Рӯзноманигорон аз Аврупои Марказӣ ва Шарқи, донандагони забони немисӣ, метавонанд дар ин омӯзиш иштирок намоянд.
Институти дастгирии рӯзноманигорони ҷавон (ifp) ҳавасмандонро ба омӯзиши се ҳафтаинаи “Восточный курс», ки ба рӯзноманингорони Аврупои Марказӣ ва Шарқи пешбини шудааст, давъват менамояд.
Семинар аз 16 июл то 5 августи соли 2017 дар Мюнхен баргузор мегардад.
Омӯзиш ба ҳаргуна тарзи рӯзноманигорӣ ва аккосӣ, инчунин гирифтани мусоҳиба бахшида мешавад. Иштирокчиёне, ки омӯзишро бомуваффақият хатм менамоянд, соҳиби сертификат мешаванд.
Дархостро рӯзноманигрон аз синни 19 то 32 сола, ки дар ВАО фаъолият мекунанд, донандагони хатти ва даҳонии забони немисӣ пешниҳод намоянд.
Арзиши зиндагӣ, хӯрок ва таҳсил барои иштирокчиёни аъзои ИА 100 евро, барои берун аз ИА – 70 евро ташкил меиҳад. Роҳкирои иштирокчиён аз ҳисоби грант пардохт мешавад.
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост – 15 феврал.
Барои гирифтани маълумоти муфассал бо забони нимиси инро пахш намоед.
Манбаъ: ijnet.org.
Акс дар пешомад: tageswoche.ch.de.