русия, Сербия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон таваҷҷӯҳ дорад.

Номзади муваффақгардида,  бояд таҷрибаи гузаштаи худро дар таҳқиқоти журналистӣ нишон диҳад; лоиҳаи боварибахш ва ба ҳақиқат наздикро, ки таваҷҷӯҳи шунавандагони мақсадноки RFE/RL ба худ ҷалб месозад, пешниҳод намояд. Ҳамчунин, донистани забони англисӣ талаб карда мешавад.

Мӯҳлат

Мўҳлати супоридани дархостҳо – 1-уми феврали соли 2016.

Нашри натиҷа — 19-уми феврали соли  2016.

Мӯҳлати эътибори идрорпулӣ  1 май – 31-уми октябри соли 2016.

Шарҳи муфассали барнома ва шакли пешниҳоди дархостҳоро метавонед дар инҷо пайдо кунед.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ