ДомойМедиалентаВебинари ройгон «Чихел барои онлайн-пойгаҳҳо видео сабт намоем»

Вебинари ройгон «Чихел барои онлайн-пойгаҳҳо видео сабт намоем»

8 декабри 2016 сол соати 17:00 бо вақти Астана ва Бишкек, 16:00 бо вақти Душанбе, 14:00 бо вақти Маскав вебинари ройгони  «Чихел барои онлайн-платформаҳо видео сабт намоем» баргузор мегардад.

Имрӯз бо тараққиёти пойгаҳҳои рақами, талабот ба онлайн-видео, ки тавассути шабакаҳои иҷтимои тариқи компютерҳо ва дастгоҳҳои мобили роҳандози мешаванд, меафзояд.

Лекин вақти омода ва пашхи чунин видео, бисёре аз ВАО ҳаракат мекунанд, то аз усулҳои оммаи телевизиони истифода бурда, хусусият ва имконоти онлайн-фазоро ба инобат намегиранд.

Аз вебинар Шумо мефаҳмед, ки барои пойгаҳҳои рақами — сайт ва шабакаҳои иҷтимои  чи тавр видеоро сабт намуд.

  • Видеои рақами аз ТВ чи фарқият дорад?
  • Кадом қиссаҳо барои онлайн видео мувофиқат мекунад?
  • Кадом намудҳои қиссаҳои визуали паҳн шудаанд?
  • Кай ва чихел графикаро истифода барем?

Вебинарро видеожурналисти Би-би-си Абдуҷалил Абдурасулов мегузаронад.

Абдуҷалил Абдурасулов дар Би-би-си, дар шӯъбаи иттилооти (Newsgathering) ӣеш аз 10 сол фаъолият дорад ва хабару иттилооти ҷаҳониро таҳлил мекунад. Абдуҷалил дар ҳайси ҳамоҳангсоз/наворбардор ва видеожурналист воқеаҳоро зиёда аз 20 кишвар –ИДМ, Шарқи наздик, Аврупо ва Ҷанубу-Шимоли Осиё инъикос кардааст.

Барои иштирок дар вебинар аз ин истинод истифода баред.

Диққат! Барои иштироки бомуваффақият дар вебинар барои шумо зарур аст:

  • Тафсири охирини браузерҳои Google Chrome, FireFox, Safari ё Opera-ро фаъол намоед. Дар браузер нусхаи охирини Adobe Flash Player бояд бошад. Дар Google Chrome — Flash Player худ насб шудааст.
  • Бисанҷед, ки оё суръати интернети пайвасткунандаи Шумо кифоя аст.  Суръати минималии пайвастшавӣ ба вебинар 1Mb мебошад. Суръати тавсияшаванда барои кори бароҳат аз 2Mb (дар вақти паст будани суръат, шояд ҳангоми намоиши видеороликҳо қафомонии садо ва тасвир, муаррифӣ бо шумораи зиёди графикаҳо, намоиши мизи корӣ ва кор бо низоми дигаре, ки шабакаи босифатро талаб менамоянд, ба назар расад). Суръати интернети худро дар ин саҳифасанҷидан мумкин аст.Агар Шумо ба интернет аз шабакаи корпоративӣ дохил шавед, пас ба Шумо зарур аст, ки ба мудири системавиатон муроҷиат кунед, барои он ки ӯ портҳои 1935, 80, 443-ро кушояд.

    Барои дастрасӣ ба вебинар, дар саҳифаи ҷойгиршавӣ тугмаи «Дохил шудан ба вебинар»-ро пахш намоед, маълумотро доир ба худ пур кунед ва розигии хешро дар муқобили розигии истифодабаранда гузоред.

    Агар Шумо ба вебинар тавассути планшет ҳамроҳ шудан хоҳед, пас тавсия  медиҳем, ки аз браузери Google Chrome ё Puffin Browse истифода намоед.

    Вебинари « Веб-пахш дар давраи бӯҳрон » аз ҷониби намояндагии Internews Network дар доираи лоиҳаи дастгирии дастрасӣ ба иттилоот ташкил карда шудааст. Он бо шарофати кӯмаки мардуми Амрико, ки тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) амалӣ шуд, имконпазир гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ