ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОнлайн-омўзиши кушоди «Шиносоӣ бо дизайни иттилоотӣ»

Онлайн-омўзиши кушоди «Шиносоӣ бо дизайни иттилоотӣ»

Ҷамъияти дизайни рўзномавӣ (SND) ва Маркази рўзноманигорӣ дар Амрико ба номи Найт онлайн-омўзиши кушоди оммавии «Шиносоӣ бо дизайни иттилоотӣ» мегузаронад (MOOC).

Омўзиш фарогири мавзўъҳои дизайни иттилоот дар чоп, дар платформаҳои рақамӣ ва мобилӣ; асоси саҳифабандӣ: ранг ва аломатгузорӣ барои дизайни интишор; коркард намудани стратегия барои интихоб, ранг ва намуна, ки брендро дастгирӣ менамоянд;

Аскҳо ва тасвирҳо чӣ тавр аз ҷониби хонандагон пазируфта мешаванд, инчунин тавсияҳо оид ба истифодабарии намудҳои гуногуни саргузашту воқеаҳо барои ҷалб намудани таваҷҷўҳи хонанадагон мебошад.

Бахши омўзишӣ аз санаи 27-уми июн то санаи  31-уми июли соли равон баргузор мегардад. Ин бахшро Сара Куинн, президенти Ҷамъияти  дизайни рўзномавӣ Дэвид Кордалски, директори эъҷодӣ Crain’s  Cleveland Business пешбарӣ менамоянд.

Дар ин бахши омўзишӣ ҳамаи онҳое, ки ба интернет дастрасӣ доранд, иштирок карда метавонанд. Номнавискунӣ идома дорад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ инҷоро пахш кунед.

Сарчашма: ijnet.org.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ