ДомойМедиалентаКонфронси байналмилалии «ВАО дар муҳити рақамӣ: имкониятҳо барои рушд»

Конфронси байналмилалии «ВАО дар муҳити рақамӣ: имкониятҳо барои рушд»

Ташкилдкунандагон: Намояндагии Internews Network дар Қазоқистон, Фонди дастгирӣ ва рушди ВАО дар Қазоқистон

Бо дастгирии: Хадамоти ИМА оид ба Рушд дар Осиёи Марказӣ (USAID)

Шарикон: Интерньюс-Қазоқистон, Технологияи актуалӣ: ТВ, Фонди Сорос дар Қазоқистон, Маркази ОБСЕ дар Қазоқистон, тарабхонаи «Центр-Алмата», Nikon.

Санаи баргузорӣ: 17-18 марти соли 2015.

Макони баргузорӣ: меҳмонхонаи «Роҳат- Палас», Олмаато.

Конфронси байналмилалии «ВАО дар муҳити рақамӣ: имкониятҳо барои рушд»- лоиҳаест, ки дар доираи Барномаи Internews «Дастгирии дастрасӣ ба иттилоот» бо мусоидати Хадамоти ИМА оид ба ҳамкории байналмилалӣ татбиқ мешавад.

Конфронс якҷоя бо Фонди дастгирӣ ва рушди ВАО дар Қазоқистон ташкил карда мешавад.

Ин аввалин конфронси байналмилалии дар Осиёи Марказӣ баргузор кардашаванда барои намояндагони ВАО минтақавии Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон аст. Байни иштирокчиёни конфронс роҳбарон, топ-менеҷерҳо ва директорони техникии ВАО-и хусусии минтақа ширкат меварзанд.

Вазифаи конфронс: дастгирӣ ва рушди ҳамкории минтақа, табодули таҷриба байни иштирокчиён аз мамлакатҳои хориҷаи минтақа, дастури амалӣ ба роҳбарон оид ба идоракунии ВАО дар давраи рақамишавҳо ва бўҳрони иқтисодӣ.

Барномаи конфронс баррасии мавзўъҳои муҳим- “бренд барои ширкатҳои ВАО”, усулҳои раҳоӣ ёфтан аз бўҳрон, гузариш ба интишори рақамӣ- мушкилот ва ояндаро дар бар гирифта, дар он мутахассисони олидараҷа оид ба технологияи муосири ВАО ва усулҳои пулкоркунӣ дар минтақа баромадҳо мекунанд. 

Коршиносони соҳибтаҷриба  журналист, профессори факултаи коммуникатсия, ВАО ва дизайни мактаби олии иқтисодии Маскав-Анна Качкаева, роҳбари конфронс ва озмуни «Медиа Бренд» Регина Юркина, продюссери генералии OneProudProduction-и Маскав ва Анастасия Снегирева-журналист, барандаи барномаҳои радио, сармуҳаррири радиостансияи «Серебрянный дождь дар Барнаул», яке аз муаллифони курси «Имкониятҳои рекламавии шабакаҳо» аз донишу таҷрибаи худ нақл мекунанд.

Намоиш бо муаррифӣ ва баромади соҳибтахассисон барои кормандони техникӣ низ ба нақша гирифта шудааст. Дар конфронс онҳо метавонанд бо технологияи муосири телевизион аз ширкати «Технологияҳои акуталии ТВ» шинос шаванд.

Дар барномаи конфронс сессия низ илова карда шудааст, ки ВАО-и шавқманд метавонанд муаррифӣ ё намоиши контенти худро барои роҳ ёфтан ба минтақа баргузор намоянд.

Маълумоти нисбатан муфассалро дар бораи Конфронси байналмилал тавассути телефонҳои + 7 727 270 41 30, 315 50 31 (1514) гирифта метавонед.

Сарчашма: //newreporter.org/

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ