Тафсири ҳарсолаи Трендҳои матбуоти ҷаҳонии WAN-IFRA бисёр ғояҳову трендҳои арзишмандро ошкор менамояд. Бароятон интихобро аз хулосаҳои тадқиқот, ки дар wan-ifra.org ба нашр расидаанд, пешниҳод менамоем.
Мувофиқи маълумотҳои асосии тафсир, даромади молиявии рўзнома аз ҳисоби теъдод ва реклама дар соли 2015-ум 168 миллирд доллари ИМА ташкил додааст.
Ҳамҷоя бо маҷаллаҳо, рўзномаҳо аз рўйи бузургии саноат дар соҳаи фаҳанг ва эъҷодиёт дар ҷои сеюм меистад. Ин ду ҷанба дар тамоми дунё барои 2,9 миллион нафар ҷойи корӣ ба вуҷуд меоваранд. Даромади умумии рўзнома дар соли 2015-ум нисбат ба соли қаблӣ 1,2% поён рафта, дар давоми 5 соли охир даромади молиявӣ 4,3% паст шудааст.
Зиёда аз 2,7 миллиард нафар одамони калонсол дар тамоми ҷаҳон рўзномаи шакли чопиро мехонанд.
Доираи хонандагони онлайн-тафсири рўзномаҳо дар баъзе кишварҳо калон шуда истодааст, дар баъзе давлатҳои иқтисодиёташон нисбатан рушдёфта бошад, хонандагони платформаҳои рақамӣ нисбат ба хонандагони нашриётҳои чопӣ ниҳоят зиёд мебошанд. Наздики 40%-и истифодабарандагони Интернет дар ҷаҳон рўзномаҳоро дар Шабака мутолиа мекунанд.
Аз ҳама мушкилоти калон дар соҳа ченкунии комбинатсияшудаи фарогирӣ ва таъсири маводҳои рўзномаҳо дар тамоми платформаҳо аз рўйи қитъа.
Барои баъзе нашриётҳо платформаҳои мобилӣ воситаи асосӣ корӣ гардида бошанд, барои баъзеҳои дигар он ягона платформаи корӣ гардидааст.
— бозори ҷаҳонии смартфонҳо 14 миллирд дастгоҳро ба қайд гирифтааст, ки соли 2015-ум харидорӣ карда шудаанд, ки ин солро аз рўйи теъдод рекордӣ мегардонад. Наздики 30%-и аҳолии сайёра имрўз аз смартфонҳо истифода мебаранд.
— Зиёдшавии шумораи истифодабарандагони мобилӣ барои рўзномаҳо ва дигар брендҳои ахборотӣ имконияти бузург фароҳам меорад. Дар ИМА зиёда аз 80%-и одамон барои истифодабарии манбаи рақамии рўзномаҳо ҷалб шудаанд ва зиёда аз 70%-и австралиягиҳову канадагиҳо рўзномаҳоро тавассути дастгоҳҳои рақамӣ мехонанд. 70%-и аҳолии Бритонёи Кабир бо ёрии шабака, планшетҳо ва телефонҳои мобилӣ ахборотҳои брендиро мутолиа менамоянд. Мутобиқи Ассотсиатсияи рўзномаҳои Амрико нисф зиёди аудиторияи рақамии ИМА, ки рўзномаҳоро мутолиа менамоянд, барои хондани маводи рақамӣ танҳо аз дастгоҳҳои мобилӣ (смартфонҳо ё планшетҳо) истифода мебаранд.
— Аудиторияи компютерҳои рўйимизӣ поёнравиро идома медиҳанд.
— Истифодаи замима дар ИМА 75%-и истифодабарандагони мобилиро фаро мегирад. 5 замимаи асосӣ 88%-и вақти истифодабарандагонро фаро мегирад, ки дар замима гузаронидаанд. Вале вақти барои смартфонҳо сарф кардаи истифодабарандагон асосан дар платформаҳои чандрасонаи иҷтимои ва брендҳои фароғатӣ гузаронида мешавад.
Даромади онлайн-тиражҳо зиёд шуда истодааст.
– Соли 2015-ум теъдоди нашриётҳои чопӣ нисбат ба соли қаблӣ дар тамоми ҷаҳон ба 4,9% зиёд шудааст. Дар давоми 5 сол бошад, то ба 21,6%. Ин далел асосан ба натиҷаи зиёдшавии теъдод дар Ҳиндустон, Чин ва боқимонда Осиё рост меояд, зеро паҳн кардани саводнокӣ, болоравии иқтисодӣ ва нархи арзони нусхаи нашриёт ба истифодаи рўзномаҳо талқин менамояд. Ҳиндустон ва Чин ҳамҷоя барои 62%-и теъдоди нашриёти ҷаҳонӣ дар 2015-ум масъул мебошанд, ки дар муқоиса бо 59%-и соли 2014-ум зиёд мебошад.
—Адади нашри рўзномаҳо дар Осиё то ба +7,8% боло рафта, дар Амрикои Шимолӣ то ба -2,4% поён рафт. Дар Амрикоӣ лотинӣ бошад теъдоди рўзномаҳои чопӣ то ба -2,7%, дар Шарқи Наздик ва Африқо то ба -2,6%, дар Аврупо то -4,7% ва Австралияву Океания -5,4% поён рафтааст.
— Адади нашри пулакии онлайн-нашриёт афзоишро идома дода истодааст. Лекин бо баробарии ин рўзномаҳо бо ду санаи гуногун ба табъ расонида мешаванд. Адади нашри пулакии онлайн-нашриёт дар соли 2015-ум то ба 30% ва солҳои охир то ба 547% боло рафтааст. Дар дараҷаи даромади молиявӣ ба ҳаҷми 3 миллирд доллар, адади рақамӣ ба пурра кардани даромади молиявии аз даст рафтаи рўзномаҳои чопӣ дар бозорҳо оғоз карда истодаанд. Дар байни истифодабарандагони нашриётҳои иттилоотии шабакавӣ тақрибан аз панҷ як нафар барои онлайн-иттилоот маблағ пардохт менамояд.
Бо баробари диверсифитсикатсия кунонидани мавод ва сарчашмаи даромад аз ҷониби нариётҳо нашриётҳои чопӣ ҳоло ҳам даромади молиявӣ ба бор меоваранд.
— Дар соли 2015-ум соҳаи нашриётӣ аз ҳисоби нашриётҳои чопӣ ва нашриётҳои рақамӣ 90 миллиард доллар даромади молиявӣ ба даст овардааст, ки 78%-и он маблағ аз рекламаҳои нариётӣ ва онлайнӣ ба даст омадааст.
Дар бозори ҷаҳонии рўзномавӣ зиёда аз 92%-и тамоми даромадҳои моливӣ аз ҳисоби рўзномаҳои чопӣ ба даст меоянд. Ҳафт бозори бузургтарини рўзномавӣ инҳо ИМА, Ҷопон, Олмон, Чин, Бритонёи Кабир, Ҳиндустон ва Бразилия мебошанд, ки онҳо нисф зиёди даромадҳои пулии ҷаҳонии рўзномаҳо ва зиёда аз 80%-и рўзномаҳои адаи нашрии ҳаррўзаро ҷамъоварӣ менамоянд
— Гарчанде рекламаи рақамӣ ҳоло ҳам қисми даромади хурди умумии рўзномаҳоро ба даст орад, соҳа ба болоравии ин даромадҳо дар оянда умедвор мебошад. Дар соли 2015-ум рекламаи рақамӣ то ба 7,3% ва дар солҳои охир то ба 51% зиёд шудааст.
— Гирандагони асосии даромадҳои молиявӣ аз рекламаи рақамӣ ин чун пештара ширкатҳое мебошанд, ки бо медиаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳо алоқамандӣ доранд. Google қисми нисбатан зиёди даромади пулиро то 67 миллиард доллар соҳиб мешавад, ки аз даромадҳои пулии ҷустуҷўӣ аз Google ва аз YouTube-ро фаро мегирад. Дар соли 2015-ум наздики 13%-и даромадҳо аз рекламаҳои Facebook дар платформаҳои мобилӣ рост омадааст. Дар Чин платформаи асосии иҷтимоии Tencent ва ҷустуҷўии Baidu 56%-и даромадҳо аз рекламаҳо дар байни дигар ширкатҳои бозори шабакавӣ мебошад.
— Гарчанде даромади умумӣ дар соли 2015-ум аз ҳисоби рекламаҳо дар Интернет то ба 170 миллиард доллар расида бошад ҳам, иқтидори пурраи ин сектор дар амал тадбиқнашуда боқӣ мемонад. Зеро истифодабарандагон маҳдудкунандаи рекламаҳоро фаъол мегардонанд (зиёда аз 22%-и истифодабарандагони смартфонҳо), то ки аз фрустратсия, аз ҳисоби сустшавии берунории саҳифа ҳангоми дастраскунии рекламаҳо ва аз зиёдшавии трафик, наҷот ёбанд. Болоравии босуръати рекламаҳои барномавӣ ба мушоҳида мерасад, ки рекламаро хубтару беҳтар ба истифодабарандагон ирсол менамояд. Дар бозорҳои мухталиф ба ҳиссаи рекламаҳои барномавӣ нисф зиёди рекламаҳо рост меояд.
Телевизион дар ин ҷода қисми нисбатан зиёди рекламаҳоро фаро мегирад, вале интернет ва платформаҳои мобилӣ ба он ҳамла мекунанд.
— Телевизион нигоҳ доштани қисми зиёди даромадҳои молиявии рекламавиро то ба 37% идома медиҳад. Баъди телевизион компютерҳои рўйимизӣ ва интернети мобилӣ меистанд, ки 30% даромадро ташкил медиҳанд. Рўзномаҳо аз 12,7%, маҷаллаҳо 6,5, рекламаҳои берунӣ ва радиореклама тахминан 7%, кино аз 0,6% даромади моливӣ ба даст меоранд.
—Даромади пулии рекламаи чопӣ дар тамоми ҷаҳон дар соли 2015-ум то ба -7,5% ва дар панҷ соли охир то ба -24% поён рафтааст. Интернет-реклама дар компютерҳо ва платформаҳои мобилӣ дар соли 2015-ум ба 18,7% ва дар давоми панҷ соли охир ба 102% паст шудааст.
—рекламаи чопӣ дар соли 2015 танҳо дар Америкои Лотинӣ боло рафтааст, ки на он қадар калон, яъне 0,3% мебошад.
Манбаи ахборотҳои асосии Трендҳои матбуоти ҷаҳонӣ. Ахборотҳои асосии тадқиқ ва таҳлилшуда дар пойгоҳи ахборотҳои асосии интерактивӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд ва инчунин дар намуди ҳисоботҳои ҳарсола дастрас мебошанд, ки барои аъзоёни WAN-IFRA ройгон паҳн карда мешаванд. Барои одамони ғайриаъзо пойгоҳи ахборотҳои асосӣ танҳо тариқи номнавискунӣ дастрас мебошад. Муфассал дар сомона.