ДомойХудомӯзШабакаҳои иҷтимоӣ ва медиа: ақидаи коршиносон

Шабакаҳои иҷтимоӣ ва медиа: ақидаи коршиносон

Дар конференсияи “Медиа дар муҳити рақамӣ: мушкилот ва имкониятҳо”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, таваҷҷӯҳи зиёд ба нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар рушди медиа ва журналистикаи анъанавӣ равона карда мешавад.

Аксарияти коршиносон, шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, Facebook-ро хеле машҳур ва манбаи асосии иттилоот номида, қайд мекунанд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ журналистикаро нобуд месозанд. Коршиноси медиа аз Қирғизистон Азамат Тинаев мегӯяд, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан Facebook, ба касбияти журналистон таъсири бад мерасонад: “Журналист – инсоне, ки ҳамеша дард мекашад, дарди виҷдон, инсоне, ки ба ин ҷаҳони пурталотум нигоҳ карда натавониста, мекӯшад, то кореро ба сомон расонад. Аммо ҳамкасбони ҷавони мо чӣ кор карда истодаанд? Хондани рӯзномаҳо, сомонаҳо ҷолиб нест. Тамошои ахбор ҷолиб нест. Мушкилоти асосӣ дар чист? Дар он, ки аудитория нисбат ба журналистон бошууртар ва софдилтар мебошанд.

Меъёри асосии сифати журналистон – ин мисли пештара вақте ки пас аз интишори мавод одамон онро истифода карда, ташаккур мегӯянд. Пештар, интиқолдиҳандагони маълумоту иттилоот ВАО буданд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ВАО-ро куллан тағйир доданд. Акнун чӣ бояд кард? Танҳо зарур аст, ки кор кунем. Рақобатро касе бекор накардааст. Бояд мубориза бурд. Худро аз аудитория бояд боло гузошт.

Чунин кор кунед: аз Facebook-и худ ҳамаи аккаунтҳои сомонаҳои иттилоотӣ, аккаунтҳои СММҳои онҳоро бигиред. Чӣ боқӣ мемонад? Хӯрок, пишакҳо ва гулҳо. Facebook пахшкунандаи асосии иттилооти шуд”.

Азамат Тинаев: Вақте ки журналист истифодабарандаи оддии Facebook мешавад ин – аллакай охири кор ё касб аст.
Азамат Тинаев: Вақте ки журналист истифодабарандаи оддии Facebook мешавад ин – аллакай охири кор ё касб аст.

Чун ҷавоб ба саволҳои Азамат Тинаев суханони роҳбари портали zanoza.kg Дина Маслова дар бораи он ки барои кормандони идораи ӯ қоидаҳои махсуси тартибот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷорӣ гардидааст, садо дод. Журналистони zanoza.kg  аксҳои шахсие, ки дорои хусусияти бағазабоваранда, ҳамроҳшавӣ ба баҳсҳо ва муҳокимарониҳо дар мавзӯъҳои популистӣ ва ҳатто таҳти интишор аз номи идора, ҷой дода наметавонанд. Ҳамзамон, интишори маводҳо дар саҳифаи махсуси худ, ки дорои хусусиятҳои динӣ ва миллӣ, рекламавӣ ва маводҳои таблиғотӣ (ба ғайр аз маводҳои zanoza) мебошанд. Ва талаботи асосӣ – журналисти zanoza.kg дар шабакаҳои иҷтимоӣ наметавонад бе сензура сухан кунад.  

Дина Маслова: аксарияти истифодабарандагон маводро то ба охир намехонанд, онҳо сарлавҳаҳоро мебинанд ва ба дигар пост мегузарад.
Дина Маслова: аксарияти истифодабарандагон маводро то ба охир намехонанд, онҳо сарлавҳаҳоро мебинанд ва ба дигар пост мегузарад.

 

Директор ва сармуҳаррири портали  informburo.kz Михаил Дорофеев мегӯяд: “Портали ман бо ФБ рақобат карда наметавонад. Ман метавонам фикр карда бароям, ки чӣ тавр бо сомонаҳои Русия, хориҷа рақобат намоям, вале фикр карда баромада наметавонам, ки чӣ тавр дар рақобат бо Facebook ғалаба намоям…”

Менеҷер оидба MM портали машҳури Украина StopFake.org Мария Жданова, зикр мекунад, ки бо афзуншавии маъруфияти шабакаҳои иҷтимоӣ истифодаи иттилоот ва одатҳои аудитория тағйир ёфтаанд: “Беш аз 60 фоизи истифодабарандагон иттилоолтр аз Facebook дастрас менамоянд, вале манбаи иттилотро гуфта наметавонанд. Аудитория на ҳамеша дар хотир нигоҳ дошта метавонад, ки аз аккаунти кадом медиа хабарро хондаанд. Аллакай фаҳмиши вафодорӣ ба рақобати бренди медиа намемонад”.

Мария Жданова: Шабакаҳои иҷтимоӣ – ин дар навбати аввал тиҷорат (бизнес) аст. Дар онҳо ҳадафи дастгирии ВАО вуҷуд надорад.
Мария Жданова: Шабакаҳои иҷтимоӣ – ин дар навбати аввал тиҷорат (бизнес) аст. Дар онҳо ҳадафи дастгирии ВАО вуҷуд надорад.

Мария Жданова: Шабакаҳои иҷтимоӣ – ин дар навбати аввал тиҷорат (бизнес) аст. Дар онҳо ҳадафи дастгирии ВАО вуҷуд надорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ