ДомойМедиалентаВебинар бо забони тоҷики “Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ"

Вебинар бо забони тоҷики “Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ»

28 марти cоли 2017 соати 16.00 (бо вақти Душанбе) вебинар дар мавзӯи “Асосҳои журналистикаи чандрасонаӣ” баргузор хоҳад гашт. Вебинар бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, иштирок дар он ройгон аст.

Вебинари мазкур ба журналистони расонаҳои мустақилу давлатии чопӣ ва электронии Тоҷикистон оид ба асосҳои журналистикаи чандрасонӣ, имкониятҳои онлайнӣ барои кор бо садо, акс, графика ва инфографика маълумот медиҳад. Дар вебинар мавзӯъҳои зайл мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт:

— Муруре ба таърихи таҷриба ва омӯзонидани чандрасонаӣ дар расонаҳои онлайнӣ;
— Фаҳми журналистикаи чандрасонаӣ;
— Нозукиҳои навиштани матн барои чандрасонаӣ;
— Имконоти онлайнӣ барои кор бо графика ва инфографика;
— Барномаҳо барои кор бо навор ва садо;
— Имконоти онлайнӣ барои кор бо акс.

Вебинарро рӯзноманигори ботаҷрибаи чандрасонаӣ, хатмкунандаи омӯзишҳои мухталифи журналистӣ дар Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ ва Аврупо Аҳлиддин Салимов мегузаронад. Ӯ бештар аз 10 соли собиқаи рӯзноманигорӣ ва 6 сол кори тренерӣ оид ба журналистика, чандрасонаӣ, дата-журналистика ва истифодаи технологияи нав дорад.

Таҷрибаи фаъолият:

2005 — 2009 хабарнигор дар идораи «Чархи гардун»;
2009-2011 хабарнигор ва саҳифабанд дар ҳафтаномаи «Пайкон»;
2011-2012 хабарнигор дар ОИ «Тоҷнюс»;
2012-2014 администратор, ҳамоҳангсоз ва тренер дар Маркази Мустақили Рӯзноманигорӣ «Тоҷикистон асри 21».

Аз соли 2015 то имрӯз хабарнигор ва муҳаррири бахши чандрасонаии яке аз Оҷонсиҳои Иттилоотии машҳури Тоҷикистон «Азия-Плюс» мебошад.

Барои иштирок дар вебинар аз ин истинод истифода баред.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ