ДомойОзмунҳо/ГрантҳоОзмуни акс-қиссаҳои "Муҳоҷирон: қувваи ноаён дар Осиёи Марказӣ" барои аксбардорон ва донишҷӯёни...

Озмуни акс-қиссаҳои «Муҳоҷирон: қувваи ноаён дар Осиёи Марказӣ» барои аксбардорон ва донишҷӯёни Осиёи Марказӣ

Ташкилоти байналхалқии Оҷонсии СММ оид ба муҳоҷират, ки ташкилоти байниҳукуматии муҳоҷират маҳсуб меёбад, ба кори лоиҳаи Ташкилоти байниҳукуматии муҳоҷират дар Осиёи Марказӣ оғоз менамояд.

Акс-қиссаҳои «Муҳоҷирон: қувваи ноаён дар Осиёи Марказӣ»

Лоиҳа ба мардуми Осиёи Марказӣ имкон медиҳад, ки тавассути аксҳо ва қиссаҳои худ, ки барояшон чӣ будани маҳфуми муҳоҷиратро ифода менамоянд, нақл кунанд.

Дар ин озмун танҳо шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, ки дар ҳудуди давлати Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон зиндагӣ мекунанд, бо пешниҳод намудани 1 ё 2 сурати аслӣ иштирок карда метавонанд.

ДОНИШҶӮЁНИ МАКОТИБҲОИ ОЛӢ

  • Барои иштирок дар озмун инҳо роҳ дода мешаванд:
  • Донишҷӯёни Осиёи Марказӣ, ки синнашон аз 18 то 28 сола мебошанд.
  • Миқдори аксҳо: 5.
  • Суратҳо бояд тавассути телефони мобилӣ аксбардорӣ шуда бошанд.
  • Аксҳо бояд ба мавзӯи интихобшуда мувофиқат намоянд.
  • Озмун дар асоси суратҳои ранга ва сиёҳу сафед гузаронида мешавад.
  • Андозаи ҳар як акс на зиёд аз 5 Мбайт бошад.
  • Формат суратҳо: .JPG, .JPEG.

Қисса

Матни хурд бояд дар забони англисӣ ё ҷопонӣ (на зиёда аз 50 калима), ё акс-қиссае, ки моҳияти суратро шарҳ дода метавонад, пешкаш карда шавад.

АКСБАРДОРОНИ КАСБӢ

  • Барои иштирок дар озмун роҳ дода мешаванд:
  • Аксбардорони касбӣ аз Осиёи Марказӣ (дар синну сол маҳдудият нест)
  • Теъдоди суратҳо аз 10 то 15.
  • Дар озмун силсилаи корҳои аккосӣ қабул карда мешаванд (шумораи умумии суратҳо дар корҳои аккосӣ набояд аз 15 адад зиёд бошанд).
  • Дар озмун аксҳои ранга ва сиёҳу сафед қабул карда мешаванд.
  • Андозаи ҳар як акс на зиёд аз 5 Мбайт бошад.
  • Формати суратҳо: .JPG, .JPEG.
  • Роҳандозии аксҳо бояд 300 dpi (нуқта ба 1 дюйм) бошанд.

Дар озмун танҳо суратҳои бидуни навиштаҷоти иловагӣ дошта дида баромада мешаванд. Ба аксҳо гузштани логотип, илова намудани чорчӯба ва дигар чизҳо ба болои сурат, ки ба воситаи камера ва ё дигар равандҳои манбаҳои коркардкунӣ офарида шудаанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

Истифода бурдани суратҳои бегона, коркард намудани акс аз якчанд суратҳо, илова намудани чизҳое, ки дар сурати аслӣ мавҷуд нестанд, ба озмун роҳ дода намешаванд.

Танҳо коркарди миёнаи суратҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати онҳо иҷозат дода мешаванд: Дуруст кардани намуди ранги «чашмони сурх», беҳтар гардонидани равшанӣ, танзим намудани сатҳи тобишнокии баланди сурат ва ҳоказо.

Қисса

Матни хурд бояд дар забони англисӣ ё ҷопонӣ (на зиёда аз 250 калима), ё акс-қиссае, ки моҳияти силсилаи суратҳоро шарҳ дода метавонад, пешкаш карда шавад.

Аризаро тавассути истинод фиристода, аз ин ҷо маълумоти муфассал гирифта метавонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ