Шояд ҳар дафъае, ки асари наверо варақ мезанеду он писандатон меояд, ҳаракат менамоед, ки худро дар ҷои қаҳрамони он тасаввур намоед. Аммо боре ҳам фикр кардаед, ки ин хоҳиш асосе дорад?
Хусусан дар асарҳои бадеие, ки дар бораи қаҳрамониҳои ягон нафар ҳикоят мекунанд, дидан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо ба ҳаёт хеле наздиканд. Ҳатто агар он моли таҳайюлоти нависанда бошад.
Ва як чизи аҷиби дигар аз он иборат аст, ки қариб тамоми ин гуна асарҳо як хусусияти муайян доранд – онҳо дар асоси як сохтори муайяне офарида шудаанд. Ин сохтор ба мисоли формулаҳои физикӣ имконият медиҳад, ки дар асарҳои гуногун умумиятҳои муайянеро бубинем.
Профессори амрикоӣ Ҷозеф Кэмпбелл низ ба ин хулоса буд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои зиёд ва омӯзиши ривояту достонҳои халқиятҳои зиёди олам ӯ ба хулосае омад, ки новобаста аз замону макони эҷод гаштаашон ҳамаи онҳо як сохтори муайяне доранд. Ин хулосаи ӯ имрӯз зери мафҳуми “Мономиф” машҳур гаштааст.
Имрӯз сохтори мономиф, ки аз 12 қисм иборат аст, ба мо нишон медиҳад, ки қариб ҳамаи қаҳрамонҳои тамоми асарҳои олам ҳангоми паси сар намудани таҷрибаҳои ҳаётиашон ва монеаҳои гуногуни садди роҳашон гашта, ин 12 қадамро амалӣ месозанд. Ин қадамҳо кадомҳоянд, шумо метавонед дар видеои зерин тамошо намоед.
Аҳамияти сохтори мономиф дар фаъолияти журналистӣ аз он иборат аст, ки онро метавон дар жанри сторителлинг, ки солҳои охир авҷ кардаистодааст, истифода бурд. Бо риоя намудани қоидаҳои мономиф, шумо метавонед дар муддати нисбатан кӯтоҳ ривояти хуберо эҷод намоед, ки хонандаро ҷалб мекунад.
Агар шумо хоҳед, ки мо минбаъд низ чунин мақолаҳоро нашр намоем, албатта линки мақолаи мазкурро дар шабакаҳои иҷтомоӣ паҳн намоед, то ки сафи хонандагон ва бинандагони мо зиёдтар гарданд! Ташаккур!
Видеои мазкур инчунин бо забони русӣ дар сомонаи http://alifbo.com/monomyth/ дастрас аст.