ДомойХудомӯзStorymaps.arcgis.com - хизматрасонӣ барои таҳияи маводи мултимедиявӣ дар асоси харитаҳо

Storymaps.arcgis.com — хизматрасонӣ барои таҳияи маводи мултимедиявӣ дар асоси харитаҳо

Storymaps.arcgis.com воситаи онлайнии ройгон ва оддии бо забони русӣ мебошад, ки бо кӯмаки он Шумо метавонед вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ маводи интерактивиро бо харитаҳо омода намоед.

Маводҳои харитавӣ имконият медиҳанд, ки харитаҳо ва матн бо мазмуни мултимедиявӣ якҷоя карда шаванд. Бо кӯмаки онҳо истифодаи нерӯ ва иқтидори харитаҳо барои нақли ҳодиса осонтар аст.

Дар доираи ArcGIS, Esri Story Maps истифодаи тамоми нерӯ ва иқтидори платформаҳои ГИС ва харитасозии машҳури ҷаҳонро барои таҳияи харитаҳои шахсӣ имконият медиҳад.

Он метавонад ба назар ин тавр намояд:

Ё худ ин тавр:

Восита якчанд форматро пешниҳод менамояд ва кор кардан бо онҳо осон аст. Натиҷаҳо бе ягон душворӣ дар сомона ба шакли коди HTML ҷой додан ё бо истинод дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардан мебошад.

Барои оғози фаъолият бо Storymaps.arcgis.com, аз қайд гузаштан ё аккаунтро дар Facebook ё Google+ нишон додан зарур аст.

Сипас формати маводи худро интихоб кунед.

Агар дилпур набошед, хизматрасонӣ мефаҳмонад, ки кадоме аз онҳо ба маводи Шумо рост меояд.

Дар идома — номгӯйро муайян намоед, файлҳои мултимедиявиро зеркашӣ кунед.

Маводро дастрас ё шахсӣ намоед.

Тайёр!

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ