Журналистони то 30 сола, ки дар давлатҳои тараққи кунанда фаъолят доранд, дар ин озмун ширкат варзида метавонанд.
Thomson Foundation бахши «Журналистони ҷавонони аз давлатҳои дар ҳоли рушд буда»-ро дар доираи озмуни Ассосиатсияи Лондонии ВАО-и хориҷи (FPA), сарпарастӣ менамояд.
Се финалистон ҳамроҳи дигар ғолибон ва ҷеҳраҳои барҷастаи ҷаҳони журналистика ба маросими мукофотсупори, ки моҳи ноябр баргузор мегардад, сафарбар карда мешаванд.
Дар ин озмун журналистони давлатҳое ширкат варзида метавонанд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) барои як шаҳрванд кам аз 20 000 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, иштирок карда метавонанд.
Иштирокчиён бояд портфолиои худро, иборат аз се маводе (ин буда метавонад аудио-, видео- ё маводи мултимедиявӣ), ки дар марҳилаи 12 моҳи охир нашр шудааст, пешниҳод намоянд. Корҳо бо дилхоҳ забон қабул карда мешаванд, лекин маводҳои ғайри забони англисӣ, бояд бо тарчумаи англисӣ пешниҳод гарданд.
Дархостҳо то 18 август қабул карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловаги ин ҷойро пахш кунед.
Манбаъ: ijnet.org.