ДомойМедиалентаПешравӣ дар соҳаи медиатиҷорат. Маслиҳати мутахасисон

Пешравӣ дар соҳаи медиатиҷорат. Маслиҳати мутахасисон

Маҳз барои «Новый репортер» портали Mediajobs.ru маслиҳатҳои беҳтаринро ҷамъ оварда, ба касоне, ки мехоҳанд ё аллакай дар медиаиндустрия фаъолият мебаранд, пешниҳод сохтааст.

Брюс Данлоп, директор  ва продюсери  эҷодии агентӣ:

-Аз ҷои одатиатон бархезед ва барои иҷро намудани коре шурӯъ кунед. Ширкатеро пайдо кунед, ки ба шумо илҳом мебахшад ва бо корҳои  инноватсионӣ машғул мешавад. Кӯшиш кунед, то ки вориди он шавед. Танҳо бархезеду қадами аввали худро гузоред. Аммо муҳимтарин чизе, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ мо зарур аст – ин ҳама вақт ба зарба тобовар бошед, зеро соҳа ва  кори мо, ки  бо муштариён алоқамандӣ дорад, басо  душвор буда метавонад. Барои муваффақ гардидан, бояд баъди ҳар як зарба, ба пой истодану боз қадами нав ниҳоданро омӯхт. Ман худ шоҳиди ҷанги Ветнам гардидаам. Дар ҷанг, буданд ҳолатҳое, ки шумо бо касе нишаста сӯҳбат мекунед ва баъди лаҳзае он одам кушта мешавад. Ана ин, даҳшатнок аст. Телевизион бошад, ҷанг нест. Телевизион – тиҷорати ҷиддӣ аст. Аммо масъалаи ҳаёту мамот нест.

Рубен Оганесян, директори генералии шабакаи  «Перец», то ба наздикӣ директори генералии  шабакаи телевизионии «Ю»:

Ман ба телевизион аз агентие, ки дар он эҷодкорӣ ҳамеша дар мадди аввал буд, омадам, маҳз барои ҳамин интизориҳои ман аз мардум хеле зиёд буданд. Ман дар ҷараёни фаъолият кор омӯхтам: аз баъзе одамон ҷудо гардидаму бо бархе аз онҳо принсипҳои кориро тағйир додам. Барои ташаккули даста, як сол ва  ҳатто аз он бештар вақт сарф шуда буд. Лекин он ба манфиати кори ман буд!

Метавонам  чор қоидаҳои муҳимеро, ки шахсро муваффақ мегардонанд, бароятон пешниҳод созам.

  1. Аз мардум оғоз кун,
  2. Муайян соз, ки чиро мехоҳӣ ба даст орӣ,
  3. Аз коре, ки писанди ту нест, даст каш
  4. ва одилона кор кун!

Антон Комолов, ровии телевизион ва радио:

— Якум кордонӣ, самимият ва оддӣ будан, шӯхтабъӣ  ва чолокӣ. Дуюм — устувор, интихоби мақсаднок. Ва сеюм — ман фикр мекунам, аз ҳама нуқтаи хеле муҳим, ки он аз сари ман низ гузаштааст ва дигаронро интизор аст — роҳи касбӣ аз интизориҳои мо хеле дарозтар  будааст. Мо бояд ба он омода бошем.  Шумо метавонед шарҳи ҳол (резюме)-и худро барои ровии шоуи «Голос»  шудан дар шабакаи аввал  ирсол кунед. Аммо дар асл, чизе, ки Шумо ба он муваффақ мегардед-ин ба ҳайси ёрдамчии сармуҳаррири шабакаи телевизионии «Доверие» фаъолият бурданатон хоҳед бурд. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар натиҷа Шумо худро дар беҳтарин шабакаи  кишвар фаъолият нахоҳед бурд.

Роҳи касбии ҳар яке гуногун аст ва агар шумо дар ҳақиқат ҳам ба ин касб рағбат доред, на дар  пайдо намудани шӯҳрат ва чизҳои дигар, ки бо он алоқамандӣ дорад, пас омода бошед, ки ин роҳ метавонад хеле тӯлонӣ хоҳад буд.

Мария Eфремова, директори дирексияи пахши интернетӣ ва расонаҳои нави телевизиони ҷамъиятии Русия:

— Дар аввал, ба шумо лозим аст, ки маҳсулоти худро хуб дарк ва эҳтиром кунед ва аз ҳама муҳимтар – шунавандагонро эҳтиром ва қадр карда тавонед. Лозим аст, ки ҳамеша худро «аз ҳудуди худ берун баромадан» маҷбур кунед. Ба бренди худ бо чашмони муштарӣ назар карданро омӯзед.  Фаҳмидани шахси дар канори дигари экран (телевизион ё монитор) буда, ба дархости ӯ ҷавоб додан  ва ҳал карда тавонистани  мушкилиҳои ӯро биомӯзед.

Охир истифодабарандаи маҳсулоти медиамавод  аз Шумо танҳо се чизро талаб мекунад: аз хабарҳои тоза огоҳ бошад, хушҳол ва  ё тасаллӣ ёбад. Дуюм, донишдӯст ва аз ҳеҷ чиз ҳаросон набошад. Сеюм, доимо ба пеш ҳаракат кунад ва дар як ҷой наистад!

Максим Kривитский, директори барномавии шабакаи телевизионии «Пятница»:

— Касоне, ки акнун мехоҳанд дар телевизион фаъолият кунанд ва дар ҷодаи ин касб муваффақ бошанд, ман маслиҳат медиҳам, ки бозорро омӯзанд, тамоюлро назорат кунанд ва телевизорро аз  нуқтаи назари касбӣ тамошо кунанд, на ин ки барои истироҳат.

Марк Фишер, директори генералии шўъбаи русиягии Bauer Media Group:

— Барои онон, ки кори худро дар ВАО оғоз мекунанд, маслиҳат медиҳам, ки  ба ин кор бо назари нек ,бо интизориҳои воқеӣ ва бо шавқ нигоҳ кунанд. Ҳар чӣ коре, ки мекунед, -онро бо шавқу рағбати зиёд иҷро кунед.

Денис Воронков, директори генералии нашриёти «Аргументы и факты»:

— Се сирри дар касб муваффақ шудан ин аст:  меҳнатдӯст будан , мақсаднок будан дар натиҷаҳо, на дар раванд ва албатта, нектолеъ будан аст.

Дар  Mediajobs.ru омода шудааст.

Манбаъ: http://newreporter.org

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

МО ОХИРИН ЗАМЕТКИ