ДомойМедиалентаMagisto: хизматрасони барои танзими автоматикии видео

Magisto: хизматрасони барои танзими автоматикии видео

Албатта, сохтани видеонаворро ба барномаи онлайн бовари намудан на ҳама вақт муфид аст. Лекин сабти шумо ишораҳои махсус дошта набошад, дар дастатон барномаи танзими набошад, метавонед аз Magisto истифода баред.

Сомона барои коркард, истеҳсол ва паҳн намудани видеонаворҳо, муайян карда шудааст.

Даромад ба хизматрасони тариқи азқайдгузари ё аккаунти фейсбук сурат мегирад. Баъд аз ин дарича барои интихоби маводи видео кушода мешавад (беҳтараш аз ҳама калонашро, Magisto зиёдиашро танзим мекунад) – то 16 файл, на зиёд аз 600 МБ ва на дароз аз 15 дақиқа, интихоби мундариҷа ва мусиқи ба филми оянда. Агар мусиқии дилхоҳ надоред, метавонед аз бойгонии хизматрасони интихоб кунед.

Ана тамом. Magisto кори худро аз болои навори шумо оғоз мекунад, шумо бошед метавоне қаҳва тайёр кунед ё ин ки бо сагатон сайругашт карда оед. Огоҳи оид ба навори тайёр ба почтаатон хоҳад омад. Сабти мо баъ аз 10 дақиқа омода мешвад. Хизматрасони навори 3 дақиқагии кучаро то 1 дақиқа кӯтоҳ кард, якчанд гузариш ҳамроҳ намуд. Натиҷаро метавонед дар боло тамошо кунед. Дар охир чунин амалҳо боқи монданд – мошинҳо, одамон, ҷойҳои холи бурида шуданд. Дар видеои санҷиши, ки акси одамон аз наздик намудор буд, Magisto онҳоро ҷудо намуд ва пешниҳод дод, то бо фейсбук аккаунти онҳо ҳамроҳ кунем.

Сабтро бо ёрии код ба сомона гузоштан, тариқи почта ирсол ва дар фейсбук  твиттер ҷойгор кардан мумкин.

Замима дар намуди мобили барои айфон ва ҳам андроид дастрас мебошад.

Матни аслӣ: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ