ДомойМедиалентаОдамон нисбат ба дастаи ТВ, бо журналисти смартфондор бештар ошкоро мебошанд. Таҳқиқоти...

Одамон нисбат ба дастаи ТВ, бо журналисти смартфондор бештар ошкоро мебошанд. Таҳқиқоти Reuters Institute

Нафароне, ки бо онҳо мусоҳиба ороста мешавад, нисбат ба дастаи калони телевизионӣ, ба таҷҳизоти хурдакак – смартфони дар дасти журналист ё репортёрбуда бештар ошкоро мебошанд ва онҳоро ҳаяҷон пахш наменамояд. Ба чунин хулоса омад таҳқиқоте, ки Reuters Institute for the Study of Journalism (Институти Ройтерс оид ба омузиши журналистика) — journalism.co.uk  гузаронд.

Дар маводи «Наздиктар ба ҳодиса? Ошкоро ва журналистикаи мобилӣ» журналисти Финляндия Пану Кархунен таҳқиқоти дуқисмата гузаронд, то фаҳмад, ки журналистикаи мобилӣ ба кушода (ошкоро)-гӯӣ чӣ тавр таъсир мерасонад. Ӯ бо чунин савол муроҷиат намуд – оё журналистикаи мобилӣ бо истифода аз технологияи мобилӣ дар ҳақиқат метавонад ба ҳодиса ва мавзӯи мақола наздиктар шавад?

Қисми 1-уми таҳқиқот. Пас аз мусоҳибаи якум, ки дар он 11 мухбир (репортёр) иштирок кард, Кархунен дарёфт, ки журналистон тавонистанд ҳодисаро чунон нақл намоянд, ки қаблан бо истифода аз камераи калони телевизионӣ ва дастаи иборат аз чанд нафар имконнопазир буд, ҳамзамон имкон даст дод, то маводи аслӣ ва кушод дар хотир нақш бандад.

Масалан, таҳқиқот дар бораи он нақл менамояд, ки чӣ гуна ташкилотҳои хабарӣ ба монанди Bild, Time ва BBC Panorama тавонистанд дар бораи бӯҳрони муҳоҷират бо ёрии пахши зинда ва имкониятҳои мобилии смартфонҳои худ гузоришҳои бештар самаранок таҳия намоянд, нисбат ба он ки агар онҳо лавозимоти азим ва оммавиро истифода кунанд.

Журналистони мусоҳибаоро, ки дар миёни онҳо Ник Гарнетт аз ВВС Radio 5, устод оид ба журналистикаи мобилӣ, академик Иво Бурум, инчунин журналисти озод Геерте Алджера буданд, ҳамчунин шарҳ доданд, ки журналистикаи мобилӣ ба мутахассисони бахши ахбор имкон медиҳад, то дар маҳалли ҳодиса ва омодакунии гузориш истода, бештар мавод таҳия намоянд ва аз рафти ҷараёни ҳодиса, аксаран блокҳои хотимавиро ба идора фиристанд.

Кархунен дар таҳқиқоти худ нишон дод, ки одамон мусоҳиба оростанро на бо дастаи ТВ иборат аз чанд нафар, балки бо журналисти мобилӣ афзалтар меҳисобанд, ки барои ба мавзӯи сюжет наздиктар сохтани онҳо мусоидат менамояд.

«Дар мусоҳибаҳои гирифташуда ба ман гуфтанд, ки журналистикаи мобилӣ рӯҳу равони умумии кушодро меафзояд ва муносибатҳои иҷтимоиро қавӣ мегардонад», — мегӯяд ӯ дар таҳқиқоташ, бо ишора ба роҳу усули Юсуф Умар, ки тавонист бо нақли ҳодисаи худ бо истифода аз филтрҳо дар Snapchat дар телефони худ, зарардидагони зўроварии шаҳвониро бовар кунонад.

Қисми 2. Барои озмоиши худ Kaрхунен ба хотири гузаронидани пурсиши афкор давоми 2 рӯз ба назди 400 нафар харидорони маркази савдои ҷамъиятӣ омада, нишон дод, ки мардум барои гузаронидани мусоҳиба нисбат ба дастаи ТВ бо камераи калон, бештар дар назди журналисти мобилидор боз меистанд.

Нисфи ҳаракати мусоҳибароӣ аз ҷониби журналистони мобилии смартфондор ва нисфи дуюм – дастаи ТВ иборат аз ду нафар ва камераи телевизионӣ гузаронида шуданд. Наздик 33,5 фоизи мардум бо журналист мобилидор мусоҳиба оростанд ва танҳо 21 фоиз дар назди дастаи телевизион бозистоданд.

Албатта, мухбирон дар мусоҳиба оид ба номақбулиҳои гуногун ҳангоми сабт бо смартфон гуфтанд — баъзе одамоне, ки ба мусоҳиба ҷалб карда шуданд, нисбат ба маҷмӯи анъанавии таҷҳизоти калон, техникаро барои журналистикаи мобилӣ касбӣ намеҳисобанд.

Kaрхунен шарҳ дод, ки смартфонҳо низ аксаран аз камбудиҳои технологӣ, аз қабили набудани калонкунии оптикӣ ва сифати начандон хуб дар шароити равшании паст, азият мекашанд.

«Агар калонкунии рақамии телефонро истифода намоем, пас сифати тасвир паст мешавад — смартфон метавонад воситаи бефоида дониста шавад, агар масалан, журналист хоҳад, ки варзишро сабт намояд», — мегӯяд ӯ дар таҳқиқот.

«Илова бар ин, сенсори оптикии хурд дар камераи смартфон ба монанди камераи рақамӣ ё видеокамераи  оддӣ наметавонад ҳамон қадар равшанӣ гирифта бошад.»

Ӯ илова мекунад, ки дар бисёр лоиҳаҳои журналистӣ барои осон намудани таҳияи блокҳо ва маводи ҳуҷҷатӣ маводҳо аз дастгоҳҳои мобилӣ истифода карда мешаванд, масалан, дар лоиҳаҳои The Collectors (“Коллексионерҳо”) ё CEO Secrets (“Асрори директорҳо”).

«Ба соҳибкасбони медиа зарур аст, ки формат ё усули беҳтарини нақли ҳодисаро интихоб намоянд», — мегӯяд ӯ.

Матни пурраи таҳқиқотро дар ин ҷо хондан мумкин аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ