ДомойХудомӯз9 қоида барои таҳияи стратегияи медиа, ки дар технологияҳои мобилӣ асос ёфтааст

9 қоида барои таҳияи стратегияи медиа, ки дар технологияҳои мобилӣ асос ёфтааст

Ҷон Уилперс (John Wilpers), директори калони ширкати Innovation Media Consulting, мефаҳмонад, ки чаро стратегияи «пеш аз ҳама технологияҳои мобилӣ» нокифоя аст, ва дар маҷмўъ чӣ стратегияи мобилиро муваффақ мегардонад.

«Ноширон», ки стратегияи «пеш аз ҳама технологияҳои мобилӣ»-ро пайравӣ мекунанд, бо як нигоҳ маънои технологияҳои мобилиро аз даст медиҳанд, талабот ва интизориҳои истифодабарандагонро иҷро намекунанд», — гуфт Ҷон Уилперс, директори калони ширкати Innovation Media Consulting зимни суханронии худ дар конференсияи FIPP (шабакаи байналмилалии ташкилотҳои медиа) дар Лондон.

Ба ҷои ин стратегия, ӯ дар бораи он мегӯяд, ки «ноширон бояд стратегияи «танҳо технологияҳои мобилӣ»-ро дастгирӣ намоянд».

«Фикри он, ки «пеш аз ҳама технологияҳои мобилӣ» пешниҳод мекунад, ки компютерҳои рӯимизӣ ибтидоӣ — чаро дар ҳолати ҳеҷ чиз набудан мегӯянд, ки чизе дар пеш аст, чӣ баъд меояд? Ин маънои онро дорад, ки таваҷҷӯҳи Шумо ҳанӯз дар компютерҳои рӯимизӣ равона карда шудааст, ва акнун кӯшиш карда истодаед, ки аввал маводро ба воситаи технологияҳои мобилӣ омода намоед».

Вай фаҳмонд, барои он ки ноширон ба ҷаҳони имрӯза муваффақ шаванд, он ҷое, ки дастгоҳҳои мобилӣ бартарӣ доранд, онҳо бояд ҳатман стратегияи «танҳо технологияҳои мобилӣ»-ро таҳия намоянд, ки дар он ташкилотҳои иттилоотӣ ҳикояеро албатта бо фармоишҳои дарки мобилӣ дар мухолифати оддии сомонаҳо барои смартфонҳо таҳия менамоянд.

«Ноширон ба ин омода нестанд ва он ба пастшавии мақоми технологияҳои мобилӣ чун як нусхаи шабакаи оддии сайёр оварда расонд – вале мардум мунтазири ин нестанд…»

«Ин мавзӯъ ҳанӯз ба таври кофӣ маблағгузорӣ нашудааст ва бо гурӯҳи мутахассисон таъмин нест», — мегӯяд Уилперс.

Пас бо кадом тарз ташкилотҳои иттилоотӣ метавонанд ба стратегияи нави корбарӣ гузаранд?

Сараввал, мегӯяд ӯ, ноширон бояд фаҳманд, ки ду намуди ҷалби аудиторияи мобилӣ вуҷуд дорад: лаҳзаҳои хурд (микро-момент), ки истифодаи босуръати дастгоҳҳои мобилиро тасвир менамоянд, вақте ки шахс мехоҳад чизеро донад, созад ва ё харад; ва ман-лаҳзаҳо – «я-момент» (me-moments), дар он вақте, ки барои истифодабарандагон фурсати зиёди мутолиаи маводи дарозҳаҷм ва таҳқиқи амиқтар мавҷуд аст.

Баъд аз он, ки онҳо инро меомӯзанд, он ба ташкилотҳои медиа маслиҳат медиҳад, то 9 қоидаи зеринро риоя намоянд:

  1. Бигзор интизоми мобилӣ таҳияи маводи Шуморо идора намояд.

Муайян намоед, ки истифодабарандагони Шумо бо чӣ кор машғуланд, кай онҳо ин корро иҷро мекунанд, онҳо чӣ тавр ба ин наздик  мешаванд, ва сипас маводи хешро дар атрофи инҳо таҳия намоед.

Вай дар идораи нашриёт киро намудани сармутахассисро оид ба маълумот тавсия дод, ки дар назди ӯ вазифаи ҳамарӯза пешниҳод намудани тавсияҳои нав оид ба тағйир додани стратегия меистад.

  1. Маводи мобилиро миқёспазир кунед.

Мавод дар дастгоҳи мобилӣ бояд имконияти миқёспазириро дошта бошад, барои он ки дар хонандагон имконоти бештари мутолиа ё гузоштани мақола дар мунтахаб бошад, агар онҳо хоҳиш дошта бошанд. Ин имконият медиҳад, ки минбаъд микро-лаҳзаҳо ба ман-лаҳзаҳо (я-моменты) тағйир дорда шавад.

  1. Дар замима паҳншавиро пеша намоед.

Ҷалбкунӣ тавассути замима хониши вебсайтро 10 маротиба афзун менамояд, бинобар ин ба Шумо зарур аст, замимаҳои худро, ки асоси кори шуморо ишғол менамояд, таҳия намоед. Дар ин сурат маводро барои замимаҳои беруна бояд омода сохт, ба монанди Facebook ва Snapchat.

  1. SMS – тақсимот (рассылка)-ро кунед.

Мактуб – ин хуб аст, вале онҳо ба категорияҳои чорабиниҳои банақшагирифта дохил мешаванд. Аудиторияи Шумо, қабл аз ҳама, мехоҳад онро донад, ки чорабинӣ чӣ тавр гузашт, барои ҳамин аз онҳо хоҳиши обуна шуданро ба SMS-тақсимот кунед, дар ҳамин ҷо Шумо метавонед рекламаро фурӯшед.

  1. Ба ҷалб кардани аудитория ба воситаи видеои мобилӣ оғоз намоед.

Видео шакли босуръати паҳншавии мавод мебошад, дар ҳоле, ки аудитория, тамошобини видеоҳои на танҳо видеоҳои кӯтоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, балки видеоҳои дароз дар дастгоҳи мобилӣ ҳаст. Бо хоҳишу талаботи аудитория он чиро пешниҳод намоед, ки онҳо дидан мехоҳанд.

  1. Мактубҳоро ба қисмҳо ҷудо кунед.

Аксари мактубҳо дар смартфон кушода мешаванд.

Онҳоро дароз, бо тафсилоти зиёд нанависед, ки ба кор намеоянд – онҳоро бо сарбории камтари матн зудамалкунанда кунед, истинодро ба мазмун диҳед.

  1. Барои ташкили паҳншавӣ маълумоти оморро истифода намоед.

Уилперс ба ноширон пешниҳод кард, то таҳлил намоянд, ки кадом маводро аудиторияи онҳо вобаста ба вақти рӯз ҷустуҷӯ мекунанд, барои фаҳмидани он, ки чӣ тавр ба онҳо дар вақтҳои нозарур тавассути дастгоҳи зарурӣ хабари дурустро паҳн намоянд. Ба Шумо зарур нест, ки аудиторияи шумо дар онлайн қарор дошта бошад, дар сурате, ки Шумо мавод надоред. Стратегияи Шумо танҳо ба технологияҳои мобилӣ нигаронида шудааст, ки дар ниҳоят қисми ДНК-и ташкилоти Шумо мегардад.

  1. Технологияҳои мобилиро дар банақшагирӣ ворид намоед.

Агар Шумо онҳоро ба нақша нагиред, онҳо омада намерасанд.

Шумо наметавонед ба хабарнигорон такя кунед, ки онҳо дар самти технологияҳои мобилӣ ба фикр кардан оғоз намоянд, зеро онҳо ба компютерҳои рӯимизӣ мувоҷеҳ ҳастанд, ҳамон тавре, ки ба матбуоти чопӣ мувоҷеҳ буданд —  инноватсия аз сар оғоз мешавад.

Ӯ фаҳмонд, ки The New York Times соли гузашта барои як ҳафта дастрасиро ба саҳифаҳои хонагиаш аз компютерҳои рӯимизӣ қатъ намуд, ҷиҳати водор кардани хабарнигорон барои дидани сомона бо кӯмаки дастгоҳи мобилӣ. Ин амал онҳоро водор намуд, то бубинанд, ки хонандагон ба чӣ нигоҳ мекунанд.

  1. Ҳадафҳоеро, ки бо кӯмаки онҳо ба муваффақият баҳо додан мумкин аст, муайян намоед.

Дар ҳамаи мо барои санҷидани теъдоди ташрифоварандагони саҳифа, теъдоди воридшавии такрорӣ воситаҳо ҳастанд, вале мо мунтазам он чиро, ки дар доираи ҳадафҳоямон дар технологияҳои мобилӣ таҳия кардаем, қадр мекунем?

Вай пешниҳод кард, ҳадафҳоро дар муносибат нисбат ба намуд ва теъдоди хабарҳое, ки дар вақтҳои мухталифи шабонарӯз нашр намудан зарур аст  — ва онҳоро чун усули гумроҳ накардан аз стратегияи мобилӣ истифода мекунанд, муайян намоянд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ