ДомойОзмунҳо/ГрантҳоМактабҳои тобистона дар Украина ва Гурҷистон барои журналистон, онлайн-фаъолон, блогнависон

Мактабҳои тобистона дар Украина ва Гурҷистон барои журналистон, онлайн-фаъолон, блогнависон

Маркази маърифатии Прага (ММП) лоиҳаҳои мухталифро бо ҳадафи мусоидат ба табодули таҷриба ва дониш дар байни фаъолон ва коршиносони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хабарнигорони мустақил аз кишварҳои ИДМ ва СДШ дастгирӣ менамояд.

Ҳадафи Марказ ҳавасмандии далелҳои танқидии бо далелҳо асосёфта, тарзи фикрронии коллективӣ ва мутақобилан стратегие, ки ба коркарди қарорҳои мутааллиқ ба ояндаи минтақаҳои собиқ шӯравӣ равона карда шудаанд.

Айни замон таваҷҷӯҳи махсус ба таҷрибаи ислоҳот дар Украина ва Гурҷистон зоҳир карда мешавад.

Имсол Маркази маърифатии Прага (ММП) ду мактаби тобистона — яке аз он дар Киев ва дуюм — дар Тифлисро дар ҳамкорӣ бо намояндагони маъруф аз доираҳои илмӣ баргузор менамояд.

Шумо метавонед маълумоти муфассалро дар бораи барномаи таълимии ин мактабҳо аз поёнтар дарёфт намоед. Барои иштирок дар мактаби тобистона дархостро худи ҳозир метавонед пешниҳод кунед.

Мӯҳлати пешниҳоди дархост барои ҳар ду мактаби тобистона барои иштирокчиён аз кишварҳои ИДМ, ки мехоҳанд кӯмаки молиявиро барои пӯшонидани хароҷоти сафар ва омӯзиш аз ММП дастрас намоянд, — охири моҳи март муқаррар гардидааст.

Ҳарду мактаби тобистона бо забони англисӣ гузаронида хоҳанд шуд.

Ин пешниҳод кушода аст барои:

  • Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, коршиносон ва сиёсатмадороне, ки барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дониш оид ба таҷрибаи ислоҳоти Украина ва Гурҷистон манфиатдор мебошанд;
  • Фаъолони шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносони мустақил;
  • Пешсафони олами бизнес ва иттифоќњои касаба;
  • Журналистон, онлайн-фаъолон ва блогнависон;
  • Донишҷӯёни донишгоҳҳо (сатњи магистер ё олї) ва муҳаққиқони ҷавоне (Early-Stage Researchers), ки оид ба иқтисодиёт, илмҳои сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, таҳқиқоти Шарқу Аврупоӣ, ҳуқуқшиносӣ ё илмҳои ба он наздик соҳибтахассус мешаванд.

 

Мактаби тобистонаи «Фарқияти Украина дар чист?»

Аз ҷониби Мактаби иқтисодиёти Киев ва Маркази маърифатии Прага ташкил карда шудааст.

26 июн — 8 июли соли 2017 (2 ҳафта)

http://www.kse.org.ua/en/about/kse-news/?newsid=1912

 

Мактаби тобистонаи «Ислоҳот ва рушд дар Гурҷистон»

Аз ҷониби Мактаби байналмилалии иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тифлис (ISET) ва Маркази маърифатии Прага ташкил карда шудааст.

10 июл — 22 июли соли 2017 (2 ҳафта)

http://iset.tsu.ge/index.php/non-degree-programs/international-studies-exchanges/iset-summer-school-2017#ProgramCosts

 

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ