ДомойМедиалентаСаммити навоваронӣ рақамӣ (Digital Innovators’ Summit): тамоюл, пешравӣ, таҷрибаи байналхалқӣ

Саммити навоваронӣ рақамӣ (Digital Innovators’ Summit): тамоюл, пешравӣ, таҷрибаи байналхалқӣ

Аз 19 то 21 марти соли 2017 дар Берлин, Саммитӣ навоварони рақамӣ (Digital Innovators’ Summit) баргузор гардид. Саммит – чорабиние мебошад, ки он ҷо оиди ояндаи медиа ва технологияҳо, аз худи навоварон фаҳмида мешавад.

DIS роҳбарони болоии медиатиҷоратро муттаҳид месозад, инҷо тамоюлҳоро муҳокима мекунанду маҳсулоти пагоҳинаро намоиш медиҳанд.

Имсол дар саммит тақрибан 600 топ-менеджерҳо, зиёда аз 35 кишвар – воизон, муҳаррирон, сардорони ширкатҳои меркетингӣ ва IT, ва ғайраҳо ширкат варзиданд.

Мо якчанд мавӯъҳои асосиро баҳратон интихоб кардем. Маълумоти бештарро тариқи истинод гирифта метавонед.

Чат-бот ва муоширати оянда

Чат-ботҳо, ба ақидаи иштирокчиён, ба наздикӣ тарзи муоширати одамонро бо ҷаҳон тағйир медиҳанд.

Лори Бенсон, роҳбари кулли Upnexxt (фаъолияти ширкат, ин воридкунии лоиҳаҳои инноватсионӣ ба тиҷорат): «Чат-ботҳо ҳамкории персоналиро байни истифодабаранда ва бренд имкон дода, дастрасии фавриро ба интерфейси муошират таъмин менамояд. Одамон бо ботҳо чун дигар инсонҳо ҳамкори мекунанд. Ботҳо бо шиддати хело баланд инкишоф меёбанд. Имрӯз дар Facebook зиёда аз 50 ҳазор бот мавҷуд аст. ВАО ҳамавақт имкониятҳои нави муоширатро меомӯзанд».

» … ботҳо ҳамакора мебошанд – аз паҳн кардани медиа то пеҳниҳоди хизматрасонӣ, — шарҳ медиҳад Бенсон. «Ин муносибати тиҷоратро бо истифодарандагон дигар мекунад. Ту дигар намекобӣ, танҳо бипурс».

Агар воизон шуморанд, ки смартфонҳо ва технологияҳои мобили манзараи соҳаи ВАО-ро тағйир дода бошанд, чат-ботҳо бошанд ба ақидаи мутахассисон, дигаргунии миқёси сейсимикиро ба миён меорад.

Чат-ботҳо сомонаҳои брендҳоро иваз карда метавонанд. Бино ба гуфти Бенсон, мизоҷон то 85 фоизи муоширатро бо чат-ботҳо мегузаронанд на бо одамон.

Муфассал дар бораи чат-ботҳо:

Чат-ботҳо барои медиа: дарсҳои The Guardian.

ВАО ва эҷодиёт

Форматҳои нав, пешниҳодоти нав – эҷодиёт ба муваффақияти ВАО таъсир мерасонад. Лекин барои рушди он чи лозим?

Хело вақт меҳисобиданд, ки эҷодкорӣ кисми ҷудонашавандаи истеъдод, на маҳорате, ки омӯхтан мумкин буд.

Лекин ба фикри Ҷамшид Аламути (Jamshid Alamuti), намояндаи мактаби сарварии эҷодии Берлин — ин нигоҳ ба олам, ба ҳолати муайян ва оянда.

«Эҷодиёт ба соддаги ҳаракат дорад», — гуфт Ҷамшид, — «Мо аз хотир баровардем, ки соддагӣ гарони дорад. Мо ҳаракат мекунем барои нишон додани гаронии чиз, онро мураккаб кунем. Аммо ин он ҳолат нест».

«Агар шумо эҷодиёт доштан хоҳед, бояд ба нашрияҳо фазо пешниҳод кунед. Муҳитеро созмон диҳед, ки худро чун дар хона эҳсос карда шавад. Дар ин сурат на танҳо одамони шумо дар ин муҳит кор кардан мехоҳанд, ҳатто истифодабарандагон мехоҳанд қисми он гарданд».

Имконият пешниҳод намоед!

Воқеияти виртуали ва ғарқшавӣ

Наттоқи ҷаласа, Джейми Палло (Jamie Pallot) – ҳаммуассиси ширкати Nonny de la Peña, Emblematic Group (яке аз пешсафтарин истеҳсолгарӣ маводҳо барои виртуалии воқеӣ), оид ба навгониҳои соҳаи VR нақл кард.

Фотограмметрия — ин 3D-молеликунонии муҳит, ки танҳо бо камераи булурин лозим мебошад. Тасвирҳо ҳаҷмӣ, пур аз ҷилои ранги сеҳаҷма, хело муфассал.

Коракарди дуюм – Видеограмметрия. Мисол, голограммаи одамон, бо намуди аслӣ ва мундариҷа. Агар тарзи истифодаро тасаввур кунем – даруни зиндон, шумо бо маҳбус, ӯ ба шумо мефаҳмонад, ки ин чи гуна аст – вақтгузарони дар зиндон.

Моро чи интизор аст?

Джейми тахмин мекунад, ки ба наздики мо инро мебинем:

  • Гарнитураи сабук ва арзон
  • Сохтани маводи 3D аз тарафи истифодабарандагон
  • Таҷрибаи иҷтимои – муошират бо дӯстон/ҳамкорон ҳангоми роҳгардӣ – метавонед эҳсос кунед, ки дар як ҷой қарор доред
  • Санҷандаҳои беруна дар дастгоҳҳои наздикии Apple – смартфонҳо имкон медиҳанд, ки эҳсосоти 3D гирифта бошед, чун ки давоми як чанд сол 3D-контент дар ҳама смарфонҳо дастрас мегардад.

 

«Ман медонам, шояд ин камтар илми-фантастики бошад, — гуфт Ҷейми. «Лекин таъсири эҳсосии VR калон мебошад: он аз истифодабарандагон ҳиссиёти ҳамдардиро бедор мекунад. Фаҳмиши чуқури 3D барои моро огоҳ ва бедор кардан имкони ёри дорад.

 

Манбаи акси пешомад.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ