ДомойОзмунҳо/ГрантҳоБаркэмпи байналхалқӣ оид ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коммуникатсияҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ

Баркэмпи байналхалқӣ оид ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коммуникатсияҳо барои ҷомеаи шаҳрвандӣ

CampCamp 2017 – ин барномаи интерактивие мебошад, ки қисми калони мундариҷаи онро худи иштирокчиён муайян мекунанд. Иштирокчиён якҷоя фикру ғояҳои навро пайдо карда,  технологияи онро аз санҷиш мегузаронанд, таҷриба мекунанд ва байни ҳам  мубодилаи таҷриба менамоянд.

Дар озмуни «Шикасти сол» боифтихор бо манфиатноктарин хатогиҳои худ Шуморо ошно мекунанд. Дар «вохӯрии шитобон» бо  мутахассисон оид ба лоиҳаҳои худ маслиҳатҳои алоҳида гирифтан мумкин аст. Шомгоҳон боздид бо фаъолони гурҷӣ, сайру сайёҳат дар шаҳр, муошират ва ғайра доир мегардад. Иштирок дар CampCamp 2017 ройгон мебошад. Интизор меравад, ки 100 нафар фаъолон ва мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи коммуникатсияҳо аз Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, инчунин якчанд меҳмонони махсус аз дигар давлатҳо дар озмун иштирок мекунанд.

Дар куҷо?: шаҳри Тбилисии Гурҷистон.

Кай?: 2 – 5-уми ноябри соли 2017-ум.

Забонҳо: англисӣ ва русӣ

Дар байни иштирокчиён:

  • Шаҳрвандони фаъол ва кормандони ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки фаъолона бо воситаҳои нави коммуникатсиҳо таҷриба мегузаронад.
  • Мутахассисони соҳаи медиа, маркетинг, PR ва соҳаҳои ба ҳам монанд, ки мехоханд ба фаъолон кӯмак расонида, вазифаҳои дар назди онҳо гузошташударо ҳал намоянд.
  • Намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, ки ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар минтақа чуқур сарфаҳм рафтан мехоҳанд, таҷрибаҳои шаҳрвандиро хубтар омӯхта, роҳҳои нави ҳамкориро пайдо кардан мехоҳанд.

Ташкилкунандагони озмун тайёранд, ки ба озмуни CampCamp 2017 то 50 адад «роҳхат»-ро барои шаҳрвандони фаъол аз Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ пешниҳод намоянд.

Роҳхат пардохти сафар ва ҷойи истиқоматро дар Тбилиси ҳангоми баргузории беркэмп дарбар мегирад.

Иттилои муфассал тариқи истинод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ