ДомойМедиалентаВебинар “Хизматрасони барои сохтани time-line”

Вебинар “Хизматрасони барои сохтани time-line”

Time-line – яке аз воситаи чандрасонаи тамошобоб, барои сохтани ҳикояҳои дурахшони интерактивӣ мебошад.

Дар вебинаре, ки 11 марти соли 2015 баргузор мегардад, мо оиди хадамотҳои мавҷудбуда барои омода намудани Time-line ва онҳо аз ҳамадигар чӣ тавофуд доранд сухан меронем.

Мисолҳои мушаххаси онро дида мебароем, муайян менамоем, ки барои ҷалб намудани шумораи зиёди аудиторияи ВАО кадом Time-line-ро истифода барем.

Мастер-класси онлайнӣ-махсус барои журналистон, муҳаррирон, блогерон, ки таҷрибаи корӣ бо воситаи омода намудани time-line надоранд, муфид мебошад.

Лекин, ҳатто дар сурати шакли пешниҳоди контент ба шумо шинос бошад ҳам, Шумо дар бораи хадамотҳо ва замимаҳои нав маълумот пайдо мекунед.

Вебинарро Анна Сухачева, менеҷери лоиҳаи чандрасонаи Newsroom2.0, муҳаррири сомонаи newreporter.org, баргузор хоҳад кард.

Барои иштирок намудан дар вебинар, аз қайди ин ишора гузаред.

Вебинари “Хадамот барои сохтани Time-line” аз тарафи намояндагони Internews Network, дар доираи лоиҳаи дастгирӣ ва дастрасӣ ба иттилоот ташкил шудааст. Аз ҷониби мардуми Амрико имконпазир шуда, аз тарафи агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таъмин карда шудааст.

 Манбаи истифодашуда: http://newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ