12-13-уми май дар Алмато ҳафтумин Форуми Осиёи Марказӣ оиди «Рушдёбии соҳаи интернет-Internet CA-2016 дар Осиёи Марказӣ» ва «Давъвати воқеии Шабака ва воситаҳои муқобилиятнишондиҳӣ: контенти ғайрисохторӣ, ксенофобия, пропаганда, забони таҳаммулнопазирӣ».
Дар рафти чорабинӣ иштирокчиёни форум ҷанбаҳои муҳими мушкилотро дар интернет ва тамоюли рушди соҳаи интернетро дар Осиёи Марказӣ муҳокима менамоянд. Инчунин доир ба даъвати воқеӣ ба Шабака мубодилаи афкор менамоянд: ксенофобия, пропаганда, муҳорибаи иттилоотӣ, қаллобию фиребгарӣ дар пешниҳоди далелҳо, забони таҳаммулнопазирӣ ва усулҳои барорбаркардашудаи муқобилиятнишондиҳӣ ба контенти ғайрисохторӣ.
Барои иштирок дар форум коршиносони хориҷӣ, намояндагони ташкилотҳо, рўзноманигорон, ҳуқуқшиносон ва интернет-фаъолон даъват карда мешаванд.
Ба ҳайси маърузачиёни чорабинӣ экспертон аз Аврупо, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон баромад мекунанд ва даъвату имконияти Интернетро дар минтақа муҳокима менамоянд, бо ҳамдигар табодули фикру андеша мекунанд. Инчунин аз кейсҳо ва роҳу воситаҳои истифода мебурдаашонро дар интернет бо якдигар мубодила менамоянд.
Чорабинӣ аз ҷониби Маркази байналхалқии рўзноманигории MediaNet бо дастгирии Идораи барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Остона ва Намояндагии фонди Конрад Аденауэр дар Қазоқистон ташкил карда мешавад.
Макони баргузории форуми мазкур: шўъбаи Ramada Almaty (кўчаи Байтурсинова, 27 (канори кўчаи Казибек Би), Алмато.
12 май: Толори бузурги конфронсии «Номад».
13 май: Толори хурди конфронсии «Номад» ва «Эврика».
Барои аз қайдгузарӣ ба сифати шунавандаи форуми Осиёи Марказӣ оиди «Рушдёбии соҳаи интернет дар Осиёи Марказӣ-InternetCA-2016» то санаи 30-уми апрел ҳуҷҷати заруриро аз рўйи истинод пур кардан лозим аст.
Маълумоти муфассал ва рақами тамосро дар сомонаи ташкилотчиёни чорабинӣ гирифта метавонед.