Дар навори омӯзишии қаблӣ шумо бо насб намудани сервери маҷозӣ дар компютери ба воситаи барномаи Денвер шинос шуда будед. Ин буд қадами аввали шумо дар омӯхтани сохтани сомонаи худ ё ташкилоту идораи худ. Акнун вақти он расидааст, ки худи сомонаро созед. Чӣ хеле метавонед дар навори омӯзишии имрӯза бинед, барои ин кор донистани забонҳои махсуси барноманависӣ қариб ки тамоман лозим нест.
Ба шумо кифоя аст навори имрӯзаро тамошо карда, қадам ба қадам мувофиқи дастурамали дар он нишондодашуда амал намоед. Дар натиҷа шумо соҳиби сомонаи шахсӣ мешавед, ки пас аз тамошои дарси оянда он барои ҷойгир намудан дар шабакаи интернет омода мегардад.
Барои сохтани сомона ман кифоя медиҳам, ки аз барномаи ройгони WordPress истифода баред. Барои ба компютери худ боргирӣ намудани WordPress ба сомонаи расмии русии он https://ru.wordpress.org гузашта, мувофиқи дастурамали дар навори зерин нишондодашуда амал намоед. Сипас, қадамҳои дар навор омадаро шахсан иҷро намоед, то ки сомонаи шумо насб гардад ва барои пур кардан бо маводҳои шумо омода бошад. Аммо, агар шумо бо Денвер шинос набошед, пеш аз тамошои ин навори омӯзишӣ ба таври ҳатмӣ бо насб намудани Денвер, ки дар навори қаблӣ омада буд, шинос шавед ва онро дар компютери худ насб намоед.
Акнун ман метавонам Шуморо бо омӯхтани асосҳои сохтани компютер бе ҷалби барноманависон табрик намоям. Имрӯзҳо сохтани сомона ба яке аз фаъолиятҳои сердаромади меҳнатӣ табдил ёфтааст ва дар ҳолати сохтани сомонаҳои мушкил, ки дар ҷараёни он донистани забонҳои барноманависӣ ҳатмӣ аст, асоснок мебошад. Аммо, агар шуморо имкониятҳои асосии WordPress қонеъ намуда, мехоҳед сомонаи оддӣ созед, пас донистани асосҳои кор бо ин система кофӣ аст. Дар навори омӯзишии оянда Шумо бо асосҳои кор бо WordPress, плагинҳои зарурӣ ва тарзи нашр намудани мақолаҳои нав шинос хоҳед гашт.
Навори омӯзишии мазкур бо дастгирии молиявии Институти «Ҷомеаи кушод» — Бунёди мадад дар Тоҷикистон омода шудааст. Навори мазкур инчунин бо забони русӣ дар сомонаи www.alifbo.com дастрас аст.