Журналистони ташкилотҳои иттилоотӣ, ки дар мавзӯъҳои соҳибкорӣ (бизнес), технология ва роҳбарӣ мутахассис шудан мехоҳанд, барои гирифтани ин стипендия дар Ҳарвард (Гарвард) метавонанд дархост пешниҳод намоянд.
Фонди Ниман барои журналистон ва Маркази Беркман оид ба рушди Интернет ва ҷомеа ҳадди ақал як ҷойро барои коромӯз, ки давоми сол дар соҳаи инноватсия дар журналистика тадқиқот мегузаронад, пешниҳод менамоянд.
Номзадҳо бояд лоиҳаеро пешниҳод намоянд, ки марбут ба фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи журналистикаи рақамӣ бошанд. Мисолҳои чунин лоиҳаҳо метавонанд пешниҳодоти манбаъҳои нави даромад барои журналистика, ташкили воситаҳои нав, ки журналистон метавонанд дар фаъолияти хеш ё тадқиқоти намунаҳои талаботи ахбор истифода намоянд.
Андозаи оддии стипендия – 65 000 доллари ИМА мебошад. Ба ғайр стипендия, ба коромӯз маблағ барои истиқомат, нигоҳубини кӯдак ва суғуртаи тиббӣ пардохт карда мешавад.
Дархостҳо барои журналистони байналмилалӣ то 1-уми декабри соли 2016 ва барои журналистони амрикоӣ то 31-уми январи соли 2017 қабқл карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал инро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.