ДомойХудомӯз4 тамоюли пахши мустақим дар Facebook

4 тамоюли пахши мустақим дар Facebook

Пахши мустақим дар Фейсбук – воситаи хуби ҷалби аудитория ва зиёдшавии шумораи тамошобинон аст. Одамон 10 маротиба зиёдтар наворҳои мустақими дар Фейсбук пахшшударо нисбат ба видеоҳои муқаррарӣ шарҳ медиҳанд. 4 тамоюли асосии пахши мустақимро бароятон пешниҳод мекунем, ки онро мутахассисони Facebook муайян кардаанд.

  1. Воқеаи муҳим

Барои одамон хабари муҳим ва рӯйдодҳое, ки дар олам дар вақти воқеӣ ба вуқӯъ мепайванданд, ҷолиб аст. Агар васоити ахбори омма барои паҳн кардани хабари мущим дар ҳамон лаҳзае, ки ҳодиса руй медиҳад – аз лаҳзаҳои калидии маъракаи интихобот то воқеаҳои ғайричашмдошт ба монанди заминларза — аз пахши мустақими Фейсбук истифода кунад, ба ҷалби ҳарчӣ бештари аудитория муваффақ мегардад. Масалан, ҳодисаҳои ба наздикӣ рухдода:

  • Аксари васоити ахбори омма бораи намоиши марҳилаи аввали муколамаи телевизионии Доналд Трамп ва Хиллари Клинтон аз пахши мустақим дар Фейсбук истифода карданд. Ҷамъбаст – бузургтарин ҷалби одамоне, ки барояшон мушоҳида кардани ин воқеаи таърихӣ муҳим буд.

  • ABC Newsро 6,2 млн. одамон ҳангоме, ки муколама мустақиман пахш мешуд, тамошо ва ҳамзамон таҳлил кардаанд.
  • Пахши мустақими шабакаи Univision Politica  85000 тамошобинро ҷалб кардааст. Дар Fox News бошад 370 000 шарҳ то замони ба охир расидани муколама нашр гардидааст.

 

  1. Бартарӣ доштани шиддатнокӣ

Навори зинда бештар ҳассос ва пешгӯинашаванда аст. Намоишҳое, ки дар онҳо бештар шиддатнокӣ эҳсос мешавад, мухлисони зиёд доранд ва одамон дар навбати худ барои тамошои муштарак дӯстони худро xалб мекунанд. Ана мисолҳои ба наздикӣ рухдода:

  • Моҳи август шахсе ба манораи Трамп дар Ню-Йорк баромад. Даҳҳо шабакаҳои ВАО барномаи мустақимро аз тариқи Фейсбук пахш карданд. Аксари ноширон силсилаи намоишҳоро тариқиFacebook Live API (барномаи интерфейс барои бурдани пахши мустақим) пахш намуданд. Ин дар ҳолест, ки аксари дигари репортёрҳо барои пахши мустақим аз телефонҳои мобилии худ истифода карда, бо воситаи шарҳу маълумоти иловагӣ мавзуро пурра сохтанд. Ҷараёни пахши мустақим тамошобинро пурра ба худ ҷалб карда буд.

Пахши мустақимро аз тариқи Фейсбук мушоҳида карда, одамон инчунин ба ҷараёни ҳодиса бо воситаи шарҳҳо ворид шуданд. Ва ин ба васоити ахбори омма имконият дод, ки матни шарҳҳои дар ҳамон лаҳза ба тамошобин заруриро назорат намояд. Тариқи Фейсбук 14 миллион тамошобин аз тамоми гӯшаю канори дунё ва 2,5 миллион тамошобинони хоса аз Амрико аз 80 дақиқаи гузориши мустақими фатҳи манора ҳаддиаққал то 1 дақиқаи онро назорат карданд. Ҷустуҷӯи пахши мустақими шабакаи телевизиони CNN  55 000 маротибаро ташкил дод.

 

  1. Обу ҳаво

Одатан одамонро чизҳое ба ташвиш меоваранд, ки бевосита ба ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо таъсир мерасонанд ва дар ахборот аз вазъи обу ҳаво дида дигар чизи муҳимтаре нест. Одамон аксаран дар ҷустуҷӯи навигариҳои тозае мебошанд, ки чӣ тавр тағйир ёфтани обу ҳаво ба онҳо таъсир мерасонад ва пахши мустақим дар Фейсбук ҳангоми тағйироти вазъи ҳаво дастрасии одамонро ба иттилооти бевосита ва мустақим таъмин мекунад.

Иттилооти мубрам дар бораи обу ҳаво дар миқёси умумимиллӣ, пешгӯии вазъи обу ҳавои маҳалӣ ва ё сӯҳбат дар шакли саволу ҷавоб бо мутахассисони шабакаҳои обуҳавосанҷӣ – чунин наворҳо дар Фейсбук тамошобинонро ба худ ҷалб мекунанд. Мисол:

* Шабакаи обу ҳаво аз маҳали Седар Кии иёлоти Флоридаи ИМА бевосита пеш аз шурӯи тӯфони Гермин пахши мустақимро ташкил карда, дар давоми 2 соат аз дур як нуқтаро намоиш дод. Шавқи тамошобинон ба шиддат гирифтани тӯфон баръало эҳсос мешуд: наворро 3 миллион одамон тамошо карданд ва 23 000-и онҳо шарҳ навиштанд.

  1. Ҳаёти журналистон

Журналистон аксар вақт муштариёну хонандагони худро доранд, ки онҳо мехоҳанд аз мӯҳтавои (контент) гузориши зиндаи муаллифони дӯстдоштаашон дар Фейсбук дидан кунанд. Маҷмуаи хабарӣ ҳамовозиро дар аудитория ҳамон вақт ба миён меоварад, ки агар хабарҳо бевосита аз тарафи худи рӯзноманигор пахш гардида бошанд.

* Хидматрасонии пахши мустақим дар Фейсбук барои рӯзноманигорони маҳаллӣ имконият медиҳад, ки бо дигар восита бо муштариёни худ алоқа барпо намоянд. Баранда аз Каролинаи Шимолӣ Курт Вилямс бурдани гузоришҳои мустақимро дар пасманзари ҳодисаҳои рухдода таҷриба карда, ҳатто ҳангоми пахши реклама ба саволҳои тариқи Фейсбук мустақим фиристодашуда ҷавоб медиҳад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ